.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари рӯз

10-уми март чемпионати 27-уми футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз шуд. Дар вохӯрии якум «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо дастаи «Хатлон»-и Бохтар» бозӣ кард.

Пеш аз оғози бозӣ капитани дастаҳо Дилшод Восиев ва Алишер Баротов зери садои суруди миллии Тоҷикистон парчами кишварро афрохтанд ва бо ин расман аз оғози чемпионат дарак доданд.

«Истиқлол» аз лаҳзаҳои аввал бартариро ба даст гирифт ва дар дақиқаи 10-ум ҳисобро кушод. Муаллифи гол Шериддин Бобоев буд, ки голи дуюмашро дар дақиқаи 37-ум зад. Дар охири қисми якум Комрон Турсунов ҳисобро ба 3:0 расонд. Меҳмонон бо як гол ҷавоб гардонданд, ки он аз пеналтӣ ба нишон расонда шуд. Бо ҳамин голи задаи Наврӯз Рустамов ҳисоб 3:1 шуд.

Бозии КМВА «Помир»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд вохӯрии марказии ин давр дониста мешуд, ки серголтарин буд. Тарафҳо сеголӣ заданд ва бо натиҷаи мусовӣ бозиро ба охир расонданд. Аввал Шодибек Ғаффоров аз «Помир» аз масофаи дур ҳисобро кушод, сипас хуҷандиҳо бо голҳои Ҷаҳонгир Эргашев, Манучеҳр Ахмедов ва Агблей Ҷонс ба пеш баромаданд. Душанбегиҳо бо ин натиҷа ва ба ҳадаф нарасидани пеналтӣ аз ҷониби Шодибек Ғаффоро умеди худро аз даст надоданд, балки то охир мубориза бурданд. Голҳои задаи Абдухалил Боронов ва Шараф Солеҳов натиҷаро мусовӣ карданд.

Дар бозии байни дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ҳисоб кушода нашуд.

Дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ чемпионатро бо комёбӣ оғоз кард ва дар сафар дар бозӣ бо дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ғалаба ба даст овард. Ҳисобро дар дақиқаи 27-ум легионери ганаӣ Принс Артур кушод. Баъди як дақиқа легионери дигар аз ин кишвар Идан Окран ҳисобро афзуд. Голи ягонаи «Панҷшер»-ро бо усули зебо Хайриддин Турахонов зад. Дар охири бозӣ «Кӯктош» ба задани пеналтӣ имкон ёфт, аммо зарабаи Идан Окран ба сутуни дарвоза бархӯрд.

Ҳамин тавр, баъди ҷамъбасти даври якум дастаҳои «Истиқлол» ва «Кӯктош» бо шашимтиёзӣ пешсафанд.

Даври дуюм 16-18-уми март баргузор мешавад. Рӯзи ҷумъа «Хуҷанд» дар майдони худ «Хатлон»-ро қабул мекунад. 17-уми март «Панҷшер» бо КМВА «Помир» ва 18-уми март «Кӯктош» бо «Регар-ТадАЗ» бозӣ мекунанд.

Чемпионати 27-уми футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ

«Истиқлол» – «Хатлон» – 3:1

Голҳо: Шериддин Бобоев, 10 (1:0). Шериддин Бобоев, 37 (2:0). Комрон Турсунов, 45 (3:0). Навруз Рустамов, 85 – аз пеналтӣ (3:1).

10 март. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошогар.

КМВА «Помир» – «Хуҷанд» – 3:3

Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 11 (1:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 22 (1:1). Манучеҳр Ахмедов, 35 – аз пеналтӣ (1:2). Агблей Ҷонс, 38 (1:3). Абдухалил Боронов, 75 (2:3). Шарафҷон Солеҳов, 79 (3:3).

Пеналтии банишоннарасида: Шодибек Ғаффоров (КМВА «Помир»), 69 – дарвозабон.

11 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ. 400 тамошогар.

«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ» – 0:0

11 март. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 300 тамошогар.

«Панҷшер» – «Кӯктош» – 1:2

Голҳо: Принс Артур, 27 (0:1). Идан Окран, 28 (0:2). Хайриддин Турахонов, 69 (1:2).

Пеналтии банишоннарасида: Идан Окран («Кӯктош»), 86 – сутуни дарвоза.

12 март. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошогар.

Хонданд 268

Шарҳи қазияи «гӯшти хар» аз ҷониби ВКД

Март 13, 2018
Диданд: 342

Вазорати корҳои дохилӣ маълумоти дар шабакаҳои интернетӣ дарҷшудаи ошкор шудани 3 тонна гӯшти хар дар роҳ ба Душанбеву пас нопадид шудани онро мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки хабари мазкур асоси воқеӣ надорад.

Барои дастгир ва муайян намудани ашхосе, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти пастсифат ворид менамоянд ва ё маҳсулоти бесифатро ба фурӯш мебароранд, аз ҷониби кормандони милитсия мунтазам чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида мешавад.

