.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари-рӯз

97 миллион доллар барои рушди кишоварзӣ

Беш аз 915,4 миллион сомонӣ (97 миллион доллар) аз буҷаи давлатии Тоҷикистон барои рушди кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор ҷудо хоҳад шуд.

Мувофиқи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ин маблағ ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории ин соҳаро дарбар мегирад.

Бино ба иттилои манбаъ, бо мақсади таъмини рушди кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар давраи истиқлолият тавассути татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ зиёда аз 12 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Дар давоми 10 соли охир, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ се маротиба афзоиш ёфт, ки аз соли 2000 ҳаҷми он 7,4 миллиард сомониро ташкил дода, то соли 2018  он ба 21,3 миллиард сомонӣ расид. 

Дар ҳамин ҳол, мутахассисон қайд мекунанд, ки барои рушди соҳа, ба масъалаҳои нигаҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бояд аҳамияти хоса зоҳир намоем.

Дар айни замон, ҳиссаи хурди пахтакорӣ дар дохили кишвар коркард карда мешавад ва имкониятҳои мавҷуда дар самти  ташкил намудани ҷойҳои корӣ дар соҳаи матоъбофӣ пурра истифода намешаванд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар солҳои охир танҳо 10-12% нахи пахта дар дохили кишвар коркард шудааст. Дар соли 2018 содироти нахи пахта дар муқоиса бо соли гузашта ду баробар афзудааст.

Ҳаҷми содироти нахи пахта дар соли гузашта тақрибан 150 миллион долларро ташкил медод.

Хонданд 141
Шавҳари Файзинисо Воҳидова: Дар марги ҳамсари ман дойира нанавозед!

Дар алоқамандӣ бо марги адвокати шинохтаи тоҷик Файзинисо Воҳидова, ки бо изҳори назару мавқеъгириҳои ҳуқуқии хеш дар сатҳи ҷомеаи кишвар шинохта шуда буд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, саҳифаю сайтҳои ҷонибдори ТЭТ ҲНИ ахбори мухталифе интишор ёфтанд. Онҳо боиси пайдо шудани суолҳои зиёд дар зеҳни хонандагон гардиданд. Хабарнигори мо ба хотири равшанӣ андохтан ба ин масъала, бевосита бо Ғайратҷон Воҳидов - шавҳари адвокати марҳум Файзиниссо Воҳидова, суҳбате доир намуд, ки муҳтавои  он  ба хонандагон манзур мегардад.

- Бо арзи салому изҳори эҳтиром қаблан ба Шумо дар иртибот ба даргузашти ҳамсаратон таслият мегӯям ва ба Шумо ва аҳли хонаводаатон сабри ҷамил орзумандам.

- Ташаккур. 

- Баъдан узр мехоҳем, ки дар ин рӯзҳои барои Шумо андӯҳбор аз мусибати сангини ба сари хонаводаатон омада ёдрас мегардем. Баъзе аъзои ТТЭ  ҲНИ ва гурӯҳи ба ном “паймони зиддимиллӣ”, бо сӯиистифода аз хабари реҳлати  ҳамсари Шумо, дар фазои иттилотӣ ҳангома бардошта, мехоҳанд марҳумро ҳамчун як нафар ҳамфикру ҳамсангари худ нишон диҳанд. Хоҳишмандам, мегуфтед, ки ин қазия то кадом ҳад воқеият дорад?

- Дуруст аст, дар давоми чанд рӯзи охир бо вуҷуди гирифторӣ дар ғаму ғуссаи худ, ба фарзандонам расонидаанд, ки дар “Ахбор.ком” ном сомонае дар бораи мусибати мо матлабе ба нашр расидааст. Дарвоқеъ, ҳамсари марҳуми ман як зани озодандешу ҳақиқатталош буд. Ӯ доир ба баъзе масъалаҳои ҷузъӣ ва усулу услубҳои пешбурди кори ниҳодҳо ва хидматчиёни  давлатӣ гоҳе интиқод  мекард, дидгоҳи худро дошт ва онро ба хотири ислоҳи вазъ ошкоро баён менамуд. Аммо ман ҳаргиз дар тӯли зиндагии якҷояамон, ҳатто дар муҳити хусусӣ ҳам мушоҳида накарда будам, ки ҳамсарам нисбати сохтор ва шакли давлатдорӣ, яъне дунявӣ ва демократӣ будани ҷомеаи мо ихтилофи назар дошта бошад. Ҳаргиз нашунида будам, ки ӯ ба тарафдорӣ аз сохтори давлатдории диниву теократӣ ҳарфе гӯяд. Баръакс, доимо аз суханҳои ӯ  ва гузашта аз ин, аз рафтори амалии  ӯ  бараъло маълум буд, ки марҳум ҳамеша ҷонибдори сохтори давлатдории дунявӣ ва демократӣ буд.

