.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари рӯз

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболбози Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ миёни дастаҳои футболи ҷавонони то 21-сола дар шаҳри Сюсзини Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷои сеюмро ишғол кард.

Дар мусобиқа 4 даста – Мянмар, Тоҷикистон, Узбекистон, Чин иштирок карданд. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев 3 вохурӣ гузаронида, ду бозиро бо Чин (1:1), Мянмар (0:0) мусовӣ карда, дар як вохурӣ аз дастаи ҷавонони Узбекистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд ва сазовори медалҳои биринҷии мусобиқа гардид.

Тими ҷавонони Узбекистон бо 7 хол ҷои аввалро ишғол кард. Зинаи дуюм насиби дастаи мизбон – Чин гардид.

Иштирок дар мусобиқаи байналмилалии Чин барои футболбозони ҷавони Тоҷикистон (бозингарони соли таваллудашон то 1997) марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 ба шумор мерафт, ки 18-26 марти соли оянда доир мегардад.

Мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин

1-ум давр

Узбекистон (U-21) – ТОҶИКИСТОН (U-21) – 1:0

Чин (U-21) – Мянмар (U-21) – 1:0

2-юм давр

ТОҶИКИСТОН (U-21) – Чин (U-21) – 1:1

Голи Тоҷикистон: Муҳаммадҷон Раҳимов.

Мянмар (U-21) – Узбекистон (U-21) – 0:2

3-юм давр

ТОҶИКИСТОН (U-21) – Мянмар (U-21) – 0:0

Чин (U-21) – Узбекистон (U-21) – 1:1

Хонданд 123

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2018» баргузор мегардад. Мақсади фестивал аз намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар иборат мебошад.

Вазорати фарҳанг мегӯяд, даври аввали фестивал моҳҳои сентябру октябр дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, даври дуюм моҳи ноябр дар маркази вилоятҳо ва даври ҷамъбастӣ 24 ноябр дар шаҳри Душанбе дар Рӯзи ҷашни Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Озмун аз 14 шарт, яъне намоиши ҳунарҳои мардумии «Бозори ҳунар», суруди ҳамсароёни бисёровоза (хор), намоиши либосҳои миллӣ, навозиши умумӣ, хониши бадеӣ, рақс, суруд ва навозиши якка, бадеҳа ё лапар, суруди анъанавӣ ва ҳаҷвӣ, порча аз анъанаҳои мардумӣ, суруд ё рақси халқҳои сокини Тоҷикистон ва сюитаи овозию рақсӣ иборат аст.

Ба ғолибони даври сеюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2018» аз ҷониби Вазорати фарҳанг мукофотҳо пешбинӣ шудаанд.

Хонданд 83

Ҳайати мақомсароён ва коршиносони тоҷик дар аввалин Ҳамоиши  байналмилалии санъати мақом, ки 6-10 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, ба гирифтани мукофоти асосӣ —  Шоҳҷоиза мушарраф   гардиданд.

Ҳайати мақомсароёни Тоҷикистон дар  ҳамоиши мазкур бо истеъдод ва маҳорати мақомнавозӣ ва мақомсароӣ иштирокчиён ва доварони чорабиниро мафтун намуда, сазовори чунин баҳои баланд гардиданд.

Њамоиши  мазкур бо дастгирии ЮНЕСКО ва  ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.

Дар форуми мазкур қариб 300 нафар мақомсароён, мутрибон, мусиқишиносон ва муҳаққиқон аз 73 давлати дунё ширкат варзиданд.

Хонданд 137

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» дар вебгоҳи худ соати ҳисоботи мутақобила насб карда кардааст, ки тибқи он то ба истифодадиҳии агрегати аввали НБО «Роғун» 66 рӯз мондааст.

Дар назар аст, ки агрегати нахустини НБО «Роғун» 16 ноябри соли равон, дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба истифода дода шавад.  Дар ин бора оғози соли равон Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салини пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон хабар дода буд.

НБО «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт ва арзиши умумии 3,4 миллиард доллари амрикоӣ бунёд хоҳад шуд, ки дар як сол зиёда аз 17 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол менамояд. Ин неругоҳ бо истеҳсоли «неруи сабз», яъне бе партовҳои зарарнок ба атмосфера ва риояи меъёрҳои муосири экологӣ яке аз беҳтарин неругоҳи барқи обӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, мувофиқи хулосаи мутахассисон ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ, ба манфиати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ равона шудааст.

Хонданд 111

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.