.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари рӯз

Шумо дар Хабари рӯз

Нокомии варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Осиё-2018

Авг 20, 2018 Диданд: 178
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

19 август дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия мусобиқаҳои баскетбол, волейболи соҳилӣ, шамшербозӣ, футбол, ҳандбол, чавгонбозӣ, кабаддӣ, қайиқронии академӣ, сепак такрав, тирандозӣ, софтбол, шиноварӣ, таеквондо, теннис, волейбол, тӯббозӣ дар об, гӯштӣ ва ушу доир гардиданд.

Варзишгарони мо дар намудҳои варзиши гӯштӣ, тирандозӣ ва ушу иштирок карданд, аммо аз медалҳо бенасиб монданд. Дар гӯштии озод 5 варзишгари мо вориди рақобат шуданд. Дар вазни 57 кг Ҳикматулло Воҳидов аз намояндаи Муғулистон, дар вазни 86 кг Баҳодур Қодиров аз варзишгари Қазоқистон дар рақобати аввал шикаст хурданд. Дар вазни 65 кг Абдулқосим Файзиев дар рақобати аввал бар варзишгари Тайланд бо ҳисоби 12:2, дар вазни 74 кг Гамид Ҷалилов бар варзишгари Покистон бо ҳисоби 10:0 ғалаба карда, вале дар рақобати дуюм мутаносибан аз варзишгарони Ҳиндустон ва Кореяи Ҷанубӣ мағлуб гардиданд. Искандари Рустам дар вазни 97 кг бо сабаби нотобӣ натавонист гӯштӣ ба майдон барояд.

Дар тирандозӣ аз туфанг ба масофаи 10 метр дар рақобатҳои тими омехта Тоҷикистон ҷои 15-ум ва дар тирандозӣ аз таппонча дар масофаи 10 метр дар рақобатҳои тими омехта ҷои 21-умро ишғол намуд.

Дар намуди ушу ягона варзишгари тоҷик Мирзодалерхон Хуршедзода дар вазни 70 кг аз варзишгари Ҳиндустон шикаст хурда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум гашт.

Ҳамин тариқ, дар рӯзи аавали баъд аз маросими расмии кушодашавии бозиҳо варзишгарони 17 кишвар соҳиби медал шуданд ва варзишгарони 9 кишвар ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Чин бо 16 медал (7 тилло, 5 нуқра, 4 биринҷӣ), Ҷопон бо 14 медал (3-6-5), Кореяи Ҷанубӣ бо 11 медал (2-3-6) дар се ҷои аввал қарор доранд.

Имрӯз – 20 август – варзишгарони мо дар намудҳои футболи бонувон, тирандозӣ, шиноварӣ, таеквондо, гуштини озод барои ба даст овардани медалҳо талош мекунанд.

Тағйироти охир Душанбе, 20 Август 2018 12:36
Хонданд 178
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.