Мавқеъгирии интиқодии ҳамсари марҳуми ман нисбат ба ниҳодҳои давлатӣ аз мавқеъгирии ифротгароёнаи ҲНИ, ки аз бунёд бо сохтори давлатдории милливу дунявии мо муқобил буда, тарафдори таъсиси давлати диние чун давлатҳои исломии минтақа дар Тоҷикистонанд, куллан тафовут дошт. Набояд гумон кард, ки ҳар шахси дилсӯзу ғамхори миллат, ки гоҳе ба хотири ислоҳи нуқсонҳои ҷузъии ҷойдоштаи ҷомеаи мо сару садо баланд мекунад, мухолифи давлати демократии мост ва гузашта аз ин бо ҳизби беобрӯе чун ҲНИ ҳамсӯву ҳамқадам аст. 

Худ қазоват кунед, ки кадом рафтор ва кирдори ҳамсари марҳуми ман бо бунёдгароии  диниву мазҳабӣ ва аъмоли мутаассибонаву дунявиситезонаи наҳзатиҳо умумият дорад? – Ҳеҷ кадом. Ӯ зане буд табиатан озода ва озодманиш. Бо ҳеҷ банду басте ва маҳдудияте сари созиш надошт. Чӣ расад ба таассубгароиву мазҳабгароӣ. Мантиқи зиндагии озодманишонаи ҳамсари ман ва умуман, ҳаёти хонаводагии мо худ далели рӯшану ғайри қобили инкори ин масъала аст. Ӯ либоси аврупоӣ мепӯшид. Дар маърифатнокӣ, илмомӯзӣ, савод, аз ҳама муҳим, фарҳанги андеша, гуфтор ва рафтор бо ҲНИ-чиҳои ДОИШмаоб аслан дар муқоиса набуд. Дар ин ҳолат, ӯ чӣ гуна метавонист аз террористҳо пуштибонӣ кунад?

  - Баъзе аз наҳзатиҳо далел оварданӣ мешаванд, ки пайваста бо марҳум алоқаи телефонӣ доштаанд, шодравон аз хатти сиёсии наҳзатиҳои ифротӣ гӯё ҳимоят мекардааст ва ба онҳо тавсияҳои ҳуқуқӣ медодааст…

- Ман дар ҳайратам, ки бо вуҷуди ин ҳама тафовутҳо дар муносибат, баъзе аъзои созмони террористии ба истилоҳ мухолифини гурезаи хиёнаткор тарзе мавқеъгирӣ мекунанд, ки гӯё ҳамсари ман бо онҳо ҳамақидаву  ҳамсӯ  буд.  Бадбахтӣ он аст, ки бо ин гуна кирдор онҳо аҳли оилаи мо, фарзандони моро бадном карданӣ мешаванд. Аллакай дарк кардам, ки онҳо бо баҳонаи изҳори ҳамдардӣ ба хонаводаи мо, аслан пайи бардоштани баҳраи сиёсӣ барои аъмоли ватанфурӯшонаи худашон  машғуланд. Аз мусибати хонаводагии мо ба нафъи худ ҳангома сохтан мехоҳанд. Зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки ашхосе чун Юнуси Истаравшанӣ,  А. Бобоев ва И. Ёқубов  аз марги ҳамсари ман на фақат ғамгин нестанд, балки ин қазияро хурсандона, ҳамчун фурсати муносибе, ки интизораш буданд, барои сиёҳ кардани давлатдории тоҷикон  истифода бурдан мехоҳанд. Дар вобастагӣ бо марги ҳамсарам онҳо парвое надоранд, дарди фироқ ва сӯзи хонаводагии мо барои онҳо аҳамияте надорад. Муҳим барояшон ҳангомасозӣ мебошад, барои худашон ва содалавҳоне, ки мутаассифона дар ҷомеа кам нестанд.  

- Шумо дар бораи чунин ашхосе, ки ҳатто  рӯзи мусибати дигаронро  низ ба нафъи худ истифода бурдан мехоҳанд, чӣ андеша доред ва ба онҳо чӣ гуфтан мехоҳед?    

