.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари рӯз

Садамаҳои марговар дар роҳҳои ҷумҳурӣ

Март 12, 2018
Диданд: 301

9-уми марти соли 2018, тахминан соати 20:55, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Абдукаримов Авазбой Мамадраҷабович, соли таваллудаш 1992, сокини деҳаи Ҳақиқати ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати шаҳраки Обикиик ба самти кӯчаи Муродови ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Соҳибназаров Суҳроб Ҷурабоевич, соли таваллудаш 1972-ро пахш кардааст. Дар натиҷа, пиёдагард, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

10-уми март, тахминан соати 16:40, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2121”, Ҳобилов Аминҷон Амирҷонович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Конибодом-Хуҷанд”, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Қурбонова Мафтуна Бахтиёровна, соли таваллудаш 2008, хонандаи синфи 3-юми МТМУ №4-и ҷамоати деҳоти Хистеварзро пахш кардааст. Дар натиҷа ноболиғ, Қурбонова М.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

11-уми март, тахминан соати 15:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Каролла”, Ҳасанов Раҳматшо Зуҳурович, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Одинаев Рамазон Давлатмадович, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Кӯлоб, бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи тамғаи “Тайота-Каролла”, Алимова Мастура Аъзамовна, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Душанбе, Алимова Моҳрӯ Аъзамовна, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Одинаев Р.Д. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ноболиғ, Муъминов Абдулло Зафарович, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Кӯлоб, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Хонданд 301

Табибони Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон (трансплантология) бори нахуст дар Тоҷикистон як қисмати ҷигари модарро ҷарроҳӣ карда, ба тифли 22-моҳа пайванд карданд.

Табиби реаниматологи ин марказ Манучеҳр Розиқов, ки айни замон беморон дар ин шуъба парасторӣ мешаванд, дар суҳбат бо faraj.tj гуфт, амали ҷарроҳиро 3 рӯз қабл роҳбари Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон Суҳроб Исмоилзода гузаронида буд ва феълан вазъи саломатии модару кӯдак хуб аст. Ба гуфтаи табиб, чунин амалиёт дар тифли ба ин сину сол бори аввал аст.

- Гулнора Давлатоваи 34-сола модари танҳо ва соҳиби ду фарзанд аст. Давлатзода Анас фарзанди хӯрдии ӯст, ки 1 солаву 10 моҳа аст. Анаси хӯрдакак бо нуқсони модарзодии ҷигар таваллуд шудааст. Ӯ бо ташхиси «сирози билиари аввалиндараҷа», ки вайроншавии пурраи ҷигар мебошад, ҷарроҳӣ карда шуд ва ҷигараш пурра бурида шуд, - гуфт табиб.

Табиби дигари ин марказ Файзалӣ Мавлонов дар суҳбат гуфт, аз ҷигари модар 224 гр ба кӯдак пайванд карда шуд.

- Чунин амалиёт маротибаи якум соли 2014 дар кӯдаки 3,5 сола гузаронида шуд, вале дар сину соли хурдтар ин аввалин ҷарроҳӣ аст, - гуфт Мавлонов.

Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон соли 2011 таъсис дода шудааст. Ба гуфтаи мутахассисон, то имрӯз дар ин марказ аз тарафи табибони тоҷик беш аз 350 амалиёти пайванди гурда ва 38 амалиёти пайванди ҷигар гузаронида шудааст. Шумораи зиёди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла аз ҷумҳуриҳои Қирғизистону Туркманистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Федератсияи Россия, Лубнон ва Афғонистон дар ин марказ бомуваффақият ҷарроҳӣ карда шудаанд.

Хонданд 2604

10.03.2018 раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот кард.

Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯ таъкид намуданд.

Дар мулоқот аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсӣ асоси таҳкими равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст дар ҳама арсаҳо ва соҳаҳо ба ҳисоб мераванд.

“Мо дар Тоҷикистон ҳамеша боварӣ доштем, ки дер ё зуд дар муносиботи неки бисёрасраи кишварҳои мо давраи навине эҷод мешавад ва ҳама чиз ба давраи муқаррарии худ бармегардад”, - гуфт Зуҳуров.

