.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари-рӯз

Вазъи ҳаво: Борон мерезад

Янв 15, 2019
Хонданд: 90

Имрӯз, 15-уми январ, дар Тоҷикистон ҳавои абрнок шуда, борону барф дар назар аст, хабар медиҳад, Агентии обуҳавошиносии кишвар.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок буда, барф дар назар аст. Дар баъзе ҳолатҳо барфи шиддатнок пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12, инчунин то 18 дараҷа ва рӯзона -3+2 дараҷа сард мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 22-27 ва рӯзона 7-12 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат  дар назар аст. Шамол  аз самти шарқ ба ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона  6-11  дараҷа гарм мешавад. Дар  кӯҳҳо ҳаво шабона 6-11 ва рӯзона -3-2  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Хатлон низ борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.  Дар баландии 2000 метр барф мерезад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7  ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дамои ҳаво дар   доманакӯҳҳо шабона -2+3  ва рӯзона  ба +5-10 дараҷа мерасад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон мерезад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борону барфи шиддатнок дар назар аст. Давои ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 ва рӯзона +8-13 дараҷа, дар кӯҳҳо шабона 1-6  ва рӯзона -1+4 дараҷа мешавад.

Дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат  дар назар аст.  Ҳаво  шабона 2-4 ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.

Хонданд 90
53 дарсади шаҳрвандон истеъфои ҳукуматро мехоҳанд

53 дарсади шаҳрвандони Русия аз истеъфои ҳукумат пуштибонӣ ва 40 дарсад мухолифи он ҳастанд. Дар ин маврид Маркази омӯзиши афкори умуми "Левада", ки миёнаҳои моҳи декабр назарсанҷе анҷом додааст, хабар дод.

Моҳи ноябри соли 2016 аз се як ҳиссаи шаҳрвандони Русия истеъфои ҳукуматро мехостанд.

57 дарсади шаҳрвандон бовар доранд, ки ҳукумати Русия наметавонад мушкилоти боло рафтани нархҳо ва коҳиши даромади аҳолиро ҳал кунад. 46 дарсад мегӯянд, ки ҳукумат наметавонад онҳоро бо ҷойи кор таъмин кунад ва 43 дарсад бовар доранд, ки ҳукумат дар фикри таъмини иҷтимоии мардум нест.

Тибқи назарсанҷии гузаронидашуда, 36 дарсад гуфтанд, ки ҳукумат бо ҳайати феълиаш аз уҳдаи муқовимат бо буҳрони иқтисодӣ намебарояд.

Маркази ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ рӯзи 8-уми январ гуфтааст, ки соли 2018 руҳияи эътирозии шаҳрвандони Русия дар муқоиса бо солҳои пешин боло рафт. Коршиносон инро дар қадами аввал ба норозигии мардум аз боло бурдани синни нафақа - номаъруфтарин ислоҳоти мақомоти кунунии Русия, рабт доданд.

Хонданд 183
Як зан шавҳарашро бо корд куштааст

Як зан дар наздикии Душанбе бо шавҳари худ даъво карда, бо корд ӯро захмӣ кардааст, ки хунравии зиёд боиси марги мард шудааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар дод.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 28-солаи муваққатан истиқоматкунандаи деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ, зодаи шаҳри Душанбе, ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шудааст.

Номбурда, рӯзи 10-уми январи соли 2019, тахминан соати 23:00, дар хонаи истиқоматиаш бо шавҳараш, марди 34-солаи сокини деҳаи Гулбутта муноқиша карда, бо корд 2 маротиба ба тарафи чапи бадани мард задааст.

Дар натиҷа, шавҳараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз хунрезии зиёд ба худ наомада, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Хонданд 127

Раиси вилояти Хатлон нав шуд

Янв 14, 2019
Хонданд: 201
Раиси вилояти Хатлон нав шуд

Имрӯз, 14-уми январ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор фармон таъйиноти кадрӣ кард, ки назаррастарини он аз вазифа сабукдӯш шудани раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ буд.

Президент ба ҷойи ӯ Ҳакимзода Қурбонро, ки дар вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард, раиси ин вилоят таъйин кард. Дар фармон гуфта мешавад, ки Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси вилояти Хатлон озод карда шавад. Худи ҳамин рӯз, бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Ӯ Ибодзода Хайруллоро дар ин вазифа иваз кард. 

Дар фармонҳои имрӯзи президент омадааст, ки Ҳакимзода Қурбон аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад ва фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардад.

Ҷойи Ҳакимзодаро дар ин кумита Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ гирифт ва фармони таъйин шудани ӯ барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Ҳамчунин, Ҷонон Шерали Сайдамир бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҳамзамон аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-ланка, Ализода Назирмад бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҳамзамон аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон озод карда шуданд.

Бо як фармони дигар Ибодзода Хайрулло Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон таъйин карда шуд.

Дар идома, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Литва таъйин гардид.

Хонданд 201

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.