.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари рӯз

Узбекистон ва Тоҷикистон боз се хатсайри автобусро ба ҳудуди ин кишварҳо роҳандозӣ кардаанд. Акнун мусофирон метавонанд бо хатсайрҳои «Тирмиз – Душанбе», «Деҳнав – Душанбе» ва «Самарқанд – Панҷакент» ба ҷонибҳо рафтуомад кунанд.

Дарозии роҳи хатсайри «Тирмиз – Душанбе» 251 километр буда, замони умумии сафар тақрибан 5 соату 40 дақиқаро дар бар мегирад. Нархи роҳкиро дар ин самт 70 ҳазор сӯм (наздики 9 доллар) будааст.

Хатсайри «Деҳнав – Душанбе» нисбатан масофаи кам дошта, 107 километр будааст. Мусофирон дар 2 соату 25 дақиқа аз истгоҳи аввал ба охир мерасидаанд. Нархи роҳ дар ин самт 40 ҳазор сӯм будааст.

Мусофирони хатсайри «Самарқанд – Панҷакент» 64 километр роҳро бо 20 ҳазор сӯм тай карда, баъди 1 соату 25 дақиқа ба мақсад мерасидаанд.  

 

Хонданд 117

Куштор дар тӯй

Сен 11, 2018
Диданд: 307

Ду ноболиғ дар ҷануби кишвар дар як тӯй бо ҳам даъво кардаанд, ки боиси марги яке аз онҳо шудааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбаччаи 15-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст. Номбурда, 9-уми сентябр, тахминан соати 21:30, дар маъракаи тӯйи ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи мазкур бо ҳамсоли худаш даъво роҳ андохтааст. Аввалӣ бо ҳадде дуюмиро мавриди лутакӯб қарор додааст, ки ҳолаш бад шуда, ба бемористон интиқол дода шудааст. Маркази матуботи ВКД хабар медиҳад, ки ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Хонданд 307

Вазъи ҳаво: Борон дар назар аст

Сен 11, 2018
Диданд: 170

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар бештари ноҳияҳо борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ ба гузариш ба самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +14+19 ва рӯзона +29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои cофу беғубор пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона +15+20 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 11-16, рӯзона 24+29 ва дар шарқи ин вилоят шабона 3-8 ва рӯзона +12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар баъзе ҷойҳо раъду барқ ба амал меояд. Шабона +12 +17 ва рӯзона +31+36 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, шабона +15+17 ва рӯзона +33+35 дараҷа гарм мешавад.

Хонданд 170

Хатлон: Пистадуздон дастгир шуданд

Сен 07, 2018
Диданд: 251

Кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон нисбати 104 нафар шаҳрванде, ки ғайриқонунӣ ба ҷамвоарии писта даст заданд, парвандаи маъмурӣ тартиб дода, онҳоро ба маблағи 19 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима кардаанд.

Ҷангалбони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон Қувваталӣ Назиров иттилоъ дод, ки аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб, 7 тонна пистаи хом, ки сокинон ғайриқонунӣ ҷамоварӣ намуда буданд, мусодира гардида, нисбати онҳо протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Инчунин гуфта шуд, корманони ин ниҳод нисбати 27 нафар шаҳрванд барои шикори ғайриқонунии ҳайвонҳои нодир ва паррандагон парвандаи маъмурӣ тартиб дода, онҳоро ба маблағи 29 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.

Манбаъ афзуд, ки ба ҷуз ин, нисбати 473 нафаре, ки даст ба қонунишканӣ дар ҷангал задаанд, санад тартиб дода, онҳоро ба маблағи 849 ҳазору 963 сомонӣ ҷарима кардаанд.

Хонданд 251

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.