.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари рӯз

Шумо дар Хабари рӯз

Баҳси наққошиҳои урёни як духтари тоҷик

Сен 06, 2018 Диданд: 303
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Имрӯзҳо дар саҳифаҳои иҷтимоӣ, бахусус дар Фейсбук, аммали як наққоши ҷавон, ки ҳунари дасташро дар меҳмонхонаи “Серена” ба намоиш гузоштааст, мавриди баҳс қарор гирифтааст.

Аз номишгоҳи ҳунарманди 25-сола Маърифат Давлатова РО гузориш таҳия кард ва мардум низ аслан тавассути ҳамин гузориш аз наққошии ин духтар бохабар шуданд. РО бо навиштае бо чунин мазмун аз ин намошигоҳ гузориш дод: “Тасвири духтари тоҷик бо тани нимаурён. Дар ҳолати кашидани куртаи атлас аз тан, ҳангоми хоб, сигор дар лабу фаранҷӣ дар сар... Ин намунаҳое аз наққошиҳои Маърифат Давлатоваи 25-сола аст, ки тамошобинонро ба чолиш кашидааст”.

Маърифат ба тасвири табиати зани тоҷик ҳанӯз ду сол пеш таваҷҷӯҳ кардааст ва аз наққошиҳои аввал дарк намудааст, ки ҷомеа барои қабули ин қабил расмҳо чандон омода нест. Аввалин коре аз ин силсилааш дар як намоишгоҳи Вена гузоштааст ва баъдан аз роҳи Интернет ба доираи васеи тамошобин муаррифӣ шудааст.

"... Хостам ба як гуруҳи мардон дар ҷомеа нишон бидиҳам, ки бадани зан як чизи маъмулист ва набояд онро зиёд муҳокима кард", - гуфтааст Давлатова дар мусоҳибааш бо РО.

Корбарони саҳифаҳои иҷтимоӣ ба ду гуруҳ ҷудо шудаанд ва қисме агар бо лафзи тунд наққошро мазаммат кунанд, қисми дигар бо хитобҳои таҳсиномез аз ӯ ҷонибдорӣ кардаанд.

Ин намоишгоҳ то 11-уми сеннтябр дар меҳмонхонаи “Серена”-и Душанбе идома хоҳад кард.

Тағйироти охир Панҷшанбе, 06 Сентябр 2018 11:35
Хонданд 303
Баҳо диқед
(2 )

1 Назар

  • ТОЧИК Паём аз ТОЧИК Ҷумъа, 07 Сентябр 2018 08:32

    Чунин мусаварохои нимурён барои зани точик зебанда нест, ин расоми бешуъур кори хуб накардааст ки аз фохишахое ки дар хиёбонхои шахр ба мушохида мерасанд халос нашуда боз дар чунин як мусибати дигар дучор шудем инхам бошад муарификардани зани точик ним урён.
    Рохбарияти кишвар ва вазорати фарханг барои манъ кардани чунин мусаварахо пешгири накунад фардо ним урён неву пура урёнашро ба тасвир мебароранд...бойси пас задани кадру манзалати зану модари точик мегардад.
    Мо мардони бо нанги Точик аз чунин мусаварахои урёни зани точик хуш ва рози нестем ва шояд ба расомаш лаънат гуем.

    Мардуми Точик бо нанг бошед...

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.