.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари-рӯз

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорат рӯзона ба 29-34 дараҷа мерасад. 

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона +12+17 ва рӯзона +28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ гардида, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 5-10, рӯзона 20+25 ва дар шарқи ин вилоят шабона 3-8 ва рӯзона +10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, шабона +12 +17 ва рӯзона +29+34 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона +13+15 ва рӯзона +32+34 дараҷа гарм мешавад.

Хонданд 270

Ҳаҷми интиқоли маблағҳои шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар семоҳаи дуюми соли равон аз нишондиҳандаҳои Қозоқистон зиёдтар буда, аммо аз Ӯзбакистон ва Қирғизистон камтар мебошад.

Бино ба иттилои Бонки марказии Русия  дар ин давра ҳаҷми интиқоли маблағҳои шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 672 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. 

Ӯзбакистон дар мукоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар робита ба интиқоли пулӣ аз Русия бо маблағи як миллиард доллар дар ҷойи аввал аст. Дар ин давра дар ҳаҷми 681 миллион доллар ба Қирғизистон, ба Тоҷикистон 672 миллион доллар, Қазоқистон 205 миллион доллар, инчунин ба Туркманистон 100 ҳазор доллари ИМА интиқол дода шудааст.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, ҳаҷми интиқолҳо дар ҳамаи давлатҳо, ба ғайр аз Туркманистон, афзудааст. Ҳамин тариқ, дар семоҳаи соли 2018-ум 868 млн доллари ИМА аз Русия ба Ӯзбакистон интиқол дода шудааст. Ин нишондиҳанда ба Тоҷикистон 574 млн.доллар, Қирғизистон 191 млн.доллар, Туркманистон 100 ҳазор долларро ташкил додааст.

Тибқи маълумоти Бонки маркази Русия дар семоҳаи дуюми имсол 382 млн. доллари ИМА аз Қазоқистон ба Русия интиқол дода шудааст. Аз давлатҳои  Қирғизистон 107 млн. Доллар, Ӯзбакистон 95 млн. Доллар ва Тоҷикистон 38 млн. Доллар, инчунин, Туркманистон 9 млн. доллари ИМА интиқол шудааст.

Соли 2017, ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон ба 2 млрду 536 млн. долларро ташкил медод.

Хонданд 495

ДарвилоятиДашоғузиТуркманистонболоравиинархимаҳсулотиғизоӣвамолҳоидигарҳанӯзҳамидомадорад.

Рӯзи 12-уми сентябр дар “бозори сиёҳ”-и Туркманистон як доллар 20,6 - 21 манат хариду фурӯш шудааст. (Арзиши расмии 1 доллар 3,5 манат аст).

Бино ба иттилои расонаҳои ин кишвар, 12-уми сентябр дар бозорҳои Дашоғуз 1 кило помидор 10-15 манат, 1 кило сабзӣ 10 манат, 1 кило тарбуз 4 манат буд. Дар ҳоле ки як ҳафта пеш 1 кило помидор 9 - 10 манат фурӯхта мешуд.

Дар бозорҳои Дашоғуз нархи маҳсулоти ширӣ низ боло рафтааст. Гуфта мешавад, ки ҳамзамон, нархи донагӣ ва меваи хушк низ хеле гарон шудааст. 1 кило чормағз 200 ва 1 кило зардолуи хушкро 80 манат мефурӯшанд.

Нафақахӯрони Дашоғуз мегӯянд, пули нафақаи онҳо, ки каме бештар аз 250 манат аст, ҳатто ба ғизо намерасад.

Хонданд 544

Хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияи Қубодиёнро надоштани толори варзишӣ ва гузаронидан дарсҳои варзиш дар фасли сармо дар синфхонаҳои танг нигарон кардаст. 

Директори МТМУ №48-и ноҳияи Қӯбодиён Дилафрӯз Шарипова гуфт, ки  мушкилии асосии 652 нафар хонандаи муассиса надоштани толори варзишӣ мебошад.

Ӯ нигаронӣ аз он кард, ки  «фасли зимстон дар пеш аст, мо намедонем дарсҳои тарбияи ҷисмониро дар куҷо ба хонандагон гузаронем».

Дар муассиса як майдончаи варзишӣ аст, ки он низ пур аз сангу хок буда, хонандагон наметавонанд, ба хубӣ машғулиятҳои варзишии худро гузаронанд.

Ҳамзамон ӯ қайд намуд, ки 6 сол қабл ин муассиса соҳиби як толори варзишии садамавӣ буд, аммо аз набудани синфхона онро низ хароб карда, дар ҷойяш 8  синфхона бунёд карданд.

Дилафрӯз Шарипова афзуд:

- Ман дар ин муасссиса як сол шуд директор шудаам ва то ҳол ба мақомоти лозима барои бунёди толор, муроҷиат накардаам, аммо директорони пешинаи ин даргоҳ борҳо ба мақомоти болоӣ барои бунёди толори варзишӣ мактуб карда буданд, вале беҷавоб боқӣ мондаанд. Гарчанде, ман соҳибкоронро борҳо барои бунёди ин толор даъват намудаам, аммо онҳо аз ин кор даст кашиданд, зеро барои бунёди як толори варзишӣ маблағи зиёд лозим аст.

Мактаби №48 дар маркази  ноҳияи Қубодиён аз соли 1938 сохта шудааст. Агар дар маркази ноҳия муассисаи таълимӣ толор надошта бошад, пас дар мактубҳои дурдасти ноҳия вазъ дар кадом ҳолат қарор дорад?

Бояд гуфт, ки орзуи ягонаи 652 нафар хонандаи МТМУ №48-и ноҳияи Қубодиён бунёди толори варзишӣ дар таълимгоҳашон аст, аммо ин орзуи онҳо кай амалӣ мешуда бошад? 

Рахмоналӣ Додархӯҷаев

Аҳмадчон Раҳимзода

 

Хонданд 494

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.