.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари рӯз

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон имрӯз, 17-уми августи соли 2018, конфронс дар мавзӯи “Иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии муқовимат ба коррупсия, таҳкими ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба паст кардани хавфҳои коррупсионӣ” баргузор гардид.

Тибқи гуфтаи ташкилкунандагони ин конфронс мақсади асосии чорабинӣ мусоидат намудан дар амалинамоии самараноки сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Диққати махсуси конфронс ба муҳокима намудани масьалаҳои алоқаманд ба иҷроиши уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ҷодаи муқовимат ба коррупсия, таҳкими ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба паст кардани хавфҳои коррупсионӣ дар низоми ҳифзи ҳуқуқ ва инкишофи таьлими зиддикорупсионӣ равона шуда буд.

Хонданд 154

Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд рафт

Авг 17, 2018
Диданд: 175

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми додани сафари кории давлатӣ ба Тошканд – пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвоз кард.

Маркази матбуоти президент хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвазир, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро гурӯҳи васеи ҳайати расмӣ аз ҳисоби аъзои Ҳукумат, роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо, соҳибкорон ва аҳли ҳунару фарҳанг ҳамроҳӣ мекунанд.

Хонданд 175

Вазъи ҳаво: Абриву боронӣ мешвад

Авг 17, 2018
Диданд: 148

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар бештари ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ муътадил боқӣ мемонад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +21+26 ва рӯзона +33 + 38 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 15+20, рӯзона 27-32 ва дар шарқи  ин вилоят   шабона  3+8 ва рӯзона +14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва раъду барқ пешбинӣ мешавад. Шабона +17 +22 ва рӯзона +32+37 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ карда шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабона +18+20 ва рӯзона +34+36 дараҷа гарм мешавад.

Хонданд 148

11-уми август дар гулгашти назди Театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд намоишу фурӯши маҳсулоти кишоварзии шаҳру ноҳия ва идораи захираҳои моддии “Тоҷикматлубот”-и вилояти Суғд баргузор гардид, ки аз он раиси вилояти Суғд Раҷабой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳамадзода ва дигар масъулини шаҳру вилоят дидан намуданд.

Дар вохурӣ бо шаҳрвандону деҳқонон раиси вилоят қайд кард, ки чунин чорабиниҳо дар асоси супориши бевоситаи Пешвои муазам, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, дар рӯзҳои истироҳат то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ идома меёбад.  

Ин иқдомро сокинони шаҳри Хуҷанд бо хушнудӣ истиқбол намуданд.

Нархи маҳсулот нисбат ба нархҳои бозор 20-40 % арзон буда, сифати маҳсулот низ хуб арзёбӣ карда мешуд. Дар ин намоишгоҳ 1кг аст картошка 080 - 1 сомонӣ, пиёз  40-60 дирам, гӯшти гов 30 сомонӣ, гӯсфанд 33 сомонӣ, карам 0,60-1 сомонӣ, ангур 3-4 сомонӣ, шафтолу 2-4 сомонӣ, себ 1-3 сомонӣ олуча  3 сомонӣ, асал 20-25 сомонӣ, намак 40 дирам, тарбуз 2-4 сомонӣ ва харбуза 10-20 сомонӣ арзиш доштанд.

Саиди Ҳайдар, МТЖТ

Хонданд 215

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • занакГАП

    Ҳама аз дард менолад, вале ҳар кас ба таври худ,…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.