.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари рӯз

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда мешавад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ дода, мегӯяд, ки дар бештари ноҳияҳо борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон борида, ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ то 15 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +16+21 ва рӯзона +31+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +22+27 ва рӯзона +33 + 38 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 14+19, рӯзона 26-31 ва дар шарқи  ин вилоят   шабона  1+6 ва рӯзона +21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона +16 +21 ва рӯзона +34+39 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ карда шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабона +16+18 ва рӯзона +34+36 дараҷа гарм мешавад.

Хонданд 135

“Зебонисо” ғолиби чемпионат шуд

Авг 10, 2018
Диданд: 304

Аввлин чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои бонувон бо ғалабаи дастаи “Зебонисо”-и Душанбе зери роҳбарии мураббӣ Зебо Гасимова анҷом ёфт.

Дар чемпионат дастаҳои «Зебонисо» (Душанбе), «Хатлон» (Бохтар), «Равшан» (Кӯлоб), «Суғд» (Хуҷанд), «Барқ Норак» (Норак) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) иштирок карданд.

Бозиҳо дар ду марҳила баргузор шуда, ҳар даста бо ҳамдигар дар хона ва меҳмонӣ бозӣ карданд.

Тақдири медалҳои тиллои чемпионат дар даври охир – дар бозӣ миёни дастаҳои “Хатлон” ва “Зебонисо” ҳал шуд. Дар марҳилаи аввал бонувони футболбози пойтахт бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуда буданд. Ба дастаи “Хатлон” зарур буд, ки бо фарқияти 2 гол пирӯзӣ ба даст оварад. Бозии ҳалкунанда миёни ин ду даста бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид.

Ҳамин тариқ, ғолибияти аввалин чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои бонувон насиби тими “Зебонисо” гардид. Ин даста дар 10 бозӣ 28 хол ба даст овард. Дастаи “Хатлон” медалҳои нуқра (25 хол) ва дастаи “Регар-ТадАЗ” медалҳои биринҷии (18 хол) чемпионатро сазовор шуданд.

Маросими ҷоизасупорӣ имрӯз – 9 август – дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо иштироки ноиби президенти Федератсияи футболи мамлакат Алишер Урунов, роҳбари маъмурияти ФФТ Шавкат Ахмедов ва роҳбари шуъбаи футболи занонаи ФФТ Дилором Нусратуллоева доир гашт.

Кумитаи тадорукоти чемпионат беҳтарин бозингаронро низ муайян намуд. Адолат Комилова аз дастаи “Хатлон” беҳтарин дарвозабон, ҳамдастааш Лайло Ҳалимова бо 16 гол беҳтарин ҳамлагар ва Мадина Фозилова аз дастаи “Зебонисо” беҳтарин бозингар дониста шуданд.

Хонданд 304

Духтари 22-солае аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст ва ин боиси ба садама дучор шудани мошин шудааст, ки дар натиҷа ду духтари дигари 22-солаи савори ин мошин дар об ғарқ шудаанд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.

9-уми августи соли 2018, тахминан соати 18:30, автомашинаи тамғаи “Чанху”, ронандааш Сулаймонов Фирӯз Исломбекович, соли таваллудаш 1996, сокини деҳаи Хосаи ноҳияи Шуғнон, ҳангоми дар назди деҳаи Ёмҷ қарор доштанаш ба садами нохуш дучор шудааст. Бандишоева Фарзия Ёрабшоевна, соли таваллудаш 1996, сокини деҳаи Миденшор ба дохили автомашина даромада, муҳаррики автомашинаро ба кор дароварда, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадаааст. Дар натиҷа мошин ба даруни ҳавзи об чаппа шудааст. Мусофирони мошин Охонова Махфират Зубаҳировна, соли таваллудаш 1996 ва Ҷаннатшоева Азиза Маснавшоевна, соли таваллудаш 1996, сокинони ноҳияи Ишкошим дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.

Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Хонданд 861

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, муътадил боқӣ мемонад. Дамои он шабона 20-25 ва рӯзона 36-40 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +36+41 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои софу беғубор пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +21+26 ва рӯзона +36 + 41 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +15 +20 ва рӯзона +35+40 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор шуда, шабона +15+17 ва рӯзона +37+39 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 15+20, рӯзона 31-36 ва дар шарқи  ин вилоят   шабона  7+12 ва рӯзона +21+26 дараҷа гарм мешавад.

Хонданд 230

Хабари рӯз

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.