.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари рӯз

Шумо дар Хабари рӯз

ВКД: Ҳамлагарони сайёҳон безарар гардонида шуданд

Июл 30, 2018 Диданд: 109
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки се гумонбар дар ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ муайян ва “безарар гардонида шуданд”.

Дар хабари мухтасари ВКД, ки баъд аз соати 15:00 рӯзи 30-юми июл дар вебсайташ нашр шуд

, чунин омадааст: “3 нафар ҷинояткорони дар кофтуков буда дар ҳудуди деҳаи Осмондараи ноҳияи Данғара муайян карда шуда, безарар гардонида шуданд”.

Тибқи иттилои Радиои “Озодӣ”, се гумонбар аз дохили фермаи рақами якуми ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара аз ҷониби кормандони ВКД боздошт шудаанд.

Ҳамла ба хориҷиҳо замоне рух дод, ки Тоҷикистон дар фикри ҷалби сармоя ва кӯмакҳои бештари хориҷӣ, бахусус дар бахши туризм мебошад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ду сокини ноҳияи Панҷ ва як сокини шаҳри Норакро дар робита ба ҳодисаи ҳалокати чаҳор сайёҳи хориҷӣ дар ҷануби Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯ қарор додааст. Ин вазорат рӯзи 30-юми июл бо пахши як хабарнома аз сокинони кишвар хост, ки дар пайдо кардани Зафарҷон Сафаров, Асомуддин Маҷидов ва Ҷаъфариддин Юсупов, ки дар пахш намудани сайёҳони хориҷӣ бо мошин ва куштори онҳо дар ҷустуҷӯ қарор доранд, мусоидат кунанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ду нафари аввалӣ - Зафарҷон Сафаров ва Асомуддин Маҷидов сокинони деҳаи Селгаи ҷамоати деҳоти Кабуд Сайфиддинови ноҳияи Панҷ буда, ҳар ду 19-сола мебошад. Ҷаъфариддин Юсуфови 21-сола сокини шаҳри Норак будааст.

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон барои онҳое, ки дар боздошти ин афрод мусоидат мекунанд, ҷоизаҳои калони пулӣ ва молӣ ваъда кардааст. Вале Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маблағи дақиқи пулиро эълон накардааст. Вазорат ҳамзамон гуфтааст, ки маълумот дар бораи афроде, ки дар боздошти шахсони мавриди ҷустуҷӯ мусоидат мекунанд, ифшо намешавад.

Хонданд 109
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.