.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари рӯз

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, бахшида ба «Рӯзи Модар» ва ҷашни байналмилалии «Наврӯз» ба ҳар кадоме аз 2 ҳазору 920 нафар зане, ки дар раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, хоҷагиҳои манзилию коммуналии ноҳияҳои шаҳри Душанбе кор мекунанд ва фаррошони дастгоҳи раиси шаҳру сохторҳои шаҳрдорӣ ба маблагғи 1000 сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Ин иқдоми раиси пойтахт дар доираи анъаноти шаҳрдорӣ сурат гирифта, мукофотпулӣ ба ҳамаи коргароне, ки дар тозагию ободонии Душанбе ва биноҳои маъмурӣ саҳми арзанда доранд, тақдим мешавад.

Мувофиқи қарор масъулин вазифадор гардидаанд, ки то 6-уми марти соли 2018-ум маблағҳои ҷудогардидаро тибқи рӯйхат дар фазои тантанавӣ ба бонувон дастрас намоянд.

Зарринаи Ғайрат

Хонданд 355

"Қалъаи Тоҷик" дар Макка

Март 05, 2018
Диданд: 291

Дар шаҳри Макка маркази фарҳангиву хидматрасонии «Қалъаи Тоҷик» ифтитоҳ ёфт. Гуфта мешавад, ки маркази номбурда бо сабку услуби меъмории миллии тоҷикӣ бо истифода аз нақшу нигор кандакорӣ бунёд шуда, дар он то 60 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷои кор таъмин гардиданд.

Марказ ба сокинони шаҳри Макка ва зоирон аз гӯшаҳои гуногуни дунё таомҳо ва шириниҳои миллии тоҷикиро пешкаш мекунад.

Дар маросими ифтитоҳи ин марказ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ ширкат намуд.

Маркази фарҳангӣ ва хизматрасонии «Қалъаи Тоҷик» тарҳи муштараки соҳибкори тоҷикистонӣ Абдураззоқ Саидов ва соҳибкори саудӣ Риёз Абуҳабша буда, «пойдории дӯстӣ ва сулҳу амнияти ду кишварро инъикос менамояд.»

Абдураззоқ Саидов аз соҳибкорони бонуфузи зодаи деҳаи Белайдузи Ҳисор мебошад. Ӯ тақрибан ду сол пеш ба сохтани чойхонаи тоҷикӣ дар Макка оғоз карда буд.

Хонданд 291

Варзишгари тоҷик Сиёвуш Илёсов дар Паралимпиадаи зимистонаи Пхенчхан ширкат хоҳад кард. Ӯ дар намуди лижаронӣ (кросс) қувва месанҷад.

Дастаи Тоҷикистон иборат аз 5 нафар 4 март ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ ба Ҷумҳурии Корея сафар мекунад.

Сиёвуш Илёсов барои ба даст овардани роҳхат дар Ҷумҳурии Омон ба машғулиятҳои тамринӣ фаро гирифта шуда, аз 17 то 20-уми феврал дар ҳамон ҷо дар мусобиқаи интихобӣ иштирок кард. Ӯ, инчунин, аз 20 феврал то 4 март дар Ҷоми ҷаҳон оид ба лижаронӣ ширкат карда, бо 392 хол соҳиби роҳхат ба Бозиҳои паралимпӣ гардид.

Сиёвушро дар ин сафар мураббияш Илҳомиддин Абдуллоев, президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон Сафар Боев, роҳбари даста Абдурауф Алимов ва ноиби президенти Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон Зиннатулло Саидов ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиш дар маҷмааи лижаронии “Сафед-Дара” барои тамрини варзишгарон, аз ҷумла варзишгарони имконияташон маҳдуд, тамоми шароитро муҳайё ва барои иштироки онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мусоидат кардааст. Дар натиҷа, Тоҷикистон бори аввал дар Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ иштирок мекунад. Дастаҳои Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея ва Гурҷистон низ дар таърих аввалин маротиба иштирокчии бозиҳо мегарданд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии кишвар.

Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ аз 9 то 18 март дар шаҳри Пхенчанги Ҷумҳурии Корея баргузор мешавад. Барои иштирок дар бозиҳо 570 варзишгар аз 49 кишвар ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҳама намояндаҳи бештарро ИМА (68 варзишгар), Канада (52 варзишгар) ва Ҷопон (38 варзишгар) доранд.

Акс аз КМО 

Хонданд 218

Нависанда Равшани Ёрмуҳаммад 4-уми март дар синни 76-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Ӯро дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки кӯдакаишаро дар ин ҷо гузаронидааст, ба хок супурданд.

Равшани Ёрмуҳаммад муаллифи асарҳои «Шоҳбузи сафед», «Қиссаи шаҳри беҷон, ё саргузашти духтари бофанда», «Гӯркоб», қиссаҳои «Буд набуд», достони «Бармакиён», қиссаи «Тӯфони Нӯҳ», «Хоб ва бедорӣ» ва ғайраҳо буд.

Равшани Ёрмуҳаммад падари вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров аст, ки тирамоҳи соли 2015 бо ҷурми қаллобӣ ва ҳуҷҷатсозӣ равонаи зиндон гардид. Як писар ва ду духтари дигари нависанда берун аз Тоҷикистонанд.

Акс аз "АП"

Хонданд 205

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.