.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари рӯз

Шумо дар Хабари рӯз

Китоби «Панҷрӯд» аз чоп баромад

Март 19, 2018 Диданд: 585
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Бо дастгирии директори КВД КТН «Шарқи Озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Файзуллозода китоби «Панҷрӯд - таърих, ҷуғрофиё ва табиат»-и Ҳазратшоҳи Давлатшоҳ ба табъ расид, ки ёддоштҳои нависандаро аз таърихи гузаштаи Панҷрӯд-зодгоҳи сардафтари шеъри форсӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар бар мегирад.

Нависанда дар ин асар кӯшидааст, ки шунидаҳояшро дар бораи таърих, ҷуғрофиё ва табиати диёраш рӯи коғаз орад, то барои ояндагон дар рохи омӯзиши кишвар таърихи кишвар манфиате дошта бошад. Дар ин китоб инчунин шеърҳои муаллиф, ки зери унвони «Равзанаи меҳр» ба қалам омадаанд, ҷой дода шудаанд. Китоби мазкур аз пешгуфтор, Давраи қадим, Роҳи абрешим, Панҷрӯд ва бунёди таърих, Майдони Малик, Ҷӯйи Малик, Ҳукумати туркҳои минг дар Киштӯд, Касбу ҳунар ва савдою тиҷорат дар Панҷрӯд, Замони ҳокимияти Ниёзи Кончӣ, Мактабу маориф, Давраи ҷадид, Урфу одат, расму русум, Мулкҳо ва ҷуғрофиёи Панҷрӯд, Мактаби Шӯравӣ, Роҳбари фидокор, Ҷашни 1100-солагии устод Рӯдакӣ, Шикасти афкори муғризона атрофи мавқеи қабри устод Рӯдакӣ, Рӯзгори авлодони «душмани халқ», хотима ва шеъру ғазалу дубайтиҳо бо унвони «Равзанаи меҳр» иборат мебошад. Ин маҷмӯаи чоруми Ҳазратшоҳи Давлатшоҳ мебошад, ки дастраси хонандагон мегардад.

Бибиҷон Ашӯрова

Тағйироти охир Душанбе, 19 Март 2018 16:36
Хонданд 585
Баҳо диқед
(1 _)

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.