.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари-рӯз

Мастчоҳиён Рӯзи президентро истиқбол мегиранд

Таҳти унвон «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди устувори мамлакат» рӯзи 10 ноябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ бо ибтикори кумиҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамоиши ҷавонону бонувони фаъоли вилояти Суғд баргузор гардид.

Масъулини кумиҷроияи ноҳяивии ҲХДТ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонї дар маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон меҳмононро бо анъанаҳои неки маҳаллӣ қабул намуданд.

Сипас, намояндагони шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба роҳпаймоии идонаи ҷавонони фаъоли ноҳия ҳамроҳ шуда, то қасри фарҳанги шаҳраки Бӯстон пиёда рафтанд. Дар назди қасри фарҳанги мазкур намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд. Дар он ҳунармандону косибон, бонувони гулдаст, санъаткорони халқӣ ва дигар ҳавасмандони ҳунарҳои мардумӣ маҳсули дасти худро ба намоиш гузошта буданд. Меҳмонон зимни боздид аз растаҳои ҳунармандон ба ҳунару маҳорати дӯзандагону ошпазҳои хурокҳои маҳаллӣ баҳои баланд доданд.

Шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони Қасри фарҳанги ноҳия, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми шароит ва дорои 1000 ҷои нишаст бунёд мешавад, ба меҳмонон таассуроти нек бахшид.

Сипас дар қасри фарҳанги шаҳраки Бӯстон бо иштироки олимону коршиносон, аъзои фаъоли ҳизб, раисони ташкилоти ибтидоӣ, роҳбарони намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва намояндагони ВАО конференсия дар мавзӯи мазкур баргузор шуд. Нахуст Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ оид ба муҳтаво ва мақсади конфронс маълумот дод. Таъкид гардид, ки мавзӯи конфронс хеле муҳим аст, зеро тамоми дастовардҳои давлату ҳукумати кишвар дар давоми қариб 30 соли Истиқлолият бо ному фаъолияти шабонарӯзӣ ва пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи мустақиму ногусастанӣ ва хеле муассир дорад.

- Маҳз сиёсати созандаву оқилонаи сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро аз кишвари ҷангзада бароварда, ба мамлакати рӯ ба рушд ва амну пешрафта табдил дод. Дар ин конфронс аз меҳнатҳои фидокоронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди устувори мамлакат ёдоварӣ мешавад. Итминони комил дорам, ки конфронси имрӯзаи мо барои ҳамаи иштирокчиён, махсусан ҷавонони мо бисёр маълумотҳои наву муфидро эҳдо мекунад, ки албатта аз манфиат холӣ нест, - изҳор дошт раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Д. Зокиров.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, номзади илмҳои филологӣ Сарфароз Фаттоҳзода зимни маърӯзаи худ дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон – Президенти мардумӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон” аз нақши тақдирсози Пешвои миллат дар самти наҷоти кишвар аз бунбастҳои пурхатар ва таъмини рушди устувори мамлакат сухан гуфта,  изҳор дошт, ки маҳз донишу хирад, муҳаббати бузург нисбат ба халқу ватан ва иродаи шикастнопазири ин фарзонафарзанди миллат моро аз вартаи махуфи ҷанги шаҳрвандӣ ба имрӯзи ободу осуда ва пур аз нусрат расонид.

Музаффар Азизов, и.в. роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳияи Мастчоҳ зимни суханронӣ дар мавзӯи “Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи ҳадафҳои бузург” аз корнамоиҳои беназири Пешвои миллат дар 27 соли соҳибистиқлолии мамлакат ёдоварӣ намуд.

Фирдавс Саидов, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Суғд дар мавзӯи “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ” маърӯза карда, изҳор дошт, ки мо ҷавонон пайравони Пешвои миллат ва татбиқкунандаи сиёсати созандаи ин шахси бузург ҳастем.

Сангин Гулов, номзади улуми филологӣ ва мудири кафедраи радио ва телевизиони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори Роғун ва имрӯзу ояндаи равшани Тоҷикистон”  суханронӣ кард. Мавсуф зимни маърӯзаи пурмуҳтаво аз нақши таърихии Пешвои миллат дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, таъмини якпорчагии мамлакат ва эҳёи бузургтарин нерӯгоҳи асри Тоҷикистон – НБО “Роғун” ёдовар шуд.

Фирӯза Раҳимӣ, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд зимни суханронии худ дар мавзӯи “Меъмори давлати миллӣ ва бунёдгузори сулҳу ваҳдат” аз фидокориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу иттиҳоди комил ёдоварӣ намуда, изҳор дошт, ки таҷрибаи сулҳофари Президенти мо то ҳол дар сатҳи ҷаҳонӣ бузургу беназир аст.

Дар мавзӯи “Амнияти миллӣ ва амнияти иттилоотӣ аз нигоҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Мастчоҳ ва сардабири рӯзномаи “Нигоҳи халқ”  Муродулло Почозода маърӯза кард.

