.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари рӯз

12-уми август ситораборон мешавад?

Авг 09, 2018
Диданд: 658

Шаби 12-уми август беҳтарин фурсат барои мушоҳидаи корвони ҷирмҳои осмонист. Дар ин шаб фавҷи ҷирмҳои осмонии Персеидро метавон ба осонӣ мушоҳида кард.

Фаъол шудани фавҷи ҷирмҳои осмонии Персеид ба вақти шаб рост меояд, ки мушоҳида кардани он хеле диданӣ ва зебо хоҳад буд. Аз тарафи дигар 11-уми август моҳ нав мешавад ва ин маънои онро дорад, ки нури он дар мушоҳидаи ситораборон халал нахоҳад расонд. Барои дидани ситораборон шарт нест, ки шумо дастгоҳи махсус дошта бошед. Барои ин фақат донистани он, ки кай ва ба куҷо бояд нигарист, басанда аст. Беҳтарин фурсат барои мушоҳида дар ноҳияҳои Тоҷикистон наздики субҳ аст. Ба ҷониби офтоббаро нигаристан даркор нест, зеро фавҷи ҷирмҳо дар он ҷо бисёр нест ва агар бошанд ҳам хеле кӯтоҳанд. Беҳтараш ба ҷониби осмон, як каме болотар аз офтоббаро нигаред, ба ҷойе, ки офтоб қиём мекунад, ба тарафи ҷануб ва ҷанубу ғарб нигаред.

Хонданд 658

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шурӯъ аз имрӯз ҳарорат дар ҷумҳурӣ нисбат ба рӯзҳои қаблӣ пастар гашта, дар бештари ноҳияҳо ҳаво абрноки тағйирёбанда мегардад.

Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +35+40 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои софу беғубор пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҷойҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона +22+27 ва рӯзона +36 + 41 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабона +15 +20 ва рӯзона +35+40 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор шуда, шабона +15+17 ва рӯзона +37+39 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 14+19, рӯзона 31-36 ва дар шарқи  ин вилоят   шабона  6+11 ва рӯзона +19+24 дараҷа гарм мешавад.

Хонданд 250

Имрӯз 13 нафар рӯзноманигори Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки чанд рӯз пеш ба вилояти Суғд омада буданд, ба шаҳри Душанбе  меоянд.

Рӯзноманигорони ӯзбек дар доираи сафари худ ба  шаҳри Душанбе аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Мамнӯъгоҳи таърихӣ –кишваршиносии «Қаълаи Ҳисор», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ноқил Талко», Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»,  Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Муассисаи давлатии  «Боғи фароғатии  «Хайём» боздид ба амал  меоранд.

9-уми август дар Академияи воситаҳои ахбори омма мулоқоти рӯзноманигорони ӯзбеку тоҷик баргузор мегардад.

Хонданд 313

Марги боз як муҳоҷири тоҷик дар Русия

Авг 08, 2018
Диданд: 831

7-уми август дар шоҳроҳи «Ярославское» воқеъ дар шимолу шарқии Маскав, як муҳоҷири 35-солаи тоҷик, ки Шеравган Остонақулов ном бурда мешавад, дар як садамаи мудҳиш ҷон додааст.

Ба гуфтаи сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ин хадамот бо наздикон ва кормандони Бозрасии давлатии автомабилӣ дар тамос шудааст. Тибқи иттилои манбаъ, муҳоҷири тоҷик сокини шаҳри Кӯлоб аст, ки барои кор ба мардикорбозор рафта будааст. Ба қавли манбаъ, маконе, ки Шеравган Останақулов дар он ҷо ба ҳалокат расидааст, ба яке аз маконҳои мардикорбозор наздик будааст.

Ҳамзамон, Иброҳим Аҳмадов мегӯяд, ки айни замон бино ба ҳисобҳо, аз 1 то 1,5 миллион муҳоҷири тоҷик барои кор аз Тоҷикистон ба Русия омада, дар инҷо кору зиндагӣ мекунанд. Онҳо бо сабабҳои гуногун, аз қабили фалокатҳои ногаҳонӣ дар ҷои кор, ҳамлаҳои гуруҳҳои қавмгаро ва ғарқ шудан дар кӯлу дарёҳо, садамаҳои нақлиётӣ ва ғайра ба ҳалокат мерасанд.

Хонданд 831

Хабари рӯз

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.