.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари-рӯз

Бонки ҷаҳонӣ дар як гузориши худ зикр намудааст, ки сатҳи ғизои занони тоҷик  нигаронкунанда буда, нишондиҳандаҳои саломатии аҳолӣ, махсусан аз сабаби фавти баланди кӯдакон, заъфи афзоиш ва гипертония дар байни занони калонсол ба назар мерасад.

Тибқи маълумоти коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, сабаби асосии ҳамаи ин нишондиҳандаҳо асосан сатҳи пасти ғизои занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 то ин ҷониб аст, ки боиси афзудани бемориҳои музмин, бемории саратон ва бемориҳои дил гардидааст.

Хонданд 141
Хотираи фоҷеаи “Январи хунин”-и Озарбойҷон пос дошта шуд

Дар сафорати Озорбойҷон бо иштироки рӯзноманигорон брифинг ба хотираи “Январи хунин”-е, ки дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Боку ба вуқӯъ пайваста буд ва садҳо тан ҷон дода буданд, баргузор гардид.  

Сафири Озорбойҷон дар Тоҷикистон Ҳасан Мамадзода иброз дошт, ки ҳамасола 20-уми январ дар Озорбойҷон хотираи шахсони фоҷеаи хунин пос дошта мешавад.

- Соли 1990 ба сафҳаи таърих чун мубориза барои истиқлолият ва тамомияти марзии Озарбойҷон шомил шуд, ки қисматҳои низомии артиши Шӯравӣ амалҳои васеътари оммавиро ба муқобили амалҳои зӯроварии Арманистон ва даъвои марзии он ба муқобили Озарбойҷон, бар зидди раҳбарии собиқ Иттиҳоди Шӯравиро рад карданд, - иброз намуд сафир.

Ҳамзамон, дар идомаи суҳбат қайд гардид, ки 29 сол аз ин ҳодисаи хунин сипарӣ гардид, ки то ба ҳол гунаҳкорони ин фоҷиа ба пуррагӣ ба сазои аъмоли худ нарасидаанд. Шаби 19 ва 20-уми октябри соли 1990-ум 40 ҳазор пайравони сарбозони советӣ ба Боку ҳамла карда, кӯчаҳои Бокуро хароб ва садҳо нафар мардуми оддиро қатл карданд. Дар натиҷа, дар ин фоҷеа 170 нафар ҷон дода, зиёда аз 800 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, 841 нафари дигарро ғайриқонунӣ боздошт ва садҳо нафари дигар нопадид шуданд.

- Бештари шаҳрвандон ҳолатҳои равониро таҷриба карданд ва намехостанд зиндагии худро дар Иттиҳоди Шӯравӣ, ки зери роҳбарии Михаил Горбачёв ва режими коммунистӣ буд, сипарӣ намоянд. Аввалин нафаре, ки ба ҳодисаҳои моҳи январ дар Боку баҳогузорӣ намуд, Ҳайдар Алиев буд, ки он замон дар Москва қарор дошт. Суханронии ӯро ҳукумати он замон нодида мегирифтанд, чун он солҳо Алиевро ҳамчун сиёсатмадор мешинохтанд. Он вақт ӯ ва оилааш метавонистанд ба мушкилии ҷиддӣ дучор шаванд, аммо ӯ натавонист дар фоҷиаи кишвараш бетараф бошад.

Фарзонаи Умаралӣ

Хонданд 169
20-уми январ барфи зиёд мерезад, бо роҳҳои кӯҳӣ сафар накунед

Хатари лағжиши трама ва резиши санг дар роҳҳои ҷумҳурӣ боис шудааст, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагону мусофирон аз сафар накардан дар ин роҳҳо ҳушдор диҳад.

Гуфта мешавад, ки дар робита ба барфу борони пай дар пайи рӯзҳои охир вазъи роҳҳо хатарнок ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба мушкилӣ дучор шудааст.

«Хатари лағжиши тарма ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ рафъ нашудааст. Мутаассифона, на ҳамаи сокинон ба ҳушдорҳои пайваста гӯш медиҳанд. Ҳамоно барои ҷамъоварии ҳезум ё шикор рафта, ҷони худро дар хатар мегузоранд», — иттилоъ медиҳад ин ниҳод.

Кумита ҳушдор медиҳад, ки 20-уми январ дар мамлакат ҳаво сербориш шуда, борону барфи омехта метавонанд ҳаракати нақлиётро дар роҳҳои кӯҳӣ мушкилтар созанд.

 «Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки ҳамаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро, махсусан дар чунин рӯзҳо, риоя кунанд ва ҷони худу ҳамроҳонашонро дар хатар нагузоранд. Ронандагонро зарур аст, ки дар минтақаҳои тармафаро то 500 метр фосиларо риоя кунанд», - гуфта мешавад дар ҳушдори КҲФ.

Хонданд 931
Хуҷанд: Фестивали «Чакомаи гесӯ» баргузор мегардад

5-уми феврал дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли анвои гуногуни матоҳои миллӣ, аз қабили атласу шоҳӣ, чакану алоча, гулдасту чит, тоқӣ ва ғайра Фестивали шаҳрии «Чакомаи гесӯ» баргузор мегардад.

Аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, ки ҳадафи асосии Фестивали мазкур намоиш, ороишу парвариши мӯй, рӯй, ҳаракати мавзун, муоширати духтарон, намоиши ҳунари волои машшотаҳо ва ба ин васила дар доираи расму ойинҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ, аз қабили саршуйёну муйбофон, зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ, эҳёи анъанаву маросимҳои миллӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои иштирок дар Фестивали «Чакомаи гесӯ» кӯдакони аз 5-сола боло, духтарону занони бо мӯйи дароз, симои зебо, қадди мавзун ва чеҳраи миллӣ дошта, ҳамчунин машшотаҳои моҳир ва ҳунармандони чирадастро барои намоиши ҳунари хеш даъват кардааст.

Хонданд 89

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.