.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари-рӯз

Дар Душанбе аз 1-уми март бо тасмими шаҳрдорӣ тарофаи роҳкиро, ки чанд пеш танзиму роҳандозӣ ва то дирӯз мавқуф гузошта шуда буд, дубора дар нақлиёти мусофирбар ҷорӣ гардид.

Гуфта мешавад, ки микроавтобусҳои мусофирбар акнун мувофиқи қойида дар ҷойҳои муайяншуда ист мекунанд ва берун аз истгоҳ таваққуф кардану мусофир гирифтан, ё фуровардан, мумкин нест. Ҳамчунин, чун пештара микроавтобусҳо ҳақ надоранд, ки аз меъёр зиёд мусофир савор кунанд. Дар ҳолати ба чунин қойидвайронкунӣ роҳ додан, нақлиёт аз ҳаққи мусофиркашонӣ маҳрум карда мешавад.

Шаҳрдории Душанбе аз 15-уми феврал қароре ба тасвиб расонида буд, ки мувофиқи он ҳаққи роҳкиро дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои як мусофир тавассути автобусҳо -1,20 (як сомонию бист дирам);   троллейбусҳо -1,00 (як сомонӣ); автобусҳои хурдғунҷоиш (микроавтобусҳо) -1,60 (як сомонию шаст дирам); автобусҳои бо реҷаи экспресс фаъолияткунанда - 1,50 (як сомонию панҷоҳ дирам); автобус ва троллейбусҳо бо кортҳои кутоҳмуҳлати пардохти зудамал (QR-Kod) барои 4 ва 8 сафар - мутаносибан бо арзиши 5 (панҷ) ва 10 (даҳ) сомонӣ муқарар гардида аст.

Хонданд 753

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин рӯзи панҷшанбе дар паёми имсолаи худ ба ҷомеаи кишвараш амалкарди яксолаи Русияро дар арсаи байналмилал, зарби шасти низомӣ ба Амрико ба унвони қавитарин артиши ҷаҳон хонд.

Путин бо баёни ин, ки Русия аслиҳаи замонавии беназире дар ҷаҳон дорад, гуфт, ба Амрико борҳо эълом шуд, ки системаи зиддимушакии ин кишвар, амнияти Русияро таҳдид мекунад, аммо Вашингтон ба иқдомоти якҷониба рӯй овард.

Путин таъкид кард, ҳеҷ кас набояд таҳдидоти ҳастаиро барои ҷаҳон камаҳамият ҷилва диҳад, балки бояд паси мизи музокира нишаст, то бо ҳамфикрии якдигар ба амнияти байналмилалӣ андешид.

Путин гуфт: «Русия ҳаргуна ҳамлаи ҳастаӣ дар ҳар сатҳеро алайҳи Русия ва муттаҳидони кишвар, чӣ бо истифода аз системаҳои кӯтоҳбурд ва чӣ миёнбурд ва ҳар гуна ҳамларо ҳуҷуми ҳастаӣ алайҳи Русия қабул мекунад ва фавран посухи мутақобил хоҳад дод, бидуни таваҷҷуҳ ба ин ки оқибати он чӣ хоҳад буд». Ин гуфтаи ӯро ҳозирин бо кафкӯбӣ ташвиқ карданд.

Президенти Русия бо ишора ба ҳамкории наздик бо бисёре аз созмонҳои байналмилалӣ ибрози умедворӣ кард, Ғарб, махсусан Амрико, оқилона рафтор кунанд ва ба фикри робитаҳои дӯстона ва мунсифона бошанд. Вай афзуд: «Ҳеҷ кас набояд тардиде дар ин робита дошта бошад ва таҳдидоти ҳастаӣ барои ҷаҳонро камаҳамият ҷилва диҳад... Дар иваз шумо бояд паси мизи музокира биёед, то бо ҳамфикрӣ бо якдигар ба системи байналмилали амниятӣ андеша кунем... Мо дар бораи ин масъала қаблан низ сӯҳбат кардаем... Сиёсати мо ҳамеша бар ҳифзи манфиатҳои Русия равона шудааст».

Путин ҳамчунин аз чанд системаи низомии наву муосир рӯнамоӣ кард.

Хонданд 436

Тибқи иттилои Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувору тағйирёбанда дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо борон меборад, шиддати ин боришот дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳии кишвар шадидтар аст.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон эҳтимоли раъду барқ вуҷуд дорад. Дамои ҳаво дар водиҳо аз 6 то 8 дараҷа тағйир меёбад, шамол аз самти ғарб бо шиддати аз 19 то 24 см дар як сония мевазад (ба истиснои ВМКБ).

Боришоти шадид метавонад сабабгори болоравии сатҳи об дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ ва рӯдхонаҳои дигар шавад. Омадани сел дар баъзе минтақаҳо аз эҳтимол дур нест.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии кишвар ва меҳмонон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо бештар эҳтиёткор бошанд. Аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои куҳӣ худдорӣ варзанд.

Хонданд 595

Зардӯзӣ ҳунари мардон будааст

Март 01, 2018
Хонданд: 344

Намояндаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Мирзоев Ғафор дар «Соати парлумонӣ» бо вакилони мардумӣ ширкат карда, таъкид дошт, ки ҳунарҳои мардумӣ ва хусусияти онҳо аз тарафи муҳаққиқони пешин низ хуб омӯхта шудааст ва мавриди таваҷҷуҳи донишмандон қарор доранд.

- Мухаққиқи соҳа Гончарова дар ёддоштҳояш нуқтаи ҷолиберо қайд карда мегӯяд, ки зардӯзӣ дар қадим аслан хунари мардон будааст, зеро дар рӯи матоъҳои дурушту ғафс, ба монанди бахмал сӯзан задан лозим меомадааст. Зайниддин Восифӣ дар бораи яке аз мардони соҳибҳунари Ҳирот - Ҳасани Зардӯз дар ёддоштҳои худ сухан кардааст. Гончарова дар бораи ташкили устохонаҳои зардӯзӣ, тарзи қабул ва хатми шогирдон, ки дар замони аморати Бухоро роиҷ буд, маълумот медиҳад, - гуфт Мирзоев.

 

Дар акс зардӯз аз Бухоро

 

Хонданд 344

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.