.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари рӯз

Шумо дар Хабари рӯз

Муродов Қувват ҳеҷ вақт аъзои Фронти халқӣ набуд

Март 06, 2018 Диданд: 495
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

(Ҷавоби яке аз бунёдгузорони Фронти халқии Тоҷикистон, фармондеҳи Фронти халқии Кӯлоб Иброҳим Исмоилов ва як гуруҳ собиқадорони Фронти халқӣ ба изҳороти Қувваталӣ Муродов дар бораи интихоботи президентии соли 2020)


Дӯстони азиз, тавре хабар доред, рӯзи 1-уми марти соли 2018 шаҳрванд Муродов Қувваталӣ аз номи фаъолон ва собиқадорони «Фронти халқии Тоҷикистон» дар расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла аз тариқи радиои «Озодӣ» баромад карда, дар бораи як қатор масъалаҳои сиёсии кишвар изҳорот дод. Ӯ дар мусоҳибаи худ аз ҷумла оид ба интихоботи президентии соли 2020 дар Тоҷикистон сухан ронда, изҳор мекунад, ки гӯё фаъолони Фронти халқии Тоҷикистон ба ин интихобот тайёрӣ дида, номзади худашонро дар он пешниҳод мекардаанд. Ҳамчунин, ӯ аз номи фаъолону собиқадорони Фронти халқӣ дар масъалаҳои кам кардани миқдори имзоҳо барои довталабон ба мансаби президентӣ, коҳиш додани гаравпулии интихоботӣ, тақсими салоҳиятҳои роҳбарияти давлат ва Раиси ҳукумат ва ғайраҳо талабот пешниҳод кардааст.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, банда ҳамчун яке аз ташкилкунандагон, фармондеҳон ва собиқадорони Гвардияи миллии Тоҷикистон ва минтақаи Кӯлоб ҳаминро қайд карданӣ ҳастам, ки аз моҳи майи соли 1992 дар Тоҷикистон “Фронти халқии Тоҷикистон” тамоман вуҷуд надорад. Ман ҳамчун роҳбари Фронти халқии Кӯлоб бо ҳамроҳии ҳамаи дӯстони ҳамсафонам дар ин ҳаракати мардумӣ бисёр зарур мешуморем, ки дар ин масъалаҳо чанд фикру мулоҳизаҳои қатъии худро баён кунем. Зеро, агар мо хомӯш нишинем, шахсони бесалоҳияту фурсатталаб метавонанд ҷомеаро ба гумроҳӣ андозанд.
Якум, Тоҷикистони азизи мо кишвари дунявии демократӣ буда, ҳар шаҳрванд метавонад фикри худро озодона баён кунад. Аз ин рӯ, Қувваталӣ Муродов ҳам ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон метавонад фикру мулоҳизаи худашро дар бораи масъалаҳои дилхоҳаш изҳор намояд. Лекин, аз сабабе, ки ӯ аз номи “Фронти халқии Тоҷикистон” ва дар бораи гӯё барномаҳо ва мавқеи Фронти халқӣ нисбат ба интихоботи президентӣ гап задааст, мо бетараф буда наметавонем ва ба таври қатъӣ изҳор менамоем, ки Қ. Муродов ҳаргиз чунин ҳуқуқро надорад! Зеро роҳбарияти Гвардияи миллии Точикистон ва минтақаи Кӯлоб ва фаъолону собиқадорони он дар вақтҳои охир дар ин масъалаҳо ягон хел ҷамъомад накардаанд ва дар ин мавзуҳо ягон хел қарор қабул карда нашудааст. Дар ин масъала аз ҷониби Гвардияи миллии Тоҷикистон ва минтақаи Кӯлоб ягон хел пешниҳодҳо таҳия нагардидааст ва махсусан ба Қ. Муродов ягон хел ихтиёроту салоҳияти аз номи Гвардияи миллӣ баромад кардан дода нашудааст. Бинобар ин, чунин изҳороти бемасъулиятона аз номи чунин ҳаракати обрӯманди халқӣ дар асл таҳқири Гвардияи миллӣ мебошад. Ин шахси худхонда ё «самозванетс» ягон салоҳият ва ихтиёроти аз номи Гвардияи миллии Тоҷикистон баромад карданро надошт. Яъне, изҳорот, фикру мулоҳизаҳо, пешниҳоду талабҳои ӯ ягон робита бо Гвардияи миллии Тоҷикистон надорад.