- Фикр мекунам, ки онҳо тӯдае манфиатҷӯ ва фурсатталаб ҳастанд, аз ҳама чӣ ва ҳама лаҳза ба нафъи худ фоида бурдан мехоҳанд. Ин қабил ашхос бо вуҷуди иддаоҳои ҳамешагиашон дар бораи арзишҳои динӣ наметавонанд ба ягон арзиши муқаддасе сидқан эътиқодманд бошанд. Онҳо фақат дар пайи манфиатҷӯӣ ва ҷоҳу ҷалоли хешанд. Бубинед, ҳатто аз марги ҳамсари ман ва мусибати хонаводагии мо ба нафъи худ истифода карданианд. Ба ин хотир ҳатто омодаанд, ки як марги табииро марги иҷборӣ дар назари атрофиён таҷассум намуда, аз мусибат  саҳнаи  сиёсӣ созанд. Куҷост адолату инсоф?  Оё инсони ҳақиқатан боимон метавонад чунин коре анҷом диҳад? Не! Имону инсофи онҳо танҳо дар забонашон ҳаст. Онҳо умре бо фурӯши имону виҷдон, ватану миллат рӯз гузаронидаанд ва ин амали ғайриинсониашонро идома медиҳанд. Ин фурсатталабон ҳатто дар он дунё ҳамсари маро ором гузоштанӣ нестанд. Шарм надошта мегӯянду менависанд, ки:  «Бону аз саломатӣ шикоят надоштанд». Онҳо дарду ранҷи ҳамсарам, бедорхобиҳо, шабзиндадориҳои бандаро надидаанд, ҳайронам, ки чаро чунин менависанду, ноҷавонмардона дурӯғ мебофанд, ки бо ҳамсарам гуфтугӯи телефонӣ анҷом медодаанд. Ҳайф бар шумо эй номусулмонон, ки нисбати як майит, ки дигар ба шумо посух дода наметавонад, чунин ҳарфҳо мегӯеду дар ҷомеа бадномаш месозед. Дар куҷост мусулмонии шумо? Агар нисбати занони шумо ҳамчунин ҳарфҳоро раво бинанд, худро чӣ нав ҳис мекунед?

То кай аз мусибати мардум манфиат меҷӯед? Аз ҷанозаи мардум  барои худ василаи худнамоӣ месозед? Чунонки то қабули  қонуни танзим дар сари ҷанозаҳо барои пораи  матоъ ва қолине омода будед, ки гиребони  якдигарро гирифта рӯйи ҳамро ханҷол кашед, имрӯз бо шеваи дигар, бо пеш овардани мурдаи касон мехоҳед киса пур кунед.

  - Маъзарати зиёд, ки бо тақозои муқаррароти касбӣ маҷбурам аз Шумо саволеро бипурсам, ки бешак боиси ёдовар шудани рӯзҳои охирини ҳаёти ҳамсаратон ва тоза шудани оташи ғаму андӯҳ дар дили Шумо мегардад. Оё ин иддао воқеият дорад?

- Бидуни шубҳа  ин иғвобарангезӣ  бо мақсади  гумроҳ  кардани мардум, ҳадафмандона анҷом дода мешавад. Наҳзатиҳо бори аввал нест, ки дар ғами мардум ин гуна хурсандӣ ва ҳангомаҷӯию шодмонӣ мекунанд. Ману фарзандонам ҳам барояшон ҷузъе аз ҳамин мардумем.

Асли воқеаи беморӣ ва марги ҳамсари ман  чунин аст: Марҳум бемории куҳнашудаи “Гепатит Б” дошт.  Солҳо ин  беморӣ  ӯро  азоб  медод.  Моҳи декабр бемории ҳамсарам авҷ гирифт, то ҳадде, ки   боиси хунравии дарунӣ гардид. Мо дар таърихи 20-уми декабр ӯро ба беморхонаи хусусии назди беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд бурдем ва  дар он ҷо ба муҳлати чор рӯз  бистарӣ буд. Хунравии  шадиди сурхрӯда  ӯро бисёр азият медод. Илова ба  ин, таъсири шамолкашии  шуш низ вазъашро бадтар кард.  25-уми декабр бинобар вазнин шудани аҳволи саломатиаш, ба шуъбаи эҳёи беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуд ва дар он ҷо то 03-юми январи соли ҷорӣ табобат гирифт. Баъди андаке беҳтар шудани вазъи саломатиаш  ман ӯро ба беморхонаи Бобоҷон Ғафуров овардам. Мутаассифона, дар ин ҷо нисфи шаб боз бемориаш аз нав авҷ гирифт ва табибон бо тамоми ҷаҳду кӯшиш натавонистанд ӯро аз марг наҷот диҳанд.

- Ташаккур, акаи Ғайратҷон, ки дар чунин рӯзҳои талхи ҳаёт хоҳиши моро рад накардед ва  ба суолҳои мо ва хонандагон посух гуфтед.

