.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари рӯз

Шумо дар Хабари рӯз

Лагери тобистонаи КАРИТАС Олмон барои кӯдакони маълул

Авг 31, 2018 Диданд: 94
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Филиали Ассотсиатсияи КАРИТАС Олмон дар Тоҷикистон 70 нафар кӯдаки маълул, волидайни онҳо ва кормандони тавонбахшӣ дар сатҳи маҳалро аз ноҳияи Айнӣ дар осоишгоҳи “Шоҳин” барои истироҳати якҳафтаина ба ҳам овард.

Лагери тобистона шоми рӯзи аввал бо афрӯхтани гулхан ба таври расмӣ оғоз гардид. Намояндагони Каритас Олмон, ташкилотҳои ҷамъиятии шарик “АЗИТ” ва “ДАРО” ва осоишгоҳи “Шоҳин” зимни суханони пазироӣ ва ифтитоҳӣ зикр карданд, ки кӯдакони дорои маъюбият дар қатори кӯдакони бе маъюбият ба хизматрасониҳои тандурустӣ, таҳсилотӣ ва маишӣ ҳуқуқ ва дастрасии баробар доранд. Ҳамчунин қайд гардид, ки Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба некӯаҳволии шахсони дорои маъюбият диққати махсус медиҳанд ва баимзорасонии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 шаҳодати гуфтаҳои болост.

Кӯдакони дорои маъюбият, ки боре ҳам аз ноҳия берун набаромадаанд, ба истиснои ба беморхона рафтан ва дар бисёр мавридҳо бинобар сабаби нуқсҳои биниш, шунавоӣ, нутқ, ҳаракат ва зеҳниашон дар хона боқӣ мемонанд, воқеан вақти худро дар лагери тобистона хеле хуш гузарониданд. Барномаи тафреҳӣ асосан аз машқҳои пагоҳирӯзӣ, расмкашӣ, ширешкорию гулдӯзӣ, мӯҳрабофӣ, кулолгарӣ, оббозӣ, шеъру сурудхонӣ, рақс, мусобиқаҳои варзишӣ ва бисёр чорабиниҳои дигари фарҳангию варзишӣ ва ҳунарӣ иборат буд. Илова бар ин, дар соатҳои оромӣ барои волидайн машваратҳои равонӣ оиди тарбияи дурусти кӯдакони дорои маъюбият гузаронида шуданд.

Дар маросими хайрбод, ки шоми ахир баргузор гардид, кӯдакони дорои маъюбият ҳозиринро бо пешкаши маҳсулоти дастии худ, қироати шеъру сароидани сурудҳо ва намоиши саҳначаҳое, ки ҳангоми буду бошашон дар лагери тобистона омода ва аз худ карда буданд, шод намуданд ва барои иштироки фаъолашон дар чорабиниҳо бо тӯҳфаҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Ҳамгироии кӯдакони дорои маъюбият ба ҷомеа, рушди малакаҳои кӯдакон ва дастгирии ҳамдигар, инчунин беҳтар намудани малакаҳои волидайн дар мавриди нигоҳубини кӯдакони дорои маъюбият ҳадафи асоси лагери тобистона буд, ки дар чорчӯбаи Лоиҳаи “Дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони дорои маъюбият дар ноҳияи Айнӣ” (Лоиҳа) созмон дода шуд. Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва КАРИТАС Олмон маблағгузорӣ шуда, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва дар ҳамкории зич бо ташкилотҳои ҷамъиятии шарик “АЗИТ” ва “ДАРО” амалӣ мегардад.  

КАРИТАС Олмон дар Тоҷикистон дар муддати 10 соли фаъолияташ дар кишвар беш аз 2500 шахси маъюбро дастгирӣ карда, 7 толори омӯзишӣ, 30 нуқтаи тавонбахшӣ, 28 ҳуҷраи бозӣ барои кӯдакон ва 6 ҳуҷраи машваратии мутахассисони соҳаи тавонбахшӣ ифтитоҳ намуда, дар 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 14 муассисаи таҳсилоти умумӣ низоми таҳсилоти фарогир ҷорӣ карда, дар 9 муассисаи таҳсилоти касбӣ барои таҳсилоти касбию техникии ҷавонони осебпазир шароити мусоид фароҳам оварда, наздики 400 кӯдаки маъюбро ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ шомил намудааст. Ҳамчунин, бар асоси барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал, 15 тренери миллӣ, 250 корманди тавонбахшӣ, 6 нафар мутахассиси забони имову ишора ва 370 нафар омӯзгор оид ба мавзӯҳои маъюбият ва таҳсилоти фарогир омӯзонида шуданд.

Тағйироти охир Ҷумъа, 31 Август 2018 11:35
Хонданд 94
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.