.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари рӯз

Шумо дар Хабари рӯз

Панҷ: 8 соли зиндон барои қаллобӣ

Фев 27, 2018 Диданд: 331
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон кирдори судшаванда соҳибкор Абдураҳмонова Муътабар Қурбоналиевна, сокини ноҳияро бо моддаи 247 қисми 4 банди «б», ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯистифода аз боварӣ ба миқдори махсусан калон пешбинӣ менамояд, банду баст карда, ӯро ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум сохт.

Ҳукм рӯзи 15-уми феврал содир гардидааст. Аз нусхаи он, ки дар ихтиёри «Фараж» аст, бармеояд, шаҳрванд Абдураҳмонова М. давоми солҳои 2014-2015-ум барои пешбурди фаъолияти соҳибкориаш бо роҳи сӯистифода аз боварӣ аз сокинони ноҳияи Панҷ Сафаров Абдураҳмон Холалиевич 25 ҳазор доллар ва Кабирова Соҷида Умаралиевна дар ду ҳолат- аввал 180 ҳазор рубли русӣ (25686 сомонӣ) ва моҳе пас 61 ҳазор сомонӣ барои як сол қарз гирифта, дар муҳлати муайяншуда барнагардонидааст.

Судшаванда Абдураҳмонова М. бошад, бо айби нисбаташ эълоншуда худро қисман гунаҳгор донистааст. Бино ба нишондоди ӯ, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо Сафаров А. аз 17-уми июни соли 2014 то моҳи феврали соли 2016 барои маблағи 25 ҳазор доллари гирифтааш ҳар моҳ 500 доллар фоиз додааст. Ахиран замони дар пешбурди суд қарор доштани парванда, ӯ бар ивази маблағи гирифтааш, барои барқарор кардани зарар як қисмати манзили истиқоматиашро ба Сафаров А. додааст, ки ҷабрдида ҳам ба он розӣ шуда, оиди барқарор гардидани зарар ва надоштани даъво забонхат додааст.

Ҷабрдида Сафаров Абдураҳмон Холалиевич низ дар мурофиа оиди барқарор гардидани зарар баёнот дода, гуфтааст, ки судшаванда ба ҷойи маблағ қисмати боқимондаи хонаашро (судшаванда як қисмати онро қаблан фурӯхтааст) ба ӯ додааст ва нисбаташ даъво надорад.

Ҷабрдидаи дуюм Кабирова Соҷида Умаралиевна, ки маблағи 82 ҳазор сомониро ба судшаванда Абдураҳмонова М. додааст, дар суд нишондод додааст, ки судшаванда ба боварияш даромада, соли 2015 ин маблағро ба муҳлати як сол аз ӯ қарз гирифта, ба сифати гарав на ҳуҷҷатҳои аслии хона, балки нусхаи онро додааст.

Бояд қайд кард, ки тибқи ҳалномаи суди ноҳияи Панҷ аз 26-уми январи соли 2017 аз ҳисоби маҳкумшуда Абдураҳмонова М. ба фоидаи Кабирова С. оиди рӯёнидани 82564 сомонӣ ҳалнома содир гардида бошад ҳам, аммо муддати беш аз як сол аст, он беиҷро мононда шудааст.

Тағйироти охир Сешанбе, 27 Феврал 2018 09:38
Хонданд 331
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.