.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари рӯз

Дар як меҳмонхонаи шаҳри Мадина ҷасади соҳибкори тоҷик Бахтиёр Додохонов-и 33-сола бо ҳамсару ду фарзанди 10 ва 12-солааш пайдо шудааст.

Ин соҳибкор фарзанди директори собиқи корхонаи воҳиди давлатии КТН “Шарқи озод” Манзурхон Додохонов будааст, ки бино ба баъзе аз маълумот барои адои ҳаҷҷи умра ба Арабистони Саудӣ сафар карда будааст.

Гуфта мешавад, ки ҷанозаи ин оила дар Мадина ба хок супорида мешавад, зеро шариат чунин талаб мекунад. Бино ба далелҳои насанҷида аҳли ин оила заҳролуд карда шудаанд.

Хонданд 677

Як дузди собиқадор, ки борҳо барои ин кораш маҳкум шудааст, дастаи дуздонро ташкил карда, ба ғорати мардум машғул будааст, ки чанде пеш бо кӯшиши кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино дастгир шудааст. Дар ин бора вебгоҳи dushanbepolicе хабар медиҳад.

Ашурқулов Умедҷон Шарофович, соли таваллудаш 1987, ки қаблан ду маротиба бо ҷурми дуздӣ маҳбасӣ гардидааст, ин навбат бо ташкил кардани гуруҳи ҷиноятӣ ҳамроҳи ҳаммаслаконаш Азиз ва Дилшод ки айни замон дар ҷустуҷӯи ҷиноятӣ қарор доранд, боз даст ғорати молу мулки мардум задааст.

Ин гуруҳи ҷиноятпеша бо маслиҳати пешакӣ 15-уми январи соли ҷорӣ вориди манзили истиқоматии сокини 40-солаи шаҳри Душанбе гардида, аз он ҷо пул ва ҷавоҳироти тиллоӣ, ки наздики 300 000 сомониро ташкил медиҳанд, дуздидаанд.

Ашурқулов аввалҳои моҳи августи соли 2017 ба манзили истиқоматии шаҳрванд Абдулҳамидов Валиҷон, воқеъ дар кучаи Ҳамадонӣ, ворид шуда, аз он ҷо як миқдор ҷавоҳироти тиллоӣ ва дастгоҳи суратгирии тамғаи «Canon»-ро дуздида, ба соҳиби хона зиёда аз 26 000 сомонӣ зарар расонидааст.

Айни зумон гумонбаршаванда Ашурқулов Умедҷон дар ҳабси пешкӣ қарор дошта, нисбаташ бо моддаи 244, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Хонданд 459

Бо фиристодани як паём аз ҷониби Viber ба муштариён гуфта мешавад, ки зангҳои видеоӣ тариқи Viber дар дохили Тоҷикистон дубора фаъол гардиданд.

Дар паём чунин омадааст: “Мо медонем, ки чанде пеш шумо ҳангоми занг задан ба воситаи Viber мушкили техникӣ доштед. Мо хурсандем, ки ба шумо хабари ҳал карда шудани мушкилотро медиҳем. Шумо ҳоло метавонед истифодаи зангҳои хушсифат ва фиристодани паёмро бо воситаи барномаи вайбер бо тариқи ройгон давом диҳед”.

Мавриди зикр аст, ки як муддат дар аксарият минтақаҳои Тоҷикистон муоширати видеоӣ ва овозӣ тариқи Viber дастнорас буд ва танҳо аз кишварҳои хориҷ ба Viber занги видеоӣ задан имкон дошт.    

Хонданд 366

Клуби футболи «Истиқлол» дар даври гурӯҳии Ҷоми Конфедератияи футболи Осиё (КФО-2018) дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо дастаи «Аҳал» аз Туркманистон бозӣ кард ва ғалаба ба даст овард.

Ин бозии аввалини шогирдони Муҳсон Муҳаммаддиев дар даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 буд, ки бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи онҳо анҷом ёфт.

Бозӣ, ки дар ҳузури 11 ҳазор мухлис баргузор шуд, бо як гол ба охир расид. Ин гол дар дақиқаи 25-ум зада шуд. Баъди партофти Нозим Бобоҷонов легионери беларусии «Истиқлол» Николай Зенко ба дарвозаи ҳариф зарба зад, ки дарвозабони «Аҳал» тӯбро баргардонид, вале он ба пойи ҳимоятгари дастаи «Аҳал» бархӯрда, вориди дарвоза шуд.

Дар бозии дигари гурӯҳи «D» дастаи «Олтин Асир»-и Туркманистон дар меҳмонӣ бар дастаи «Олой»-и Қирғизистон бо ҳисоби 6:3 пирӯзӣ ба даст овард.

Бозиҳои давраи дуюми Ҷоми КФО-2018 дар гурӯҳи «D» рӯзҳои 13 ва 14-уми март баргузор мешаванд. «Истиқлол» 14-уми март дар Балканобод бо тими «Олтин Асир»-и Туркманистон, як рӯз пеш, 13-уми март «Аҳал» дар Ашқобод бо «Олой»-и Қирғизистон бозӣ мекунанд.

Хонданд 263

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.