.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари рӯз

Шумо дар Хабари рӯз

Вазъи ҳаво: 42 дараҷа гармӣ то 11-уми август

Авг 07, 2018 Диданд: 167
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат  шабона муътадил боқӣ монда, рӯзона дар бештари ноҳияҳо то 41-42 дараҷа мерасад. Ин гуна вазъи обу ҳаво то 11 август идома хоҳад ёфт.

Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +36+41 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 16+21, рӯзона 32-37 ва дар шарқи  ин вилоят   шабона  +4+9 ва рӯзона +20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои софу беғубор пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +37 + 42 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +15 +20 ва рӯзона +35+40 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор шуда, шабона +16+18 ва рӯзона +37+39 дараҷа гарм мешавад.

Тағйироти охир Сешанбе, 07 Август 2018 10:53
Хонданд 167
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.