.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари рӯз

Шумо дар Хабари рӯз

Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ниёзмандон ёрӣ расонд

Авг 23, 2018 Диданд: 325
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Бахшида ба иди сайиди Қурбон санаи 21 августи соли 2018 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба 400 нафар маъюби гурӯҳи якум, зарардидагони ҳодисаи Чернобил, чанговарони интернатсионалист ва дигар ниёзмандони 4 ноҳияи шаҳри Душанбе ва ҳамчунин ба 20 ятимхонаи шаҳри Душанбе ва Маркази нобиноён (ба 300 нафар) бо тақсми кардани гӯшти гов ёрӣ расонд. Ин кӯмаки башардӯстона ба ҶҲАТ аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

Ҳамчунин, рӯзи 22 августи соли 2018 аз ҷониби ҶҲАТ ба 275 нафар ниёзманди шаҳри Душанбе, 80 ниёзманди шаҳри Турсунзода, 80 ниёзманди шаҳри Ҳисор, 50 ниёзманди ноҳияи Варзоб, 50 ниёзманди ноҳияи Шаҳринав, 100 ниёзманди ноҳияи Рӯдакӣ ва 80 ниёзманди шаҳри Ваҳдат гӯшти гов тақдим карда шудааст.

Чунин кӯмак ба ташкилоти ҷамъиятии «Некӣ» ба миқдори 50 баста, ташкилоти ҷамъиятии «Боварӣ ба фардо» 50 баста, Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе 270 баста, Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷанговарони интернатсионалисти воқеаҳои Афғонистон» 30 баста дар назар аст. Ҳар як баста аз 3 кг гӯшти гов иборат буда, як баста барои як нафар ниёзманд пешбинӣ карда шудааст. Дар маҷмуъ танҳо дар шаҳри Душанбе миқдори умумии гӯшти гов ба 675 баста баробар аст.

Дастгирии шахсони ниёзманд яке аз ҳадафҳои асосии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, Ҷамъият ҳамеша мекӯшад барои дастгирии ниёзмандон кӯмакҳои хайриявӣ намояд. 

Бояд қайд намуд, ки 12 июни соли 2018 бахшида ба иди шарифи Рамазон низ Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ба 500 нафар ниёзманди 4 ноҳияи шаҳри Душанбе кӯмак намуда буд.

Ин кӯмак дар маҷмуъ аз маводи озуқаворӣ, аз ҷумла 2500 кг. орд, 500 кг. биринҷ, 1000 кг. шакар, 1000 литр равғани растанӣ, 500 кг. макарон, 500 кг. лубиё, 500 кг. наск, 500 кг нахӯд,  500 кг. марҷумак, 0,5 кг. чойи хушк ва 500 кг. намак, иборат буд.

Тағйироти охир Панҷшанбе, 23 Август 2018 13:31
Хонданд 325
Баҳо диқед
(2 )

1 Назар

  • беном Паём аз беном Якшанбе, 26 Август 2018 13:13

    чаро шумо шархи маро чоп накардед.Аз вазифаатон тарсидед. Хе номардо.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.