.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари рӯз

Шумо дар Хабари рӯз

Ҳабси марде, ки ҳамсарашро дашном медод

Сен 05, 2018 Диданд: 167
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Дар пайи баррасии муроҷиати як зани сокини ноҳияи Сино, маҳаллаи Зарафшони Душанбе, аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шудааст, ки шавҳари ӯ - шаҳрванд Муқумов Эркинҷон Очилович, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, пайваста дар ҳолати сархушӣ ба хонааш омада, ҳамсари худро дашномҳои қабеҳ карда, шаъну шарафи ӯро дар назди дигар аъзоёни оила паст мезадааст.

1-уми сенятбри соли ҷорӣ ӯ дар ҳолати мастӣ ба хонааш омада, ҳамсарашро ҳатто дар назди фарзандон ва берун аз муҳити хонавода дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода, бо чунин тартиб оромии шаҳрвандонро халалдор ва тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст. Чунин ҳолат мунтазам аз ҷониби гумонбаршуда ба вуқӯъ пайваста, ҳамсари худро озору уқубат медодааст.

Нисбати Муқумов Эркинҷон Очилович аз ҷониби кормандони милитсия бо моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми Суди ноҳияи Сино нисбати номбурда ҷазо дар намудаи ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз таъин карда шудааст.

Тағйироти охир Чоршанбе, 05 Сентябр 2018 11:03
Хонданд 167
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.