.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари рӯз

Шаби 8 ба 9-уми сентябри соли равон, корманди ШВКД-и ноҳияи Вахш бо истифода аз таппончаи худ ҳамсарашро дар назди фарзандонаш ба қатл расонидааст.

Тибқи иттилои муфаттиши прокуратураи ноҳияи Вахш Қаландарзода Эраҷ нисбати гумонбар Набиҷон Холиқ, ки то лаҳзаи боздошташ дар вазифаи нозири калони назорати таҳлилӣ ва бақайдгирии корҳои статиссионии шуъбаи ВКД ноҳияи Вахш, фаъолият менамуд, аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Вахш дар асоси моддаи 104, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст.

Агар муфаттишон дар кирдорҳои Набиҷон Холиқ аломатҳои моддаи 104, қисми 1-и кодекси Ҷиноятии Ҷумҳури Тоҷикистонро муайян карда тавонанд, ӯро аз 8 то 15 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

 

Ба иттилои мудири шуъбаи маориф ноҳия Вахш, Шаҳноза Мирсаидзода зани кушташуда Аминова Турсуной, муаллимаи фанни забон ва адабиёти тоҷик дар Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ин ноҳия буд. Ӯ соҳби 3 фарзанд ду писар ва як духтар мебошад.

 

Раҳмоналӣ Додархӯҷав

 

Хонданд 652

Ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рашт марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 8 ба 9-уми сентябри соли 2018, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи назди хонаашон 1 сар асп, ки арзишаш 9 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад, дуздидаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини деҳаи Лангараки ноҳияи Рашт бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Бо ҳамин мазмун ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 50-солаи сокини деҳаи Бурмаи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 10 ба 11-уми сентяри соли 2018, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз оғилхонааш 1 сар чорвои калони шохдор, ки арзишаш 8000 сомониро ташкил медиҳад, дуздидааанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду марди 23 ва 32-солаи сокинони деҳаи Бурмаро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.

Хонданд 174

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболбози Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ миёни дастаҳои футболи ҷавонони то 21-сола дар шаҳри Сюсзини Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷои сеюмро ишғол кард.

Дар мусобиқа 4 даста – Мянмар, Тоҷикистон, Узбекистон, Чин иштирок карданд. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев 3 вохурӣ гузаронида, ду бозиро бо Чин (1:1), Мянмар (0:0) мусовӣ карда, дар як вохурӣ аз дастаи ҷавонони Узбекистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд ва сазовори медалҳои биринҷии мусобиқа гардид.

Тими ҷавонони Узбекистон бо 7 хол ҷои аввалро ишғол кард. Зинаи дуюм насиби дастаи мизбон – Чин гардид.

Иштирок дар мусобиқаи байналмилалии Чин барои футболбозони ҷавони Тоҷикистон (бозингарони соли таваллудашон то 1997) марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 ба шумор мерафт, ки 18-26 марти соли оянда доир мегардад.

Мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин

1-ум давр

Узбекистон (U-21) – ТОҶИКИСТОН (U-21) – 1:0

Чин (U-21) – Мянмар (U-21) – 1:0

2-юм давр

ТОҶИКИСТОН (U-21) – Чин (U-21) – 1:1

Голи Тоҷикистон: Муҳаммадҷон Раҳимов.

Мянмар (U-21) – Узбекистон (U-21) – 0:2

3-юм давр

ТОҶИКИСТОН (U-21) – Мянмар (U-21) – 0:0

Чин (U-21) – Узбекистон (U-21) – 1:1

Хонданд 128

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2018» баргузор мегардад. Мақсади фестивал аз намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар иборат мебошад.

Вазорати фарҳанг мегӯяд, даври аввали фестивал моҳҳои сентябру октябр дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, даври дуюм моҳи ноябр дар маркази вилоятҳо ва даври ҷамъбастӣ 24 ноябр дар шаҳри Душанбе дар Рӯзи ҷашни Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Озмун аз 14 шарт, яъне намоиши ҳунарҳои мардумии «Бозори ҳунар», суруди ҳамсароёни бисёровоза (хор), намоиши либосҳои миллӣ, навозиши умумӣ, хониши бадеӣ, рақс, суруд ва навозиши якка, бадеҳа ё лапар, суруди анъанавӣ ва ҳаҷвӣ, порча аз анъанаҳои мардумӣ, суруд ё рақси халқҳои сокини Тоҷикистон ва сюитаи овозию рақсӣ иборат аст.

Ба ғолибони даври сеюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2018» аз ҷониби Вазорати фарҳанг мукофотҳо пешбинӣ шудаанд.

Хонданд 88

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.