.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари рӯз

Шумо дар Хабари рӯз

Озодии рӯзноманигоре, ки 19 сол ҳукм гирифта буд

Март 05, 2018 Диданд: 371
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Хабарнигори пешини рӯзномаи "Эрк" Юсуф Рузимуродов, шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бо айби фаъолияти зиддидавлатӣ 19 сол зиндонӣ буд, ки хешовандонаш аз зиндон озод шудани ӯро тасдиқ карданд.

Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон имрӯз тасдиқ кард, ки рӯзноманигори узбек, ки солҳо паси панҷара буд, охирҳои моҳи феврал аз маҳбас озод шуд. «CPJ ҳукумати ин кишварро даъват кард, ки барои беҳтар кардани фазои расонавӣ дар Узбекистон корҳое анҷом шавад ва иттиҳоми ду рӯзноманигори мустақил, ки имрӯз, 5-уми март, бояд дар додгоҳ баррасӣ шаванд, бардошта шавад, - омадааст дар изҳороти Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон (CPJ).

Рузимуродов бо дархости ҳукуматдорони Узбекистон 15 марти соли 1999 дар шаҳри Киев боздошт шуда буд. Дар Узбекистон ӯро ба 15 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум ва соли 2014 мӯҳлати ҷазои ӯро 3 соли дигар дароз карданд. Ин рӯзноманигор охири моҳи феврали соли ҷорӣ аз маҳбас озод шудааст.

Зарринаи Ғайрат

Тағйироти охир Душанбе, 05 Март 2018 16:08
Хонданд 371
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.