.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари-рӯз

Ҷоми миллатҳои Осиё-2019: Эрон – Яман 5:0 ва барканории сармураббии дастаи Тойланд

Имрӯзҳо дар чор шаҳри Аморати Араб мависи 17-уми Ҷоми футболи миллатҳои Осиё идома дорад, ки аз ҳангома холӣ нест. Дар зер шарҳи Обид Шакурзодаро, ки аз мухлисони сарсупурдаи футбол аст, атрофи ин мусобиқа хонед.

«Натиҷаи дидори Эрону Яман  шигифтие надорад, он чӣ пешбинӣ мешуд, ба вуқуъ омад. Эрон имрӯз аз футболи пешрафтае бархурдор аст ва аз ҷумла қудрати бузурги футболи Осиё ба шумор меравад. Ва ин Ямани ҷангзадаву буҳронӣ дар баробари ин қудрат маҷоле надорад, Яман танҳо тавонист, ки бар Тоҷикистон пирӯз ояду моро аз ин дидорҳои ниҳоӣ маҳрум созад.

Аммо даври нахусти Ҷоми миллатҳои Осиё акнун ду шигифтиеро ба бор овардааст, ки шояд қобили интизор набуд. Яке пирӯзии як бар ҳечи дастаи миллии Урдун бар дастаи Австралиё, ки қаҳрамони Осиёст ва дигаре шикасти сангини тими миллии Тойланд баробари тими миллии Ҳинд. Ин бохт барои кадри фаннии тойландиҳо паёмадҳои сангине дошт. Ҳинд дар ин дидор Тойландро бо натиҷаи чаҳор бар як дарҳам кӯбид ва пас аз ин нобарорӣ сармураббии сербистонии тойландиҳо – Милован Роевотс ночор шуд, ки шуғли худро аз даст диҳад ва бо қарори Федератсиюни футболи Тойланд хеле зуд барканор гардад. Милован Роевотс соли 2017 сармураббӣ таъин шуда буд ва феврали соли 2018 қарордоди худро то ҳамин моҳи 2020 тамдид карда буд».

Натиҷаи вохӯриҳои дирӯз:

Эрон – Яман 5 : 0   

Кореяи Ҷанубӣ – Филиппин 1 : 0        

Чин – Қирғизистон 2 : 1 

Сурия - Фаластин 0 : 0     

Тойланд – Ҳиндустон 1 : 4          

Австралиё – Урдун 0 : 1  

Аморати Араб – Баҳрайн 1 : 1  

Хонданд 87
Иллати марги Файзинисо Воҳидова чӣ буд?

Табибоне, ки адвокати маъруф Файзинисо Воҳидоваро муолиҷа мекарданд, марги ӯро ба иллати дарди кӯҳнаи ҷигар арзёбӣ кардаанд.

Расонаҳо аз қавли пизишки бемористони марказии шаҳри Хуҷанд Хуршед Оқилов,, ки як ҳафта ба дармони хонум Воҳидова машғул будааст, менависанд, ки ӯ аз бемории музмини ҷигар ранҷ мебурд. Ҳамчунин пизишки бемористони хусусии "Наргис" Набиҷон Рауфов, ки хонум Воҳидова барои ташхис ба ин маркази муроҷиа мекард, гуфтааст, ки аз соли 2015 бемории ҷигари ӯ мушаххас гардида, тавсия шуда буд, ки бояд ҳар сол ду бор таҳти дармон қарор гирад, аммо ӯ ҳамеша бо баҳонаи кори зиёд доштан ба бемории хеш камтар таваҷҷуҳ мекардааст.

Файзинисо Воҳидова субҳи 4-уми январ дар синни 55 аз олам чашм пӯшид.

Гуфта мешавад, ки Файзинисо Воҳидова ду ҳафта қабл бо бемории илтиҳоби шуш дар бемористон бистарӣ шуд ва шаби 24 декабр, ки зодрӯзаш ҳам буд, якбора ҳолаш ногувор шуд ва ба кома рафт.

Хонданд 228
Аловуддин Абдуллоев вазифа гирифтааст

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон таъйин шудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар дод.

Аловуддин Абдуллоев қаблан ба ҳайси директори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов фаъолият дошт.

Бурҳониддин Раҷабов, ки қаблан сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон буд, директори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов таъйин гардид.

Хонданд 240

Куштор дар Мастчоҳ

Янв 07, 2019
Хонданд: 318
Куштор дар Мастчоҳ

Як нафар дар ноҳияи Мастчоҳ мехост, ки садди роҳи даъвокунандагон шавад, аммо худ қурбонии моҷаро ва кушта шудааст.

Маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар дод, ки 3-юми январи соли 2019, тахминан соати 19:30 сокини деҳаи Табушни ноҳияи Мастчоҳ Алиназаров Ниёзмаҳмад Сангинович, соли таваллудаш 1971, дар ҳолати мастӣ ба мағозаи «Пайрав», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Палдораки ҳамин ноҳия аз ҳиссиёти авбошӣ нисбати Ҳайдаров Мурод Амирбегович, соли таваллудаш 1985 ва Усмонов Муҳаммадҷон Абдуллобекович, соли таваллудаш 1988, сокинони ноҳияи Мастчоҳ, суханҳои қабеҳ гуфта, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст.

Баъди ин, онҳо аз мағоза баромада, ба саҳни МТМУ №28-и деҳаи мазкур рафта, Алиназаров Н.С. бо ҳамроҳии ҷиянаш Алиназарзода Абдувосит Зиёмуҳаммадӣ, соли таваллудаш 1991, нисбати Усмонов М.А. дашномҳои қабеҳ гуфтаанд. Кор ба даъво кашида шуд Алиназарзода Абдувосит Зиёмуҳаммадӣ аз ҷониби М.А.Усмонов латукӯб шуда, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Алиназарзода А.З. ба хона баргашта, дубора бо ҳамроҳии амакаш Алиназаров Абдулқудус Сангинович, соли таваллудаш 1985, бо корди хоҷагӣ мусаллаҳ шуд, дар назди даромадгоҳи беморхонаи деҳаи Табушн бо Сиёвуш Абдуллобеки Усмониён, соли таваллудаш 1988, вохӯрдаааст. Байни онҳо низ ҷанҷол ба вуқӯъ омадааст. Алиназаров А.С. бо корд ба пушти сар, тарафи рости гардан ва тарафи рости қафаси қафаси синаи Сиёвуш задааст.

Гуфта мешавад, ки Алиназаров А.С. аз беэҳтиётӣ, бо корд ба қафаси синаи Ҳайдаров М.А., ки дар рафти ҷанҷол ҳузур доштаву тарафҳои даъвогарро халос мекард, задааст. Дар натиҷа, Ҳайдаров М.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Оид ба ин ҳодиса нисбати Алиназаров А.С. бо моддаи 32, қисми 3 ва 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбати Алиназарзода А.З. бо моддаи 237, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбати Алиназаров Н.С. ва Усмонов М.А. бо моддаи 237, қисми 2-и кодекси мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Хонданд 318

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.