.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари рӯз

Шумо дар Хабари рӯз

Пиронсолон наметавонанд пули нафақаи худро дарёфт кунанд

Сен 07, 2018 Диданд: 172
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Нафақахӯрони гуруҳи аз 70-сола болои Туркманистон, ки ҳақ доранд, пули нафақаи худро нақдина гиранд, дар моҳи сентябр бе сармоя монданд.

Ба гуфтаи хабарнигори Бахши туркмании Радиои «Озодӣ», онҳо аз қоидаи нави дарёфти пули нафақа танҳо баъд аз ҷорӣ шуданаш хабардор шудаанд.

«Нафақахӯрони гуруҳи 70-сола ва онҳое, ки ҳақ доштанд, нафақаи худро нақдина гиранд, аввали моҳи сентябр огоҳ карда шуданд, ки барояшон нақдина ҷудо нашудааст ва онҳо бояд барои интиқоли пули нафақаи худ ба кортҳои бонкӣ ариза нависанд», - афзудааст хабарнигор.

Вале ба гуфтаи хабарнигор, онҳое, ки пештар барои интиқоли пули нафақаи худ ба кортҳои бонкӣ ариза навишта буданд, то ҳол маблағи худро дарёфт накарданд.

«Ба нафақахӯроне, ки ариза навишта буданд, дар моҳи сентябр пул ҷудо нашудааст. Онҳо бояд аз қайди шуъбаи таъминоти иҷтимоӣ мегузаштаанд. Тибқи қоида, гӯё нафақахӯрон бояд дар се моҳ як бор аз қайди шуъба гузашта, зинда будани худро исбот мекардаанд», - изҳор доштааст хабарнигор.

Мақомоти Туркманистон пардохти сартосарии пули нафақаро ба воситаи кортҳои бонкӣ моҳи майи имсол баъд аз он оғоз карданд, ки сини гуруҳи нақдинагирон боло бурда шуд. Аз 1-уми июл пули нафақаи шаҳрвандоне, ки ба сини 70 нарасидаанд, ба кортҳои бонкӣ гузаронида мешавад.

Тағйироти охир Ҷумъа, 07 Сентябр 2018 13:46
Хонданд 172
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.