.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари рӯз

Шумо дар Хабари рӯз

Оромгоҳи Мӯсо Исоев обод мешавад

Фев 28, 2018 Диданд: 944
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Оромгоҳи ҳунарманд ва паҳлавони соҳибноми тоҷик Мӯсо Исоев, воқеъ дар деҳаи Пастиғави ноҳияи Мастчоҳи нав, пас аз 26 соли маргаш обод мегардад. Дар ин бора, журналист Муродуллоҳ Почозода дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.

Ӯ менависад: “...Хушбахтона, бо пешниҳоди Хуршед Атовулло, директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва супоришу дастгирии раиси фарҳангпарвари ноҳия Ғайрат Азиззода оромгоҳи Мӯсо Исоев, ҳунарманд ва паҳлавони нотакрори тоҷик воқеъ дар қабристони деҳаи Пастиғав пас аз 26 соли маргаш обод мешавад”.

Мӯсо Исоев соли 1952 дар деҳаи Пастиғави ноҳияи Мастчоҳи кӯҳӣ таваллуд шудааст. Номбурда дар филмҳои зиёде нақш офаридааст, ки филмҳои “Кафорат”, “Шикасти афғон” аз ҷумлаи онҳост.

Мӯсо чемпиони чандкаратаи Тоҷикистону Озарбойҷон дар риштаи дзюдо буд ва бо ҷисми рустамонааш шукӯҳу шаҳомати беназир дошт. Ба ин паҳлавон мардум лақаби “Шери Мастчоҳ” додааст ва аксар Мӯсоро бо ин лақаб мешинохтанд.

Соли 1992 ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ шахсони номаълум ӯро аввал боздошт карда, баъди он ба ҷисмаш 80 тир заданд.

Овозхони пуровоза Рустам Исоев, ҷигарбанди Мӯсо Исоев мебошад.

Тағйироти охир Чоршанбе, 28 Феврал 2018 10:15
Хонданд 944
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.