.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари рӯз

Шумо дар Хабари рӯз

Тоҷикистон ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ омода мешавад

Фев 28, 2018 Диданд: 390
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Бо мақсади дар сатҳи баланд омода шудан ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби васеи моҳияти истиқлолият ва озодӣ, соҳибватанию соҳибдавлатӣ ва арзишҳои неки миллӣ Кумитаи тадорукоти ин ҷашн қарор кард, ки роҳбарони вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолиятро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Дар ин бора, имрӯз, дар ҷаласаи ҳукумат, ки дар Қасри миллат таҳти раёсати Президент, раиси Кумитаи тадорукоти ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои кумитаи тадорукот ҷаласа баргузор шуд, тасмим гирифта шуд.

Инчунин қарор карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он дар муҳлати ду моҳ нақшаи чорабиниҳои мазкурро таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Ёдовар мешавем, ки аз 19 декабри соли 2017 таҳти рақами 968 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид, ки тибқи он соли 2021 дар саросари кишвар ин иди умумимиллӣ бояд дар сатҳи баланд ва бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардад.

Тағйироти охир Чоршанбе, 28 Феврал 2018 14:49
Хонданд 390
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.