.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари рӯз

Шумо дар Хабари рӯз

Савияи ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта мешавад

Сен 03, 2018 Диданд: 112
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

 

Тренинги шашрӯза доир ба коркарди «Стретегияи мухобиротӣ (коммуникатсионӣ) ва нақшаи чорабиниҳо оид ба баландбардории савияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар масъалаи бақайдгирии саривақтии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ)» дар доираи татбиқи лоиҳаи Барномаи рушди СММ «Дастгирии ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» аз 27 август то 1 сентябри соли 2018 дар заминаи Маркази таълимии «Шоҳин»-и Бонки миллии Тоҷикистон, дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор гардид.

Чорабинӣ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии (ТҶ) «Гендер и Тараққиёт» дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди СММ «Дастгирии ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» бо маблағгузории дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи Нуфуси СММ ва СММ-Занон ташкил шудааст.

Иштирокчиёни тренинг аъзои Гурӯҳи корӣ ҳастанд, ки дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст.

Дар доираи тренинги мазкур Стретегияи мухобиротӣ (коммуникатсионӣ) доир ба хизматрасониҳои САҲШ ва дар ин робита, Нақшаи чорабиниҳои мухобиротӣ (коммуникатсионӣ) оид ба корҳои ташвиқу тарғиб ва баландбардории савияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар масъалаи бақайдгирии саривақтии САҲШ барои солҳои 2018-2019 коркард мешавад.

Дар тренинг масъалаҳои зирин баррасӣ шуданд: “Низоми муассири САҲШ ҳамчун воситаи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор”; натиҷаи таҳқиқоти анҷомдодаи ТҶ “Гендер ва Тараққиёт” дар доираи лоиҳаи мазкур аз рӯйи ду самт: 1) Баҳодиҳии огоҳ будан ва истифода аз хизматрасониҳои қайди асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз тарафи аҳолии шаҳру ноҳияҳои марбути лоиҳа: шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Рӯдакӣ ва 2) гузаронидани таҳлили вазъият ва баҳодиҳии иқтидори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти паҳнкунии иттилоъ миёни аҳолӣ оид ба қайди САҲШ.

Ҳамчунин, дар кори тренинг мавзӯи нақши воситаҳои ахбори омма ҷиҳати афзун намудани огоҳии мардум аз хизматрасониҳои САҲШ таҳлил гардид.

Пешбинӣ мегардад, ки аз рӯйи нақшаи мазкур чорабиниҳои мухобиротӣ (коммуникатсионӣ) роҷеъ ба хизматрасониҳои САҲШ бо фарогирии осебпазиртарин гурӯҳҳои аҳолӣ аз ноҳияҳои дурдаст, ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо бо мақсади дар амал татбиқ намудани яке аз нишондодҳои ҳадафҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор “Касеро канор нагузор” доир гарданд.

 

Тағйироти охир Душанбе, 03 Сентябр 2018 10:14
Хонданд 112
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.