.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари-рӯз

Даъвои 100 млн доллари шавҳари қаблии Гулнора Каримова

Мансур Мақсудӣ, шавҳари қаблии Гулнора Каримова даъво дорад, ки қисме аз дороии духтари президенти пешини Ӯзбекистон, ки дар бонкҳои Швейтсария ҳабс шудааст, ба ӯ баргардонида шавад. Дар ин бора ӯ рӯзи 16-уми январ дар мусоҳиба бо нашрияи швейтсарии «Der Bund» иттилоъ додааст.

Тибқи иттилои нашрия, Мансур Мақсудӣ ҳамроҳ бо бародараш Фарид талош доранд, ки аз 100 то 800 миллион франки ҳабсшударо ба даст оранд.

Гулнора Каримова соли 1991 бо Мансур Мақсудӣ издивоҷ карда, онҳо аз ин издивоҷ соҳиби ду фарзанд ҳастанд. Гулнора ва Мансур соли 2001 аз ҳам ҷудо шудаанд.

«Ҳангоми талоқ ҳамаи дороии Мансур ва Фарид дар Узбекистон мусодира шуд. Саҳми онҳо дар ширкати Coca-Cola Bottlers Uzbekistan ба ширкати швейтсарии Zeromax дода шуд», - менависад Der Bund.

«Хонаводаи мо иҷозат намедиҳад, ки ин (дуздӣ) бе ҷазо монад. Ва ҳамаи онҳое, ки заррае дар ин кор даст доштанд, посухгӯ мешаванд», - гуфтааст Мансур Мақсудӣ.

Хонданд 385
Дастаҳои иштирокчии ҳаштякфинали Ҷоми Осиё-2019 маълум шуданд

Даври гурӯҳии финали Ҷоми футболи миллатҳои Осиё ба анҷом расид. Дар натиҷа аз 24 даста 16 тими муваффақ ба даври плей-офф роҳ ёфтанд.

Дирӯз бозиҳои охирини марҳилаи гурӯҳии даври финалии Ҷоми футболи миллатҳои Осиё-2019 баргузор шуданд. Бозии марказии давр вохӯрии дастаҳои Ҷопон ва Ӯзбекистон аз гурӯҳи буд, ки 2:1 бар нафъи ҷопониҳо ба охир расид. Ҷопон бо ба даст овардани 9 имтиёз дар ин гурӯҳ аввал шуд. Ӯзбекистон бо 6 имтиёз ба даври дигар роҳ ёфт. Дар ин гурӯҳ Туркманистон бозии охирашро бар Умон бохт (1:3) ва бе имтиёз монд.

Дар бозии гуруҳи Е Қатар бо ҳисоби 2:0 бар Арабистони Саудӣ ғолиб омад, Лубнон бо натиҷаи 4:1 Кореяи Шимолиро шикаст дод.

Ҳамин тавр ҳамаи дастаҳои иштирокчии даври ҳаштякфинал маълум шуданд. Ҷуфтҳои ширкаткунандаи ин давр инҳоанд:

20 январ

Таиланд – Чин

Эрон – Умон

Урдун – Вйетнам

21 январ

Ҷопон – Арабистони Саудӣ

Аморати Араб – Қирғизистон

Австралия – Ӯзбекистон

22 январ

Кореяи Ҷанубӣ – Баҳрайн

Қатар – Ироқ

Хонданд 50
Ҳалокати ду нафар дар зери тарма дар роҳи Хоруғ-Ишкошим

Шоми дирӯз, 17-уми январ, дар километри 32-юми мавзеи Баржири ҷамоати деҳоти Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим ҳодисаи нохуш ба амал омад. Ҳангоми тоза кардани роҳ се нафар корманди Муассисаи нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Ишкошим ногаҳон зери тарма мондаанд. Дар натиҷа ду нафар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, як нафар наҷот дода шудааст.

Нафарони фавтида, нигоҳдорони қисмати ин роҳ, падару писар Ақризобек Уталбекови 64- сола ва Мастулбек Уталбекови 41-сола, сокинони деҳаи Андароби ноҳияи Ишкошим буда, ба тоза кардани ҷодаи Хоруғ-Ишкошим машғул будаанд.

Ронандаи техникаи роҳтозакунии Муассисаи нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Ишкошим Амирбек Шодмонбеков, соли таваллудаш 1967, аз зери тарма наҷот ва сари вақт ба беморхона интиқол дода шудааст.

Роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим хавфноктарин масир, хусусан дар фасли сармо,  барои роҳсозон дониста мешавад.

Нимаи дуюми рӯзи 16-уми январ бинобар фаромадани тарма дар даромадгоҳи ноҳияи Шуғнон се манзили истиқоматӣ хароб гардида буд.

Хонданд 126
Ҳусейнзода муовини президенти Федератсияи каратэ-кёкушинкай интихоб шуд

Варзишгари тоҷик ва ҳамзамон корманди Хадамоти назорати нақлиёти кишвар Ҳусейнзода Нусратшоҳ ба ҳайси муовини президенти Федератсияи каратэ-кёкушинкайи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Дар робита ба ин номаи табрикотии як қатор варзишгарон ба унвони ин варзишгар расидааст, ки бештари онҳо Ҳусейнзодаро таърифу тавсиф карда, ба ин вазифаи ҷамъиятӣ сазовор буданашро иброз дощтаанд.

Ҳусейнзода Нусратшоҳ 16-уми майи соли 1990 дар ноҳияи Мастчоҳ, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Дар МТМУ №12-и ба номи Айнии деҳаи Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳсил кардааст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи политехникӣ ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ аст.

Хонданд 212
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.