.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари-рӯз

Эстакадаи Қарияи Боло кай ба анҷом мерасад?

Дар доираи амалишавии марҳилаи дуюми лоиҳаи «Барқароркунии роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода», қитъаи роҳ аз мавзеи пешини пайкараи Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе,  дар буриши роҳи ҳалқавии маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе бунёди  боз як эстакадаи  сесатҳа  тибқи нақша ҷараён дорад.

Эстакадаи мазкур аз  роҳи давродавр ва пул иборат буда, дар буриши ҳалқавии хиёбонҳои Исмоили  Сомонӣ ва Абуалӣ ибни Сино ҷой мегирад. Ҳамчунин дар қисмати шимоливу ҷанубии буриши кӯчаи Сино гузаргоҳҳои зеризаминӣ сохта мешаванд. Тибқи қарордод, иншоот моҳҳои апрел–майи соли 2020 бояд мавриди истифода қарор гирад.

Инчунин сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Нусратулло Махсум бо кӯчаи Маяковский, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Нусратулло Махсум бо кӯчаи Баҳоваддинов ва таҷдиди роҳу гузаргоҳи зеризаминии маҳаллаи Қарияи Боло то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе дар назар аст.

Фармоишгари иншоот Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёт ва паймонкори лоиҳа ширкати синзянии сохтмони роҳҳои «Xinjiang Communications Construction Group Co., LTD»-и  Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.

Айни ҳол  182 сутунпояи эстакадаи мазкур  насб гардида, корҳои оҳану бетонии пули дусатҳа дар буриши хиёбони Нусратулло Махсум бо кӯчаи Маяковский 50 дарсад ба охир расидаанд. Аз 96 сутунпояи пули буриши хиёбони Нусратулло Махсум бо кӯчаи Баҳоваддинов 16–тояш васл гардидааст. Ҳамчунин, гузарондани барқи 10-киловатта ва васли обпарто қисман иҷро гашта, миқдори корҳои бетонӣ зиёда аз 70 метри мукаабро дар бар мегирад. Дар маҷмӯъ дар масоҳати зиёда аз 20 метри мукааб корҳо ба анҷом расидаанд.

Хонданд 608
5000 сомонӣ ҷарима барои вайрон кардани танзим

Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ аз вайрон шудани моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Ҳисор хабар дод. Тибқи ин қонун шахсони воқеъи ва ҳуқуқӣ уҳдадор гардидаанд, ки тӯйи домодию арӯсиро дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва до дани оши тӯй барои 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронанд.

Шаҳрванд Қосимов Мумин Аҳматович 1 сентябри соли 2018 тӯйи арусию домодии фарзандаш Қосимова Ёсуман Муминовнаро гузаронида, аз соати 07:00 то соати 10:00 ба хешу табор ва аҳолии деҳа оши тӯй дода, боз худи ҳамон рӯз аз соати 20:00 то соти 22:00 дар манзили истиқоматиаш барои зиёда аз 50 нафар хешу табораш таъом омада намуда, зиёфат додааст.

Прокуратураи шаҳри Ҳисор нисбати Қосимов М.А. бо моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додааст. Бо қарори суд номбурда бо ин модда гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ ҷазои ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5000 сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин карда шудааст.

Хонданд 261
Заҳролудшавии 59 кӯдак дар боғча

Дар боғчаи №8 дар ноҳияи Бекободи Ӯзбекистон, ки 59 кӯдак заҳролуд шуданд, яхдон кор намекард. Ин муассиса муваққатан баста шуд.

Ба иттилои вазорати парвариши томактабии Ӯзбекистон, заҳролудшудаҳо дар бемористон бистариянд.

Вазъи 7 кӯдак сабук ва боқимонда миёнаи вазнин арзёбӣ мешавад.

Тафтишот муайян кард, ки яхдони боғча кор намекардааст. Ба ҷуз ин, дар боғча утоқи алоҳида барои тоза нигоҳ доштани сабзавот вуҷуд надоштааст.

Прокуратураи ноҳияи Бекобод ҳодисаро таҳқиқ мекунад.

Хонданд 264
Фестивали “Оши палав” дар Душанбе чӣ гуна гузашт?

Дар Боғи фарҳангу фароғатии Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Фестивали “Оши палав” баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он зиёда аз 200 нафар ошпази беҳтарин аз гӯшаву канори мамлакат ҷамъ омада, маҳорати таббоҳии худро пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт намуданд.

Як ошпаз аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар суҳбат бо мо чунин гуфт: “Имрӯз мо ду намуд ошро пешкаши сокинон кардем. Як намуди оши мо бо биринҷи маҳаллӣ буда, дигар намудаш бо биринҷи афғонӣ тайёр карда шудааст. Дар фестивал  ҳамагӣ то 8 тонна ош тайёр кардем, ки он 400 дегро ташкил дода, 200 дег аз шаҳри Душанбе ва 200 деги дигараш аз ноҳияҳо мебошад. Ман худ 40 кг оши палавро имрӯз тайёр намудам. Ҳоло ош тайёр аст ва ман омода ҳастам, ки онро пешкаши шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт кунам”.

Ҳамчунин, дар доираи баргузории фестивали мазкур баҳри хушҳолии иштирокдорон барномаи консертӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд.

Мақсад аз баргузории Фестивал муаррифии фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик дар доираи таҷлили “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” буд.

Ошпази тарабхонаи “Роҳат” Холов Афзалшоҳ барои сокинон ва меҳмонони пойтахт  палави тоҷикиро омода намудааст.

Ошпаз аз ноҳияиСино, ки худро Маҳмадулло муаррифӣ намуд, зикр кард, ки 17 кг ошро аз равғани пахтаву зағер омода кардааст. “Ман қариб 27 сол мешавад, ки ошпазӣ мекунам. Имрӯз якҷоя бо раиси ноҳия ба ҳамаи шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт оши палав пешкаш кардем”.

Ошпази бозори Меҳргон Ҳабибулло Юлдошов қайд кард, ки барои пухтани оши палав мувофиқи табъ ва хоҳиш ба он нахӯд, зира, заъфарон, сирпиёз, биҳӣ, мурч, зелол, лиму ва дигар давоҳои хуштамъкунанда илова карда мешаванд. “Ин фестивал имконият медиҳад, ки мо ошпазон маҳорату истеъдоди худро ба сокинону меҳмонон нишон диҳем. Ман низ бо чунин мақсад дар ин фестивал иштирок карам”, - гуфт ӯ.

Баргузории  Фестивали  «Оши палав» дар  густариши фарҳанги миллӣ, аз ҷумла фарҳанги ғизопазӣ мусоидат мекунад.

Нигора Саидбекова

Фарзона Камолова

Хонданд 427

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.