Дуюм, Қ. Муродов дар ҳақиқат дар солҳои 90-уми асри гузашта дар сафи Гвардияи миллии Тоҷикистон ҳамчун духтур фаъолият карда буд. Аммо дар 20 соли охир, ӯ аз аъзогӣ ва аз фаъолияти Фронти халқӣ пурра дур шуда, дар ягон ҷамъомад ва барномаҳои фаъолону собиқадорони он иштирок накардааст. Ӯ пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун духтур ва баъдан то солҳои 2013 ҳамчун роҳбари истироҳатгоҳи «Харангон» кор карда, баъд умуман аз кори давлатӣ ҳам дур шудааст. Бо гуфтани ин маълумот, мехостам ду масъаларо ба Шумо маълум намоям:
1. Қ. Муродов ягон вақт фармондеҳ, командир ё узви роҳбарияти “Фронти халқии Тоҷикистон” набуд ва фақат як муддат ҳамчун духтури шахсии Роҳбари фронти халқӣ Сангак Сафаров кор кардааст. Бинобар ин, худашро намояндаи баландрутбаи Фронти халқӣ муаррифӣ кардани ӯ ва аз номи фаъолони ин ҳаракат сухан ронданаш дурӯғи маҳз аст. Ман аз органҳои давлатӣ хоҳиш мекунам, ки он шаҳодатномаи Фронти халқиро, ки Қ. Муродов сураташро дар расонаҳо нишон додааст, як бор аз санҷиш гузаронанд, зеро ӯ ягон рутбаи баланди ҳарбӣ ва хизматӣ надошт.
2. То ҷое, ки ҳама медонанд, Қ. Муродов дар давраи роҳбари истироҳатгоҳи «Харангон» буданаш, аз мансаб сӯйистифода карда, ин истироҳатгоҳи муҳимро ба номи худаш хусусӣ карда гирифта буд. Ӯ дар як қисми ин истироҳатгоҳи муҳими давлатӣ қасри шахсӣ сохта, замини истироҳатгоҳро аз худ карда буд. Аммо вақте Суди иқтисодии Тоҷикистон ин рафтори ғайриқонунии ӯро пешгирӣ кард, солҳо судбозӣ карда, кӯшиш менамуд, ки ин объекти муҳими иҷтимоӣ ва тандурустиро аз худ кунад. Аммо вақте Суди иқтисодӣ панҷ бор дурустии қарори худашро тасдиқ кард, Қ. Муродов раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойировро ҳамчун адвокат гирифта, аз болои мақомоти судии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид шикоят намуд. Бахши СММ оид ба ҳуқуқи инсон ба ӯ ва адвокаташ ҷавоб гардонда буд, ки ҳалномаи суди Тоҷикистон дуруст аст. Бинобар ин, Қ. Муродов дар ин қазияи судӣ шикаст хӯрда, истироҳатгоҳ ба давлат баргардонида шуд.
Ҳамин хел, Қ. Муродов бо бадномию ҷанҷол аз хидмати давлатӣ ҳам дур карда шуд. Тамоми қаҳрамонӣ ва корномаи ӯ ҳамин қадар аст.
Сеюм, Қ. Муродов дар солҳои охир натанҳо аз фаъолону собиқадорони Фронти халқӣ, балки аз барномаҳо, принсипҳо ва арзишҳои Фронти халқӣ дур шудааст. Ӯ баъд аз муваффақ нашуданаш дар масъалаи аз худ кардани истироҳатгоҳи «Харангон» нисбат ба давлат ва қонун хусумат пайдо карда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маъракаҳо фикрҳои тафриқаангез мегуфт. Ӯ дар протсеси судбозиҳояш бо раиси ҲСДТ Р. Зойиров наздик шуда, дар охир пурра зери таъсири ин шахсият гузашта, фикру ақидаҳои ӯро қабул кардааст. Шояд шикояти Қ. Муродов аз болои мақомоти Тоҷикистон ба ташкилоти бегонаи хориҷӣ ва баромади ӯ дар бораи интихоботи президентии Тоҷикистон маҳз таъсири “ҳамкорӣ”-и ӯ бо Р. Зойиров бошад.
Дигар ин ки, маҳз дар радиои «Озодӣ» ташкил шудани мусоҳибаи ӯ дар бораи интихоботи Тоҷикистон ва маҳз аз тарафи расонаҳои хориҷӣ бо як овоз дастгирӣ шудани пешниҳодҳои подарҳавои ӯ нишон медиҳанд, ки Қ. Муродов дидаю дониста ба бозичаи дасти баъзе доираҳои тафриқаандози дохилию хориҷӣ табдил шудааст. Дар кишварҳои хориҷӣ зиндагӣ кардани баъзе фарзандони ӯ ҳам метавонад ба тамоюлҳои сиёсӣ ва мазмуни изҳоротҳои ӯ таъсир дошта бошад.
