.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари рӯз

Шумо дар Хабари рӯз

Консерти Шералӣ Ҷӯраев, Юлдуз Усмонова, Фаррух Зокиров ва Нигина Амонқулова барои ду президент

Фев 27, 2018 Диданд: 1529
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Ба муносибати ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барномаи консертӣ таҳти унвони "Иди дӯстӣ" бо иштироки устодони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев, Фаррух Зокиров, Юлдуз Усмонова, Нигина Амонқулова ва дигарон баргузор мегардад.

Тавре Оҷонсии «АП» хабар додааст, сафари роҳбари Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Душанбе санаи 9-10 марти соли ҷорӣ дар назар аст.

Барномаи консертӣ шоми 9-уми март дар бинои Кохи Борбад бо иштироки сарояндагону мусиқанавозони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор хоҳад шуд. Дар ин консерт Ӯзбекистонро санъаткорон Юлдуз Усмонова, Шералӣ Ҷӯраев, Фаррух Зокиров, Озодбек Назарбеков муаррифӣ хоҳанд кард.

Аз Тоҷикистон дар ин консерт сарояндагони маъруфи тоҷик Давлатманд Холов, Нигина Амонқулова, сарояндаи опера Рустам Дулоев ва дигарон ширкат хоҳанд кард.

Дар баробари сарварони ду давлат, дар назар аст ин консерти муштаракро намояндагони расмии Ӯзбекистон, аъзои ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон, корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва фаъолони кишвар тамошо кунанд.

Зарринаи Ғайрат

Тағйироти охир Чоршанбе, 28 Феврал 2018 14:50
Хонданд 1529
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.