Дар натиҷаи чунин чорабиниҳо муайян карда шуд, ки шаҳрванд Ҷӯраев Олим Шарифбоевич, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, як қисми ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Қодиров Маҳмуд Абдумуминович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро ба иҷора гирифта, аз Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳи қочоқ гӯшти қиммакардашуда ворид намуда, баъдан онро ба шаҳри Душанбе ба корхонаҳои истеҳсоли ҳасиб фиристодааст. Маҳсулоти воридкардаи ӯ ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат ва бехатариро надорад.

Дар натиҷаи амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва азназаргузаронии манзили истиқоматии Қодиров М.А. 50 қуттӣ ба вазни умумии 500 кг гӯшти қиммаи мурғ истеҳсоли Ҷумҳурии Қазоқистон пайдо карда гирифта шуд, ки дар ҳолати антисанитарӣ нигоҳ дошта мешуд ва ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифатро доро набуд.

Ҳамчунин дар дидбонгоҳи БДА ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар н.Айнӣ худи шаҳрванд Қодиров М.А. дастгир карда шуд, ки номбурда 1500 кг гӯшти қиммаи мурғро бо супориши Ҷӯраев О.Ш. бо автомашинааш тамғаи «Мерседес-Спринтер» ба шаҳри Душанбе интиқол доданӣ буд.

Мувофиқи хулосаи ташхиси озмоишии санитарӣ-бактериологии Маркази назорати давлатии санитарию-эпидемиологии ш.Хуҷанд, №45 аз 22-феврали соли 2018 маҳсулоти гирифташуда, яъне 2000 кг гӯшти қиммаи мурғ ба маблағи 26000 сомонӣ ба талаботи бехатарии ҳаёт ва саломатии инсон ҷавобгӯй намебошад.

Дар асоси маводҳои таҳиякардашуда нисбати Ҷӯраев О.Ш. аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо моддаи 209 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Хонданд 342

Ҳавои номусоид то фардо идома мекунад

Март 12, 2018
Диданд: 355

Ҳавои номусоид, боронҳои шадид, барф ва бодҳои тӯфонӣ дар кишвар то 13-уми март идома хоҳанд кард. Дар ин рӯзҳо боз ҳам болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, омадани сел, лағзиши тармаву ярч дар манотиқи гуногуни кишвар аз эҳтимол дур нест, огоҳ мекунад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ.

Боронҳои шадид ва резиши барф, ки 10-уми март лағзиши тарма ва омадани селро ба дунбол дошт. Чунончӣ, дар километри 72-юми роҳи мошингарди Душанбе – Айнӣ резиши барф сабабгори лағзиши тарма шуд. Бино ба гузориши мутахассисони КҲФ баландии ин ғарами азими барф беш аз 6 метр ва дарозии он ҳудудан 50 метр буд.

Барои бартарафсозии он ва тоза кардани роҳ дар ин қитъа наҷотдиҳандагони хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» бо 4 техникаи барфрӯбӣ ва роҳтозакунӣ сафарбар шуданд.

Бо талошҳои якҷоя то соати 20:24 роҳ пурра аз барф тоза шуд ва мошинҳо аз ду тараф дубора ба ҳаракат даромаданд. Барои таъмини амнияту бехатарии роҳҳо кормандони хадамоти наҷоти КҲФ навбатдории шабонарӯзиро дар километрҳои 62 ва 72-и роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ ташкил кардаанд.

Бориши шадиди борон муҷиби болоравии сатҳи оби дарё, ҳаракати хок дар деҳаи Ғуломони ноҳияи Тоҷикобод шуд. Мавҷи азими об ифлосиҳои канори рӯдхона ва сангҳоро дар 196 километраи роҳи мошингради Душанбе-Рашт-Лахш-Қирғизистон ба соҳил партов кард. Дар натиҷа роҳ масдуд шуд, ҳаракати мошинҳо қатъ гардид. Кормандони Ситоди КҲФ дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт якҷо бо кормандони хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти кишвар бо истифода аз техника роҳро тоза карданд ва соати 06:35-и рӯзи 11-уми март роҳ барои ҳаракати мошинҳо аз ду тараф боз шуд.

Хонданд 355

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи баргузор кардани мусобиқаҳои кушоди варзишии гӯштии миллӣ, пойгаи аспдавонӣ ва теннис дар байни наврасону духтарон барои дарёфти ҷоми «Пойтахт-2018» бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз қарор қабул кард.

Дар ин қарор гуфта мешавад, ки мусобиқаҳои кушоди гӯштии миллӣ рӯзи 26 март, соати 14:00, пойгаи аспдавонӣ рӯзи 31 марти соли 2018, соати 14:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» ва теннис дар байни наврасону духтарон дар «Қасри теннис»-и шаҳри Душанбе, Корти тенниси тобистонаи кушодаи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва «Тоҷварз»-и шаҳри Душанбе барои дарёфти ҷоми «Пойтахт-2018» аз 21 то 24 марти соли 2018 баргузор карда шаванд.

Хонданд 271

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.