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар навбати худ иброз намуд, ки муносибатҳои дӯстонаи мо реша дар қалбҳои мардумони ҳар ду кишвар доранд. Аз ин хотир, вазифаи сиёсӣ ва инсонии мо аст, ки чунин равобитро ҳамаҷониба тақвият ва таҳким бахшем.

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз густариши робитаҳо ва ҳамкории судбахши ду кишвар ва ҳамчунин аз сатҳи баланди эътимод ва ҳусни ният дар муколамаи сиёсии сатҳи олӣ изҳори хушнуди кард.

Меҳмони олиқадр ҳамчунин аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои гуногун ибрози қаноатмандӣ карда, ҳамзамон бар зарурати густариши ҳарчи бештари муносибатҳои байнипарлумонии ҳарду кишвар таъкид кард.

Хонданд 303

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе овозаҳо дар мавриди сохтмони бинои истиқоматӣ дар замини қабристони маҳаллаи Авулро рад карда мегӯяд, ки ин иқдом танҳо ба хотири тозаву озода кардани ин мавзеъ гирифта шудааст.

Мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ноҳияи Сино Муҳаммадсаиди Шарофиддин дар суҳбат бо faraj.tj гуфт, оромгоҳи маҳаллаи Авул аз куҳнатарин қабристонҳои шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад ва бо сабаби набудани ҷой аз соли 1974 гӯр кардани ҷаноза дар он манъ шудааст. Бино ба гуфтаи ин масъул, тасмими тоза кардани ин мавзеъ шахсан аз ҷониби ӯ гирифта шудааст. Чун пешниҳодро ба роҳбарият расондааст, он дастгирӣ ёфтааст.

- Рӯзе аз ин макон гузар мекардам, манзараи бисёр нороҳаткунандаеро мушоҳида кардам. Ин мавзеъ на оромгоҳ, баръакс макони амалҳои бади баъзе ҷавонон гаштааст. Аз ҳудуди ин манзилгоҳ писару духтареро дидам, ки берун шуданд. Баъдан, ба дохил даромадам, ки ҷангали анбуҳеро мемонад. Ифлосиҳо зиёд, ҳатто сӯзандорӯву дигар чизҳоро низ мушоҳида кардам. Роҳбарияти ноҳия пешниҳодро бо Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон мувофиқа кард. Фатвои уламои кишварро ҳам дар даст дорем, ки тибқи он пас аз гузаштани 40 сол аз охирон майити дафншуда мешавад, заминро ба дигар мақсад истифода кард, - гуфт М. Шарофиддин.

Ба қавли мудири бахши танзими ноҳияи Сино, кандану ба қабристони маҳаллаи Зарафшон бурдани устухонҳои ҷасадҳо тасмими худи пайвандонашон будааст.

- Ҳафтае қабл бо сокинони маҳаллаи Авул барои аз ҳама гуна ифлосиҳову алафу буттаҳои худрӯй тоза кардани оромгоҳ тариқи ҳашар маҷлис гузаронидем. Онҳо пешниҳод намуданд, ки агар имконият бошад, боқимондаи ҷасадҳоро ба қабристони маҳаллаи Зарафшон кӯчонем ва ин мавзеъро ҳамвору обод шавад. Мо ин пешниҳоди аҳолиро ба Шӯрои уламои Тоҷикистон мувофиқа кардем ва иҷозат дода шуд, - иброз дошт масъули танзим.

Фатвои Шӯрои уламои кишвар барои аз байн бурдани қабристон бо гузашти 40 сол пас аз охирон майити гуронидашуда дар ҳолест, ки дар ин макон ҷасадҳои нафарони замони ҷанги шаҳрвандии соли 1992 кушташуда низ хок шудаанд ва аз он замон ҳамагӣ 26 сол сипарӣ шудааст.

Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон бо вуҷуди зангҳои бешумори мо дар рӯзи гузашта ва ирсоли нома то ҳануз дар робита ба ин масъала ибрози назар накардааст.

Хонданд 745

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.