.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари рӯз

Шумо дар Хабари рӯз

Қубодиён: 650 хонанда дар орзуи толори варзишӣ

Сен 14, 2018 Диданд: 342
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияи Қубодиёнро надоштани толори варзишӣ ва гузаронидан дарсҳои варзиш дар фасли сармо дар синфхонаҳои танг нигарон кардаст. 

Директори МТМУ №48-и ноҳияи Қӯбодиён Дилафрӯз Шарипова гуфт, ки  мушкилии асосии 652 нафар хонандаи муассиса надоштани толори варзишӣ мебошад.

Ӯ нигаронӣ аз он кард, ки  «фасли зимстон дар пеш аст, мо намедонем дарсҳои тарбияи ҷисмониро дар куҷо ба хонандагон гузаронем».

Дар муассиса як майдончаи варзишӣ аст, ки он низ пур аз сангу хок буда, хонандагон наметавонанд, ба хубӣ машғулиятҳои варзишии худро гузаронанд.

Ҳамзамон ӯ қайд намуд, ки 6 сол қабл ин муассиса соҳиби як толори варзишии садамавӣ буд, аммо аз набудани синфхона онро низ хароб карда, дар ҷойяш 8  синфхона бунёд карданд.

Дилафрӯз Шарипова афзуд:

- Ман дар ин муасссиса як сол шуд директор шудаам ва то ҳол ба мақомоти лозима барои бунёди толор, муроҷиат накардаам, аммо директорони пешинаи ин даргоҳ борҳо ба мақомоти болоӣ барои бунёди толори варзишӣ мактуб карда буданд, вале беҷавоб боқӣ мондаанд. Гарчанде, ман соҳибкоронро борҳо барои бунёди ин толор даъват намудаам, аммо онҳо аз ин кор даст кашиданд, зеро барои бунёди як толори варзишӣ маблағи зиёд лозим аст.

Мактаби №48 дар маркази  ноҳияи Қубодиён аз соли 1938 сохта шудааст. Агар дар маркази ноҳия муассисаи таълимӣ толор надошта бошад, пас дар мактубҳои дурдасти ноҳия вазъ дар кадом ҳолат қарор дорад?

Бояд гуфт, ки орзуи ягонаи 652 нафар хонандаи МТМУ №48-и ноҳияи Қубодиён бунёди толори варзишӣ дар таълимгоҳашон аст, аммо ин орзуи онҳо кай амалӣ мешуда бошад? 

Рахмоналӣ Додархӯҷаев

Аҳмадчон Раҳимзода

 

Тағйироти охир Ҷумъа, 14 Сентябр 2018 12:49
Хонданд 342
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.