.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари рӯз

Шумо дар Хабари рӯз

“Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” озмун эълон мекунад

Авг 23, 2018 Диданд: 187
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Намояндагии созмони байналмилалии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” (IWPR) дар Тоҷикистон барои беҳтарин инъикосгари масоили ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон” озмун эълон менамояд.

Маводҳои ба озмун пешниҳодшаванда бояд дар доираи меъёрҳои байналхалқии журналистика таҳия шуда, ҳамчунин нишонаи истифода шудани барномаҳои чандрасонаиро дарбар гиранд. Иштирокчиёни озмун метавонанд бо забонҳои тоҷикию русӣ маводро таҳия намоянд. Ба озмун танҳо ҳамон маводҳое қабул карда мешаванд, ки аз моҳи январи соли 2018 то 30 юми сентябри соли ҷорӣ нашр гардидаанд.

Шартҳои озмун:

- мавод бояд дар мавзӯи ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон таҳия ва нашр шавад;

- мавод бояд ба талаботи журналистикаи байналхалқӣ (инъикоси воқеъбинона, дақиқ, беғаразона ва бо риояи мувозинат дар пешниҳоди ақидаи ҷонибҳо...) ҷавобгӯ бошад;

- журналист метавонад маводи таҳиякардаашро дар ВАО-е, ки дар он кор мекунад, нашр кунад, вале ӯ ин маводро ҳатман ба ҳамоҳангсози барнома Гулафшон Соқиева барои бознашр дар саҳифаи фейсбукии “Журналистони Тоҷикистон муқобили терроризм” https://www.facebook.com/groups/923055074461692/ ба почтаи электронии дафтари IWPR дар Тоҷикистон Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. фиристад;

- ҳангоми таҳия намудани мавод журналист аз воситаҳои муосири иттилоотӣ – коммуникатсионӣ ба хотири гирифтани акс, навор ва сабти садо ҳатман истифода намояд;

- мавод бояд дар шакли мақолаи таҳлилӣ, гузориш, гузориши видеоӣ, мусоҳиба пешниҳод гардад.

Дар озмун ба маводҳое, ки муҳтавои таҳлилӣ доранд ва аз имкониятҳои смартфонҳо истифода шудааст, афзалият дода мешавад.

Барои беҳтарин инъикосгарони мавзӯъ се ҷоиза муайян карда шудаанд:

- Барои ҷои аввал – 500 доллари амрикоӣ;

- Барои ҷои дуввум – 400 доллари амрикоӣ;

- Барои ҷои сеюм – 300 доллари амрикоӣ;

Озмун то 30 - юми сентябри соли 2018 идома ёфта, аз ҷониби ҳакамони беғараз ҷамбаст карда мешавад.

Барои маълумоти бештар лутфан ба намояндагии IWPR дар Тоҷикистон бо нишонии ш. Душанбе, куч. М. Турсунзода, 45, Маркази савдои «Пойтахт», ошёнаи 5, утоқи 516 муроҷиат намоед. Телефон барои тамос: 227 94 75

Тағйироти охир Панҷшанбе, 23 Август 2018 13:37
Хонданд 187
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.