.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари рӯз

Шумо дар Хабари рӯз

Садамаи ҳавопаймои “Utair”

Сен 04, 2018 Диданд: 142
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Шаби 2-уми сентябр ҳавопаймои “Boeing” 737-800-и ширкати ҳавопаймоии “Utair” ҳангоми парвоз аз шаҳри Маскав ба Сочи дар вақти нишастан ногаҳон лағжида, аз хатти парвоз берун мебарояд, ки дар натиҷа ҳавопаймо ба дарё афтида оташ мегирад.

Бино ба иттилои хабаргузории маҳаллии «Кубанских новостей», паём дар бораи оташ гирифтани ҳавопаймо ба навбатдори шуъбаи «01» соати 2:59-и шаб расидааст. Дар дохили ҳавопаймо 170 нафар, аз ҷумла 6 нафар ҳайати сарнишини ҳавопаймо, қарор доштанд. Дар пайи рухдоди ҳодиса 18 нафар осеб дидаанд, ки 3 нафари онҳо кӯдаканд. Ягон нафар аз мусофирон ва ҳайати сарнишин ба ҳалокат нарасидааст.

15 нафар дар 3 беморхонаи шаҳри Сочи ёрии аввали тиббиро гирифта, аз беморхона рухсат дода шудаанд. Гуфта мешавад, ки 2 кӯдак ва як мусофири солхӯрдаи ҳавопаймо ҳоло ҳам дар беморхона буда, 2 халабон ва 4 роҳбалад дар ҳолати қаноатбахш қарор доранд.

Ҳангоми ба амал омадани сӯхтори муҳаррики чапи ҳавопаймо корманди фурӯдгоҳи Сочи аз сактаи қалб ба ҳалокат расидааст.

Ба гуфтаи яке аз мусофирзани ҳавопаймо яке аз сабабҳои ба амалоии  ҳодисаи мазкур аз ҳад зиёд боридани борон ва шамоли сахт будааст, ки сархалабон ҳавопайморо ба замин фуруд оварда натавониста, як даври дигар болои фурӯдгоҳ чарх зада, баъд ҳавопайморо ба замин фуруд овардааст.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми сӯхтори муҳаррики ҳавопаймои “Boeing” 737-800 эҳтимол дошт, ки ҳавопаймо пурра оташ гирад, аммо бориши резаборон пеши роҳи оташ гирифтани ҳавопайморо гирифтааст.

Алҳол фурӯдгоҳи шаҳри Сочи ба ҳолати пешини кориаш баргашта, мисли пешин ҳамлу нақли мусофирон машғул будааст.

Вобаста ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Utair” ва Хадамоти авиатсионии Русия тафтишот оғоз шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ширкати ҳавопаймоии “Utair” яке аз ширкатҳои бузургтарини Русия буда, миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Русия низ мусофирон мекашад.

Тағйироти охир Сешанбе, 04 Сентябр 2018 15:02
Хонданд 142
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.