- Ҳоҷати узрхоҳӣ нест. Ман худ низ аз ин ҳангомасозиҳо, сӯиистифода кардани баъзе ашхос аз реҳлати ҳамсарам сахт  нороҳат будам. Худро дар назди рӯҳи  ӯ  масъул медонистам, ки  ҳақиқатро дар бораи охирин рӯзҳои ҳаёташ бигӯям ва нагузорам, ки касе ё гурӯҳе арвоҳи поки  ҳамсари  покниҳоди маро бо ҳадафҳову ғаразҳои нопоки худ нороҳат созад.

Ман домангир аз муаллифони мақолаҳо нестам.Ин қабил одамон нонгадо буданд, охир ватангадо шуданд. На танҳо дар мурдаи ҳамсари ман, балки дар ҳар мусибати хурдтарини Тоҷикистон ин ифротиҳо хурсандӣ, рақсу бозӣ мекунанд. Ин хел қавм, ин хел тоифа, ин хел бадгавҳарҳо фақат худи инҳо ва ҳамин доишиҳо ҳастанд. Мусибати дигарон барои онҳо бозори савдост. Сину соли ман ҳам ба ҷое расидааст. Онҳо ҳам зану фарзанд доранд. Андеша кунанд. Худо болои сари мост. Бад кардӣ, бадгӯӣ кардӣ, туҳмат раво дидӣ, худат онро мебинӣ.  

Ҳамсари ман зане буд, ки арзишҳои волое дошт ва волотаринаш ватанпараст будани ӯ буд. Агар бо ин хиёнаткорон ҳамроҳ мебуд, метавонист озод ба кишварҳои аврупоӣ рафта, чун ин бешарафон бо сиёҳ кардани зоду буми хеш  машғул шавад. Вале дар Ватан буд. Шарафмандона зист, ба қадри тавони худ барои ҳамватанону барои Ватани худ хидмат кард. Ӯ Тоҷикистонро садоқатмандона дӯст медошт.

 - Ташаккур,  акои Ғайратҷон, орзумандем, ки равони ҳамсаратон шод ва хонаи охираташон обод бошад.

Мусоҳиб Найима Салимхоҷаева, шаҳри Хуҷанд

Хонданд 630
Дар Бадахшон арақҳои тақаллубӣ аз фурӯш гирифта шуданд

Дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 866 шиша арақи тақаллубӣ ва 132 кг маҳсулоти ғизоии ба саломати хатардор аз аз фурӯщ гирифта шуданд.

Кормандони бахши вилоятии «Тоҷикстандарт» зимни баргузории санҷиши навбатӣ дар бозор, мағозаву дӯконҳои шаҳри Хоруғ 866 шишаи арақи тақаллубӣ ва 132 кг маҳсулоти гуногуни ғизоиро ошкор ва аз муомилот берун кардаанд. Корманди масъули раёсати мазкур Озодбахт Мародҳусейнов ба хабарнигори “Ховар” гуфтааст, ки бештари ин маҳсулот ҳатто ба ташхиси озмоишгоҳ ниёз надоштанд.

Аз рӯи бӯй, ранг ва мазза пай бурдан мумкин буд, ки истеъмоли  чунин маҳсулот ба саломатии инсон хатар дорад, аммо баъзе аз фурӯшандагон ба ин нигоҳ накарда, онро аз фурӯш бознадоштанд. Баъди ташхис дар озмоишгоҳи раёсат дар ҳузури комиссияи махсус ин маҳсулот нобуд карда шуд.

Ба гуфтаи ин масъули Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят, соли гузашта 10 тонна маҳсулоти мухталифи хӯрокворӣ ва 13 ҳазор машруботи спиртии ғайристандартӣ ошкор ва баъди ташхис дар макони махсус нобуд карда шуданд.

Хонданд 286
Президент: Прокурорҳо зиёд шаванд

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон фармон дод, ки аз 1-уми январи соли равон теъдоди прокурорҳо дар кишвар бештар карда шавад.

Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, аз 1-уми январи соли 2019 теъдоди умумии кормандони мақомоти прокуратура 1 ҳазору 135 нафар муқаррар шуд. Ба ин шумора ҳайати хидматрасон шомил нестанд.   

То фарорасии соли нав шумораи умумии кормандони прокуратура 1085 нафарро ташкил медод ва инак 50 воҳиди кории дигар зам гардид.

Тибқи фармони президент, шумораи кормандони дастгоҳи марказии Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз 200 ба 207 нафар, ниҳодҳои тобеи прокуратураи генералӣ аз 746 то ба 789 нафар зиёд карда шуда, теъдоди кормандони прокуратураи ҳарбӣ 139 нафар боқӣ мондааст.

Эмомалӣ Раҳмон Вазорати молияро муваззаф кардааст, ки хароҷоти марбут ба маош ва таъминоти иҷтимоии 50 воҳиди кории иловагии мақомоти додситониро аз ҳисоби буҷаи давлат таъмин кунад.

Хонданд 752

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.