.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари рӯз

Мутахассиси маъруфи футбол Рашид Раҳимов, ки зодаи Тоҷикистон аст, сармураббии клуби футболи “Ахмат”-и шаҳри Грозний аз Ҷумҳурии Чеченистони Федератсияи Русия таъйин шудааст.

Роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров дар саҳифаи твиттери худ навишт: “Дӯстони гиромӣ! Мехоҳам ба шумо ва мухлисони клуби азизамон “Ахмат” хушхабар расонам: сармураббии клуб Рашид Раҳимов таъйин шуд”.

Раҳимов дар ин вазифа Игор Ледяховро, ки якшанбеи гузашта аз даста рафт, иваз кард. Баъди даври 6-ум “Ахмат” дар ҷадвали Премйер лига дар зинаи 9-ум қарор дорад.

Рашид Раҳимови 53-сола аз ин пеш ҳам таҷрибаи кор дар ин клубро дошта буд. Собиқ бозигари клуби футболи “Помир”-и Душанбе аз соли 2013 то 2017 дар клуби “Ахмат”, ки он вақт “Терек” ном дошт, ба ҳайси сармураббӣ кор карда буд. Дар мавсими 2016/17 даста бо Раҳимов дар ҷадвал ҷойи панҷумро гирифт, ки ин нишондоди беҳтарини клуби Чеченистон аст.

Хонданд 124

Дар таьрихи Тошканд нахустин бор маросими тантанавӣ бахшида ба 27- солагии истиқлолияти Ӯзбакистон мукофоти давлатии Ӯзбекистон ба шаҳрвандони хориҷӣ супорида шуд. Дар ин бора расонаи ӯзбекии Podrobno.uz. хабар дод.

“Имрӯз мардуми мо 27-солагии истиқлолияти Ҷумхурияти Ӯзбекистонро ҷашн мегиранд. Ин боиси хурсандист, ки дар таърихи кишвари мо ин санаи муҳимро дӯстони хориҷӣ ва шарикони ӯзбекистонӣ, аз ҷумла намояндагони корпуси дипломативу ташкилотҳои байналхалқӣ, ширкатҳои бузурги хориҷӣ ва муассисаҳои молиявӣ ҳамроҳи мо ҷашн мегиранд”, - гуфт президенти Ӯзбекистон.

Президенти Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев ба сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода, вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳиддинов ордени “Фидокорона хизматлари учун”-ро тақдим кард. Ҳамчунин, намояндагони фарҳанг, илм ва тандурустӣ, ки ба таҳкими дӯстии байни халқҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон саҳми бузург гузоштаанд, унвонҳои ифтихорӣ гирифтанд.

Ҳамзамон приезиденти Ӯзбекистон муассис ва роҳбари ширкати  саҳҳомии русӣ USM Holding Алишер Усмоновро бо ордени “Эл-юрт ҳурмати”  қадрдонӣ намуд. Бо ордени “Дӯстлик” президенти ширкати русии СК “Лукойл”  Вагиту Алекперов сарфароз гардид. Инчунин, ба аъзои Раёсати ширкати Knauf Group of Companies in Germany Николаусу Кнауф орден дода шуд.

Хонданд 153

Дар шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон аввалин эстакада – роҳи сеқабатаи замонавӣ ба истифода дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт ширкат карданд.

Эстакадаи мазкур дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд гардидааст.

Сохтмони ин эстакада 22 июли соли 2016 бо иштироки бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буд. Муҳандисону роҳсозони варзидаи ватанӣ дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷии худ иншоотро дар муддат ду сол мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Чорсӯи нав аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дуввуми чорроҳа роҳи давродаврие бунёд шудааст, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути нишонаҳои махсус роҳнамоӣ карда мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб кӯпрук бо дарозии 125 метр ва паҳноии 24,8 метр мегузарад.

Дар лоиҳаи сохтмони эстакада 4 роҳи зеризаминӣ низ бо дарозии умумии 236 метр барои роҳгузарон бунёд шудаанд.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи сеқабата бо нишонаҳои роҳ ва хатандозиҳо танзим мегардад. Баробари анҷоми дигар корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи эстакада ҳамчунин такядеворҳои рӯизаминӣ бо дарозии 568 метр ва зеризаминӣ бо дарозии 480 метр бунёд шудааст.

Хонданд 199

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.