.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари рӯз

Ин тобистон дар вилояти Хатлон ва НТМ боз 7 маркази хизматрасонӣ дарҳои худро ба рӯи муштариёни ширкати Tcell боз карданд. Барои ҳар як мизоҷ иртибот бо ширкат бояд дуруст ва саривақт роҳандозӣ шавад ва ин амал маҳз аз маркази хизматрасонӣ оғоз меёбад. Чунин марказҳои хидматрасонӣ бо таҷҳизоти пешрафтаву муосир дар шаҳрҳои Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) Норак, Кӯлоб ва навоҳии Балҷувону Ҳисору Ваҳдат муштариёнро истиқбол менамоянд.   

Тибқи дурнамои рушди Tcell, талаботи ҳар як муштарӣ дар мадди аввал қарор дорад, аз ин рӯ ширкат шабакаҳои хидматрасониашро зиёд мекунад. Теъдоди онҳое, ки алоқаи боэътимодро аз Tcell гирифтанианд, ҳамарӯза меафзояд, зимнан ширкат аз ин истиқболи гарми муштариён дар канор намемонад ва дар посух хидматрасониро беҳтар ба роҳ мемонад.

Таври мисол, дар шаҳри Норак, ки аҳолиаш қариб 30 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, 2 маркази нави хизматрасонии Tcell дар минтақаҳои барои сокинон мувофиқ- дар шафати бозор ва идораи шӯъбаи андоз ба фаъолият пардохтанд.

Дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон низ маркази хизматрасонӣ дар наздикии бозори марказӣ- мавзеъи барои сокинон ошнову мувофиқ ифтитоҳ гардид. Муштариёни ширкат аз ин ба баъд роҳи дурро тай накарда, дар ин ҷо аз мутахассисон машварат мегиранд, ба шабака пайваст мешаванд ва дигар ниёзҳои иртиботиашонро бароварда месозанд.

Дар марказҳои ҷадиди хизматрасонии ширкати Tcell кормандони ҳирфаии баландихтисос, ки давраи бозомӯзиро гузаштаанд, фаъолият менамоянд. Муштариён метавонанд дар марказҳои мазкур ба ҳама пурсиши худ посух бигиранд, мушкилоти техникии иртиботашонро рафъ созанд, симкорти Тсеll-ро фаъол намоянд ва ё ба тавозунашон маблағ гузаронанд, барномаи “Чӣ гап”-ро барои суҳбат бо наздиконашон пайваст намоянд

Марказҳои ҷадиди хизматрасонии ширкати Tcell-ро дар вилояти Хатлон ва НТМ бо суроғаву нишонии зерин пайдо кардан мумкин аст:  

         Ноҳияи Балҷувон- ҷамоати С. Амиршоев, деҳаи Саримазор (дар рӯ ба рӯи бозор)

         Норак - к. Рӯдакӣ 20, дар наздикии шӯъбаи андоз

         Норак - к. Рӯдакӣ, дар шафати бозори Сомониён

         Кӯлоб – к. Исмоили Сомонӣ 20, назди меҳмонхонаи «Чинор»

         Бохтар (Қӯрғонтеппаи пешин) – наздикии пойгоҳи ҳарбӣ

         Ҳисор - к. Исмоили Сомонӣ №2, наздикии фурӯшгоҳи марказӣ

         Ваҳдат - н. Рӯдакӣ, дар бинои кинотеатр (бозори Стансия)

То имрӯз марказҳои хизматрасонии ширкати Tcell дар ҳама шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, барои муштариён дар сатҳи олӣ хидмат мерасонанд.

Хонданд 97

Дар намозҳои панҷвақтаи Ӯзбекистон имомҳои масҷид дар бораи ҳаром будани худкушӣ мавъиза мекунанд. Ба гуфтаи ходимони дин дар шаҳри Тошканд ва вилоятҳои дигари Ӯзбекистон аз Кумитаи дин дастур гирифтаанд, ки дар ин мавзуъ мавъиза кунанд.

«Сабаби ин мавъизаҳои мо дар он аст, ки дар кишвар шумори худкушиҳо афзудааст. Ислом худкуширо манъ мекунад. Заифии имон боис мешавад, ки одамон худкушӣ кунанд», - гуфтааст ёвари имоми масҷиди «Сироҷ Солеҳ».

Дар ҳамин ҳол, бархе аз имомони дигар дастур гирифтаанд, ки хона ба хонаи сокинон гарданд ва гуноҳи кабира будани худкуширо фаҳмонанд. «Давоми ду моҳи охир дар Ӯзбекистон шумори худкушиҳо афзудааст ва мо ба имомон дастур додем, ки дар намозҳои панҷвақта дар ин мавзуъ суҳбат кунанд. Мо дар мубориза зидди падидаи худкушӣ аз шеваҳои дигар ҳам кор мегирем, масалан, навори видеоӣ нашр мекунем, мақола менависем», - гуфтааст намояндаи шуъбаи кор бо созмонҳои динӣ ва имомхатибони масҷидҳои Кумитаи кор бо дини Ӯзбекистон.

Бино ба иттилои расмӣ, дар Ӯзбекистон аз миёни 100 ҳазор сокин ҳамасола 6 нафар худкушӣ мекунанд, аммо бино бар омори ғайрирасмӣ афроди бештаре ҳамасола худкушӣ мекунанд.

Хонданд 297

Раёсати Ҷумҳурии Сурия эълом кард, ки ҳамсари президенти ин кишвар ба бемории саратон мубтало шудааст.

Раёсати Ҷумҳурии Сурия дар сафҳаи худ дар Фейсбук эълом кард, ки Асмоъ Асад, ҳамсари президенти Сурия Башшор Асад, ба саратони сина дучор шудааст. Ин манбаъ аксҳое аз Асмоъ Асад дар канори ҳамсараш дар ҳангоми дармон шудани вай мунташир ва эълом кард: «Бо қудрат, итминон ва имон, хонум Асмоъ Асад марҳалаи аввалияи дармони саратони синаро, ки зудҳангом ташхис дода шуд, оғоз кардааст. Раёсати ҷумҳурӣ ва дастгоҳи он аз самими қалб барои вай шифои оҷилро орзу мекунанд».

Хонданд 1327

Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ) дар доираи барномаи рушди футболи FIFA “Forward” майдонҳои дастаҳои Лигаи олии футболи кишварро бо дарвоза таъмин кард.

Дарвозаҳои нав, ки аз Олмон дастрас шудаанд, дар варзишгоҳҳои «20-солагии Истиқлолият»-и Хуҷанд, «ТАЛКО-Арена»-и Турсунзода, «Пахтакор»-и Бохтар, «Нефтяник»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва варзишгоҳи КМВА «Помир»-и Душанбе гузошта шудаанд. Дар рӯзҳои наздик чунин дарвозаҳо дар варзишгоҳи Уктам Маматов дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ насб карда мешаванд.

Пеш аз ин дар доираи ин барнома клубҳо соҳиби автобусҳои хурд шуда буданд.

Хонданд 254

Хабари рӯз

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.