.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари рӯз

Имрӯз, 14-уми август, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия»-ро имзо кард.

Дар он гуфта мешавад, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаҳои 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаҳои хизматчиёни ҳарбӣ» фармон медиҳам:

1. Аз 1 сентябри соли 2018:

— маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва кормандони дигар муассисаю ташкилотҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин муассисаю ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудаанд, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;

— маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд ва андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ ба маблағи 265 сомонӣ муқаррар карда шавад;

— андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳаҷми 540 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шавад;

— маоши вазифавии кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;

— маоши вазифавии (меъёрҳои тарифӣ) хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 10 фоиз зиёд карда шавад;

— маоши заминавӣ ҷиҳати ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 600 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 540 сомонӣ муқаррар карда шавад;

— андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;

— андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ 15,4 фоиз ва андозаи ҳадди ниҳоии нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол 13,5 фоиз зиёд карда шуда, мутаносибан ба андозаи 180 сомонӣ ва 850 сомонӣ муқаррар карда шаванд;

— андозаи нафақаҳои меҳнатии амалкунандаи нафақагироне, ки кор намекунанд (ба истиснои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ), ба андозаи 30 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол зиёд карда шаванд;

— андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз рӯи синну сол (ба ғайр аз модароне, ки даҳ фарзанд таваллуд намуда, онҳоро то синни ҳаштсолагӣ тарбия намудаанд), аз рӯи маъюбӣ барои маъюбони гурӯҳҳои II ва III (ба ғайр аз маъюбони гурӯҳи II аз овони кӯдакӣ) ва барои маҳрум шудан аз саробон, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин гардидаанд, 60 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол муқаррар карда шавад;

— қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавии то 1 январи соли 2018 таъингардидаи нафақагироне, ки кор намекунанд (ба истиснои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ), ба андозаи 6,7 фоиз индексатсия карда шаванд;

— сармояи шартии нафақавии шахсони суғурташуда барои соли 2017 ба андозаи 6,7 фоиз индексатсия карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:

— дар амал татбиқ намудани фармони мазкурро дар соли 2018 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин аз ҳисоби сарфаи дигар моддаҳои хароҷот ва маблағҳои махсуси муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ таъмин намоянд;

— дар муҳлати як моҳ қарорҳои худро ба фармони мазкур мутобиқ намоянд;

— ҳисобкунии музди миёнаи меҳнатро барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кумакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд (ба ғайр аз нафақа) мутобиқи Қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кумакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313 тасдиқ шудаанд, амалӣ намоянд.

Хонданд 156

Таърихи Бадахшони асри 19 нашр шуд

Авг 14, 2018
Диданд: 108

Нашриёти «Сухан» нахустин романи нависандаи ва рӯзноманигори шинохта Ато Мирхоҷаро бо номи «Саройи санг» аз чоп баровард, ки таърихи Бадахшони асри 19-ро дар бар мегирад.

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри 19-ро инъикос кардааст.

Муаллиф таълифи қисмати аввали асарро дар соли 2016 ба итмом расонда, барои таҳриру тасҳеҳ ба адибони номвар устодон Саттор Турсун ва Низом Қосим пешниҳод намудааст. Онҳо асарро писандида, ба чоп тавсия доданд.

Сарсухани китоби мазкурро нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун бо сарсухани пурмуҳтаво чунин менависад: «Ато Мирхоҷа … солҳои дароз таърихи Бадахшонро аз ҳар паҳлу омӯхта, чун натиҷа дар ин асар симои хотирнишини муборизони роҳи ҳақиқат дар Шуғнону Рӯшон – Саид Фаррухшоҳ, Ҷаҳонгир, Мирзоазиз, Мулло Хишол, Манзаршоҳ, Доробшоҳ ва Хайримуҳаммадро равшан ба қалам медиҳад”.

Хонданд 108

Кордзании меҳмонҳо дар Душанбе

Авг 14, 2018
Диданд: 774

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 24-солаи сокини шаҳри Истаравшанро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир кардаанд.

Маркази матбуоти ВКД иттилоъ дод, ки номбурда, рӯзи 13-уми августи соли 2018, тахминан соати 00:10, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе бо марди 37-солаи сокини шаҳри Исфара, даъво роҳ андохта, бо корд як маротиба ба қафаси синааш задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида мувофиқи маълумотномаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.

Далели шайъӣ 1 адад корд гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Хонданд 774

Худро аз тирезаи мошин берун карду…

Авг 14, 2018
Диданд: 158

 

Беэҳтиётии мусофир ва масъулиятношиносии ронанда боис шуд, ки як ҷавон аз мошин ба берун афтода, ба ҳалокат расад.

13-уми августи соли 2018, тахминан соати 20:30, автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” таҳти идораи ронандаи Зиёев Асомиддин Саъдуллоевич, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ёвон дар роҳи мошингарди самти Ёвон-Ваҳдат ҳаракат мекард. Дар наздикии деҳаи Ҳасанӣ бародари ронанда Зиёев Саймуддин Саъдуллоевич, соли таваллудаш 1996, ки дар нишастгоҳи пеши автомашина менисшаст, қисме аз бадани худро аз тирезаи ҷои нишасти худ берун карда, аз беэҳтиётиаш аз дохили автомашина ба замин афтодаааст. Дар натиҷа Зиёев С.С ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

 

Хонданд 158

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • занакГАП

    Ҳама аз дард менолад, вале ҳар кас ба таври худ,…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.