.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари рӯз

Шумо дар Хабари рӯз

Ҳалокати 4 нафар дар садамаи «Ландкрузер» бо «Нисан»

Сен 04, 2018 Диданд: 180
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Дар натиҷаи беэҳтиётии ронанда автомашинаи тамғаи “Тайота-Ландкрузер” ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Нисан-Патрул” бархӯрдааст, ки боиси ҳалокати 4 нафар шудааст.

Рӯзи 3-юми сентябри соли 2018, тахминан соати 14:15, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Ландкрузер” Маскинов Карим Маҷнунович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Хоруғ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Доғистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Нисан-Патрул”, таҳти идораи Лутфуллоев Тоҳир, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Хоруғ бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи тамғаи “Тайота-Ландкрузер” Раҳматхудоева Фазилат Маҷнуновна, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи ноҳияи Роштқалъа Обидов Мирсобит, соли таваллудаш 1953, сокини шаҳри Истаравшан ва мусофирони автомашинаи “Нисан-Патрул” Малишоев Одил, соли таваллудаш 1959 ва Саидманзаров Сайф, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Шуғнон аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Мусофирони дигари автомашина Мирзошоева Ситора Шакаршоевна, соли таваллудаш 1987, Саидмаҳмадов Раҳматшо, соли таваллудаш 1985, сокинони ноҳияи Шуғнон Ёрмаҳмадова Рамзия Нурмаҳмадовна, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Хоруғ Гуломасенова Маҳбуба Сунатуллоевна, соли таваллудаш 2011, сокини ноҳияи Роштқалъа ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Тағйироти охир Сешанбе, 04 Сентябр 2018 09:57
Хонданд 180
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.