.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари-рӯз

Ҷарроҳии 77 шаҳрванди хориҷӣ дар Тоҷикистон

Дар Маркази миллии илмӣ оид ба трансплантатсияи организми инсон ва бофтаҳо дар Тоҷикистон аз оғози фаъолияташ то инҷониб 77 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ҷарроҳӣ шудаанд.

Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар муассисаи мазкур соли 2018-ум 104 нафар бемор ҷарроҳӣ шудаанд. Инчунин, 10 бемори дигар бофтаҳои ҷигарашонро иваз кардаанд.

Гуфтан бамаврид аст, ки бо мақсади коҳиши теъдоди бемороне, ки ба хориҷи кишвар барои табобат мераванд, дар Маркази миллӣ оид ба трансплантатсияи организми инсон ва бофтаҳо шӯъбаи трансплантатсияҳои бофтаҳои майнаи сар низ амал мекунад.

Амалиётҳои трансплантатсияи организм ба 77 нафар шаҳрванди  хориҷӣ гузаронида шуданд, аз ҷумла 27 нафарашон шаҳрванди Озарбойҷон, 21 нафар шаҳрванди Қирғизистон, 16 нафар шаҳрванди Исроил ва шаҳрвандони дигар давлатҳо мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2011 дар Тоҷикистон Маркази миллӣ оид ба трансплантатсияи организми инсон ва бофтаҳо таъсис дода шуд. Дар тобистони соли 2010, қарори ҳукумат дар бораи таъсиси муассисаи давлатии Маркази миллии илмии трансплантатсияи организми инсон ва бофтаҳо баромада буд.

Қонуни ҶТ «Дар бораи трансплантатсияи организми инсон ва бофтаҳо» аз ҷониби президенти Тоҷикистон дар моҳи июли соли 2007 ба имзо расидаааст.

Хонданд 374
Ба ҳалокат расидани чор ронанда дар ду рӯз

Дар ду рӯзи истироҳати ҳафтаи гузашта аз садамаҳои нақлиётӣ чор ронанда ба ҳалокат расидаанд, ки беэҳтиётӣ ва аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромадан боис шудааст.

Маркази матбуоти ВКД хабар дод, ки 13-уми январ, тахминан соати 22:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Ибодов Муҳсиддин Давлатович, соли таваллудаш 1991, сокини деҳаи Афғонободи шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Абдулло ба самти маркази шаҳри Ҳисор аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Ғаниев Темур Рустамович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Ҳисор, бархурдааст. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Ғаниев Т.Р. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

14-уми январ, тахминан соати 00:10, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира» Қаҳҳоров Абдуҷаббор Абдушукурович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Ғафуров ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Рустамови ҷамоати деҳоти Ғозиён, аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба дарахти канори роҳ бархурдааст.Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур Қаҳҳоров А.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамон рӯз, тахминан соати 03:10, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хонда» Рауфов Ҷаҳонгир, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди «Ғафуров-Конибодом», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Ғафуров, аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Ауди”, таҳти идораи ронанда Латифов Абдурауф, соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Исфара, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаҳои автомашинаҳои мазкур Рауфов Ҷ. ва Латифов А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Хонданд 469
Як мард мехост ҳамсарашро ба қатл расонад

Як мард дар шаҳри Душанбе ба гулӯи ҳамсари собиқаш корд гузошта таҳдиди куштан кардааст. Дар ин бора маркази матуботи ВКД ҶТ хабар дод.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 56-солаи сокини кӯчаи Шевченкои ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ҳамчун гумонбар дар таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 13-уми январи соли 2019, тахминан соати 20:00, ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш дар хонаи истиқоматиаш бо собиқ ҳамсараш, зани 54-сола муноқиша карда, дари ҳуҷраро зада шикастааст. Сипас, ин мард аз болои миз корди ошхонаро гирифта ба гулӯи зани номбурда зер карда, ӯро таҳдиди куштан кардаааст. Ҳоло ин қазия мавриди тафтиш қарор дорад.

Хонданд 404
Бо дастгирии Tcell маҷмӯаи мусиқии кӯҳистони Тоҷикистон ба нашр расид

Дар Душанбе бо пуштибонии ширкати Tcell муаррифии ду албоми мусиқии миллӣ - «Зебоипарастӣ» и «Орифона» баргузор шуд.

«Зебоипарастӣ» - ин тарҳи бузургмиқёси мусиқӣ бо фарогирии маҷмӯаи оҳангу сурудҳои мардумӣ буда, таронаву матнҳо дар иҷрои ҳунармандони маъруфи тоҷик садо медиҳанд.  Кор болои ин албом тайи ду соли ахир идома ёфта, роҳбарии лоиҳаро продюсер Фирӯз Шабдолов ба зимма дошт. Овозхонҳои саршиноси Тоҷикистон Далер  Назаров, Иқбол  Завқибеков, Улфатмо Мамадамбарова, Бахтибегим Орифова ва Мародбахт Файзова зимни муаррифии албом ширкат ва ҳунарнамоӣ доштанд.

Ширкати Tcell дар чаҳорчӯби масъулияти иҷтимоиаш аз тарҳи мусиқии “Зебоипарастӣ” пуштибонӣ кард. Ба унвони як ширкати масъулияти иҷтимоидошта, Tcell барои ҳифзу нигаҳдошт ва тарғиби анъанаҳои миллию фарҳангӣ ҳамеша талош меварзад. 

 «Tcell бо хушнудӣ шарики ҳамкор дар татбиқи лоиҳаи мазкур гардид. Ширкати Tcell тарҳҳои фарҳангиро ҷонибдорӣ менамояд, зеро тарғибу ташвиқ, ҳифз ва нигаҳдошти анъанаҳои миллӣ як бахши муҳими зиндагии инсонҳо аст. Маҳз чунин иқдому тарҳҳо миёни ҷавонон шавқу рағбатро бедор карда, онҳоро барои эҳтироми суннату фарҳанги қадимӣ таҳрик медиҳад ва ин дастовард ҳамин тавр аз насл ба насл мегузарад”,- мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Вижагии албоми «Зебоипарастӣ» дар он аст, ки ҳунармандон оҳангҳои худро худашон иҷро менамоянд. Ба синну солашон нигоҳ накарда, бештари иштирокчиёни лоиҳа оҳангу таронаҳои беҳтаринашонро дар назди ҳозирин бо санъати баланду олӣ пешниҳод сохта, маҷмӯаи нодиреро аз фарҳанги кӯҳистони Тоҷикистон ба вуҷуд оварданд. Сабту банду басти маҷмӯа (албом)-и мусиқӣ дар Помир, Душанбе, дараи Варзоб, Маскав ва Алма –ато анҷом ёфтааст.

Аснои муаррифии албоми мазкур ҳунармандони хушсалиқаву нотакрор Самандар Пӯлодов, Иқбол Завқибеков, Мародбахт Файзова ва гуруҳи созию овозии «Шамс» баромад намуданд. Дар оғоз Далер Назаров бо сухани ифтитоҳӣ маъракаро ифтитоҳ ва албоми навашро таҳти унвони «Орифона» манзури тамошобинон кард.

Хонданд 128

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.