.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари рӯз

Шумо дар Хабари рӯз

Вазъи ҳаво: Чангу ғубор ва шамол дар назар аст

Авг 16, 2018 Диданд: 309
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 17 то 18 август дар бештари минтақаҳои ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал омада, вазиши сахти шамол аз 13-18 то 17-20 метр дар як сония дар назар дошта шудааст. Дар ин муддат дар ноҳиҳои кӯҳӣ боридани борон низ пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 21 август чангу ғубор боқӣ мемонад.

Имрӯз дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 13+18, рӯзона 28-33 ва дар шарқи  ин вилоят   шабона  4+9 ва рӯзона +17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда,  шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самт ғарб 10-15 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +17+22 ва рӯзона +32+37 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, дар базе ҷойҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +34 + 39 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +17 +22 ва рӯзона +33+38 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ карда шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабона +18+23 ва рӯзона +36+38 дараҷа гарм мешавад.

Тағйироти охир Панҷшанбе, 16 Август 2018 09:56
Хонданд 309
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.