.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари рӯз

Шумо дар Хабари рӯз

139 ҷинояти террористӣ ва 399 экстремистӣ дар ним сол

Июл 30, 2018 Диданд: 90
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Дар ним соли аввали 2018 аз ҷониби кормандони милиса 9 гуруҳи муташаккил дар ҳайати 37 нафар ошкор ва боздошт карда шуд, ки дар содир кардани 46 ҷиноят муттаҳам дониста мешаванд. Ҳамчунин, 139 ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва 399 ҷинояти

хусусияти экстремистидошта ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин бора вазири корҳои дохилии кишвар Раҳимзода Рамазон дар нишасти матбуотии имрӯза иттилоъ дод.

- Аз тарафи кормандони мақомот 454 аъзои ташкилотҳои террористӣ-эктремистӣ ошкор ва боздошт гардида, содиршавии зиёда аз 600 ҷиноят пешгирӣ карда шуд. Дар натиҷаи гузаронидани маҷмуи чораҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ ду амали террористии солҳои пешин дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Нуробод аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ошкор ва ҳамчунин, содиршавии ду амали террористӣ дар ноҳияҳои Шаҳритусу Вахш муайян ва пешгирӣ карда шуд. Дар ин баробар, 29 ҳолати маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта ошкор гардида, 17 нафар бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят дастгир гардиданд,- гуфт вазир.

Раҳимзода гуфт, ҳолати ҷалби шаҳрвандон ба сафи гуруҳҳои террористӣ-экстремистӣ, сафари шаҳрвандон ба давлатҳои ҷангзада, пайвастан ба гуруҳҳои ҷангҷӯй ва иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ назар ба солҳои пеш хеле коҳиш ёфтааст: «Тибқи маълумоти ситоди ягонаи ҷумҳуриявии байни мақомот дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 372 нафар шаҳрвандон, ки барои иштирок дар задухӯрдҳо ба хориҷи кишвар сафар карда буданд, муайян карда шуда, ба қайдҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузошта шудаанд. Аз ин ҳисоб зиёда аз 100 нафари онҳо дастгир шуда, ба маҳбас кашида шуданд».

- Дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ 30 нафар аъзои созмони террористии Ҳизби наҳзати ислом, ки сокинони ноҳияи Ашт мебошанд, ба ватан баргардонида шуданд. Ҳамчунин, 47 нафар шаҳрвандон дар пайи бурдани амалҳои ташвиқотию тарғиботӣ аз сӯи намояндагони мақомоти кишвар аз мамлакатҳои ҷангзада бо хоҳиши худ ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Бино ба маълумотҳо, дар задухӯрдҳои давлатҳои хориҷӣ аз соли 2014 инҷониб беш аз 300 нафар шаҳрвандони мо несту нобуд шудаанд,- гуфт вазири корҳои дохилии кишвар.

Яке аз омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ ин таҳсилоти ғайриқонунии динии ноболиғон ва ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар будааст.

Бино ба гуфтаи Раҳимзода, пас аз вохӯриҳои судманд бо волидон дар ним соли равон 35 нафар фарзандони онҳо, ки ғайриқонунӣ дар муассисаҳои таълимии динии хориҷ таҳсил мекарданд, ба ватан бозгардонида шудаанд: «Феълан 357 нафари дигар боқӣ мондааст, ки барои баргардонидани онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ идома дорад».

Хонданд 90
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.