.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари рӯз

Шумо дар Хабари рӯз

Байторҳои оянда таҷрибаи касбӣ мегузаронанд

Авг 30, 2018 Диданд: 114
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

50 нафар донишҷӯи соли охири факултети тибби ветеринарии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо шарофати лоиҳаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО), ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, соҳиби таҷрибаи касбӣ дар соҳаи худ хоханд шуд.

Ҳадафу мақсадҳои асосии лоиҳа баҳри дастгирӣ намудани Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати давлатии байторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат равона карда шудаанд. Чорабинии мазкур дар ҳамкории зич бо Ассотсиатсияи байторони Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Таҷрибаомӯзӣ қариб ду моҳ, аз моҳи август то моҳи октябр давом карда, ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки он донишу малакае, ки дар синфхонаву озмоишгоҳҳо аз худ намуда буданд, дар амал татбиқ намоянд. Ҳамчунин курси мазкур тавассути беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои ветеринарӣ ба мардуми маҳаллӣ, ки амнияту бехатарии маҳсулотҳои чорводориро барои истеъмоли дохилӣ ва фурӯш мустаҳкам мекунад ва талафоти чорворо коҳиш медиҳад, метавонад барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар деҳот таъсир расонад.

“Таъмини сифати хизматрасониҳои ветеринарӣ дар деҳоти Тоҷикистон хеле муҳим мебошад, - гуфт устоди факултети тибби ветеринарӣ Фирӯз Раҳимов. - Дастрасӣ ба чунин хизматрасониҳо барои мардуми маҳаллӣ дар кишлоқҳо барои таъмини саломатӣ ва маҳсулнокии чорво хеле муҳим мебошад”.

Донишҷӯёни беҳтарин дар асоси натиҷаҳои санҷиш ва дигар меъёрҳои дахлдор интихоб карда шуданд. Онҳо дар клиникаҳо ва фермаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон таҷриба омӯхта, бо ветеринарҳои пуртаҷриба таҳти роҳбарии устодони худ зич фаъолият мекунанд.

Чорводорӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон нақши муҳимро мебозад. Чорвои солим ба амнияти озуқавории миллионҳо нафар аҳолии кишвар мусоидат мекунад.

Тағйироти охир Панҷшанбе, 30 Август 2018 14:34
Хонданд 114
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.