Муҳаммадраҷаб Шарифзода, узви собиқадори ҲХДТ ва муовини мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ зимни маърӯзаи худ дар мавзӯи “Президенти мо – Пешвои миллат” аз муҳаббати бузурги мардум нисбати фарзонафарзанди халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфт.

Родмеҳр Сулаймонӣ, эҷодкори ҷавон ва роҳбари маҳфили “Эҷод”-и Коллеҷи омӯзгории Мастчоҳ шеъри худро дар бораи бузургию саодатофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қироат кард.

Дар охири чорабинӣ ба як гуруҳ фаъолон Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд тақдим карда шуданд. Аз ҷумла, сардабири рӯзномаи “Нигоҳи халқ” Муродулло Почозода бо медали ҷашнии “20-солагии  ҲХДТ” ва мудири бахши кор бо занони кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Гулнора Ҷӯраева бо Сипосномаи кумиҷроияи вилоятӣ сарфароз гардонида шуданд.

Пас аз анҷоми конфронс меҳмонон ба хонаи яке аз иштирокчиёни Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ шодравон Малик Қурбонов рафта, ёди ӯро гиромӣ доштанд. Фарзандони марҳум барои чунин қадршиносӣ ба КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд изҳори сипос карданд.

Муллошукур ШОКИРЗОДА,

н. Мастчоҳ

Хонданд 148
Ҳамсари бонкдори пешин аз боздоштгоҳ раҳо шуд

Суди шаҳри Лондони Бритониё ҳамсари раиси пешини Бонки байналхалқии Озарбойҷон Замира Ҳоҷиеваро дар ивази гарав аз ҳабс озод кардааст.

Ӯро ҳафтаи гузашта баъди он боздошт карданд, ки дар маркази тиҷоратии Harrods якбора 16 миллион фунт харҷ кард ва ҳам бо арзиши 20 миллион фунти дигар амволи ғайриманқул харид.

Ҳоҷиеваро дар Озарбойҷон барои дуздӣ айбдор мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир полиси Бритониё манбаи даромади Ҳоҷиеваро таҳқиқ мекунад. Нисбати ӯ бо моддаи ғасби ғайриқонунии маблағ парванда боз шудааст. Ҳоҷиеваро дар ивази 500 ҳазор фунт аз ҳабс раҳо карданд. Дар ҳамин ҳол, ӯ вазифадор аст, ки ҳамарӯза дар полис худро сабт кунад. Ҳоҷиева ҳақ надорад, баъди соати 9 аз манзилаш берун равад ва шаҳри Лондонро тарк кунад.

Замира Ҳоҷиева 55 сол дорад. Соли 2016 суди Боку шавҳари ӯро бо айби қаллобӣ ва исрофкорӣ 15 сол зиндонӣ кард. Тафтишот мегӯяд, бо айби Ҷаҳонгир Ҳоҷиев - раиси пешини бонк - даҳҳо миллион доллар аз бонк ғайб задааст. Худи ӯ ин айбро рад мекунад.

Хонданд 265
Хушқадам Хусравов чемпиони ҷаҳон шуд

Паҳлавони маъруфи кишвар Хушқадам Хусравов дар рӯзи сеюми Чемпионати ҷаҳонии самбо, ки дар шаҳри Бухарести Руминия баргузор шуд, медали тилло ба даст овард.

Хушқадам дар қувваозмоии вазни -62кг дар даври аввал бар Рафелин Перез (Доминикан), дар даври дуюм бар Ҳристо Георгиев (Булғория), дар чорякфинал бар Генади Чиргадзе (Гурҷистон), дар нимфинал бар Дмитро Левдошенко (Украина) ва дар финал бар варзишгари Русия Руслан Багдасарян ғолиб омада, медали тиллои чемпионатро ба гардан овехт.

Дар рӯзи сеюми чемпионат варзишгарони дигари мо Зафар Олимшоев (-82кг) дар самбои варзишӣ, Умедҷон Муҳиддинов (-68кг) ва Солеҳ Ҳасанов (-90кг) дар самбои размӣ аз медал бенасиб монданд.

Варзишгарони дигари мо Акмалиддин Каримов дар вазни -57, Хоҷазода Беҳрӯз дар вазни -74кг дар самбои варзишӣ ва Сорбон Латифов дар вазни -62кг-и самбои размӣ дар рӯзи дуюми чемпионат ҷои сеюмро ишғол карданд.

Дар маҷмӯъ, варзишгарони мо дар чемпионати ҷаҳонии самбо дар соли 2018 сазовори 4 медал – 1 тилло ва 3 биринҷӣ гардиданд.

Хонданд 125

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз, 12-уми ноябр, дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, рехтани борон ва барф дар назар аст.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -2+3, рӯзона +4+9 ва дар шарқи ин вилоят шабона -9-14 ва рӯзона -1+4 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф   дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 2-7  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +3+8  ва рӯзона  10+15   дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ    боридани борон  ва барфи тар  дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона +13+18 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  борон ва барф   дар назар аст. Ҳарорат шабона ба 1+6  ва рӯзона  ба  12+17  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво  шабона +3+5  ва рӯзона +14+16  дараҷа гарм мешавад.

Хонданд 210

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.