Ба таври умумӣ, ин рафтори Қ. Муродов дар шаъни як узви Фронти халқӣ набуда, иснод овардан ба мавқеи ватандӯстонаи аъзои ин ҳаракати халқӣ мебошад.
Масъалаи аз ҳама муҳимтаре, ки мо маҳз барои эълон кардани он аз Кӯлоб ба Душанбе омадем, мавқеи ҳақиқии фаъолон ва собиқадорони Фронти халқӣ мебошад. Мо собиқадорони Фронти халқии Тоҷикистон, ки барои барқарории сохти конститутсионии кишвар заҳмати бевосита кашида, қурбониҳо додаем, имрӯз сиёсати сулҳу ваҳдат ва созандагию ободонии давлати Тоҷикистон, махсусан сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона дастгирӣ менамоем. Мо ба сиёсати давлат аз берун нигоҳ намекунем, балки мо худамон ҷузъи ҳамин сиёсат ҳастем.
Дар бораи муносибати мо ба интихоботи президентии соли 2020 бори дигар таъкид мекунам, ки фаъолону собиқадорони Фронти халқии Тоҷикистон то имрӯз дар бораи ин интихобот, дар бораи пешниҳоди номзад ба он ё дар бораи тағйир додани шартҳои интихобот ягон ҷамъомад, ҳамоиш ё барномае надоштаанд. Фронти халқӣ дар ин масъалаҳо ба ғайр аз нишондодҳои Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон пешниҳодҳои иловагӣ ба миён нагузоштааст. Бинобар ин, касе ҳақ надорад, ки худаш аз номи баланди ин ҳаракати мардумӣ дар ин масъалаҳо гап занад.
Лекин агар мавқеи шахсӣ ва шаҳрвандии фаъолон ва собиқадорони Фронти халқии Тоҷикистонро гӯем, ман медонам ва боварӣ дорам, ки ҳамаи онҳо дар атрофи Пешвои миллат ҷамъ буда, онро пурра дастгирӣ мекунанд. Мо шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро як неъмати бузург барои давлат ва миллати Тоҷикистон медонем ва дар тамоми ташаббусҳо, барномаҳо ва иқдомҳояш бо ӯ ҳамроҳ ҳастем. Гарчӣ имрӯз Тоҷикистон органҳои қудратии қавӣ ва босалоҳият дорад, аммо мо собиқадорони Фронти халқӣ имрӯз ҳам тайёр ҳастем, ки дар лаҳзаи даркорӣ барои ҳимояи сохти конститутсионӣ ва барои ҳимояи Пешвои миллатамон ҷони худамонро дареғ надорем.
Ман ҳамчун яке аз ташкилкунандагон, фармондеҳони марказӣ ва собиқадорони Фронти халқӣ, ки тамоми марҳилаҳои фаъолияти онро тай кардаам, қотеъона изҳор менамоям, ки маҳз ҳамин тантанаи истиқлолияту озодӣ, ҳамин давлати дунявию демократӣ, ҳамин сулҳу ваҳдату сарҷамъии миллат, ҳамин Тоҷикистони ободу тинҷу осуда, ки имрӯз зери роҳбарии Пешвои миллат рушд мекунад, барнома ва мақсади асосии Фронти халқӣ буд. Яъне, Фронти халқӣ маҳз барои расидан ба ҳамин рӯз мубориза кард ва Фронти халқӣ пурра ба мақсадаш расидааст.
Бинобар ин, ҳар касе фикру ақидаи дигар дорад, ҳар касе мухолифи ин сохти конститутсионӣ ва мухолифи ин дастовардҳо бошад, ӯ на танҳо намояндаи Фронти халқӣ нест, балки мухолифи барнома ва ормонҳои Фронти халқӣ аст. Аз ин рӯ, метавонем бигӯем, ки инсонҳое чун Қувваталӣ Муродов, ки дар ҳамкорӣ бо доираҳои тафриқаандоз ва ба воситаи расонаҳои бегонаи хориҷӣ аз номи “Гвардияи миллӣ” худсарона чунин изҳоротҳо медиҳанд, дар асл ба принсипҳо ва ормонҳои патриотию ватандӯстонаи Фронти халқӣ хиёнат мекунанд. Касоне, ки бо фаъолияти ин ҳаракати мардумии ватандӯстона аз наздик шиносанд, нағз медонанд, ки Фронти халқӣ ҷабҳаи мардони ҳақиқӣ буда, хиёнатро намеписандад!

Тағйироти охир Сешанбе, 06 Март 2018 21:10
Хонданд 495
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.