.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари рӯз

Киҳо дар ҷустуҷӯ қарор доранд? (акс)

Март 16, 2018
Диданд: 609

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе бо нашри чанд аксу маълумот номи онҳоеро эълон кард, ки дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Аксари инҳо пас аз қаллобӣ ба ин рӯйхат ворид шудаанд ва ҳоло расман дар ҷустуҷӯ ҳастанд.

Махсумов Умед Исматуллоевич соли таваллудаш 31.07.1986 сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи 59 солагии Тоҷикистон бо моддаи 247 қисми 2 (қаллобӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кофтукови расмӣ қарор дорад.

Маликова Сайёра Файзуллоевна соли таваллудаш 29.08.1985, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Убайди Зоконӣ, бо моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кофтукови расмӣ қарор дорад.

Хақназаров Ҷамшед Бекназарович соли таваллудаш 08.04.1982 сокини ноҳияи Фархор, бо моддаи 237 қисми 2 (Авбошӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кофтукови расмӣ қарор дорад.

Шерматов Ҷавад Анварович соли таваллудаш 1987 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, бо моддаи 247 қисми 4 (Қаллобӣ) Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кофтукови расмӣ қарор дорад.

Нодиров Меҳроҷиддин Абдуқодирович соли таваллудаш 04.05.1986, сокини шаҳри Душанбе, куҷаи А.Сино, бо моддаҳои 111 (Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ) ва 248 (Ғоратгарӣ) Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кофтукови расмӣ қарор дорад.

Хонданд 609

Ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2018 ва бо пешниҳоди раиси шаҳри Душанбе бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи шоири ӯзбек Низомиддин Алишер Навоӣ ва баҳри саҳмгузорӣ дар пойдории дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек Боғи "50-солагии ҷавонон", воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе ба боғи " Низомиддин Алишер Навоӣ" номгузорӣ карда шуд.

Масъулин ва сохторҳои дахлдор ҷиҳати дар боғи мазкур гузоштани пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ, ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон вазифадор гардиданд, ки оид ба таҳияи лоиҳаи Қарори Раиси шаҳри Душанбе "Дар   бораи эълони озмуни муҷассамаҳои беҳтарин мутафаккирон" чораҷӯӣ намоянд.

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" номи кӯчаи "Ташкентская"-и ноҳияи Исмоили Сомониро ба номи Тошканд, кӯчаи "Варзобская"-ро ба номи Варзоб,кӯчаи Варзоб ГЭС-и болоро ба номи Шаббода, кӯчаи "Московская"-и ноҳияи Фирдавсиро ба номи Москва, кӯчаи Туниси ноҳияи Синоро ба номи Хоразмӣ иваз кард.

Хонданд 503

Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо ҳамкоронаш ҳайати дастаро барои омодагӣ ба бозӣ бо Филиппин дар доираи даври интихобии Ҷоми Осиё-2019 эълон кард.

Ҳаким Фузайлов ба ин вохӯрӣ 23 бозигарро даъват кардааст, ки инҳо 3 дарвозабон, 8 муҳофизатгар, 8 ниммуҳофизатгар ва 4 ҳуҷумкунанда ҳастанд. Панҷ легионери тоҷик, ки дар клубҳои хориҷӣ бозӣ мекунанд, ба даста ҷалб шудаанд. Инҳо дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), муҳофизатгар Искандар Ҷалилов («Балтика», Русия), ниммуҳофизатгарҳо Нуриддин Давронов («Мадура Юнайтед», Индонезия) ва Ҷаҳонгир Алиев («Насаф», Ӯзбекистон), ҳуҷумкунанда Манучеҳр Ҷалилов («Шривиҷая», Индонезия) мебошанд. Легионер Парвиз Умарбоев, ки дар дастаи «Локомотив» (Булғористон) бозӣ мекунад, бо далели доштани корҳои зард дар ин вохӯрӣ нест.

Ҳайти довароне, ки дар вохӯрии охирин даври интихобии Ҷоми Осиё-2018 дар гурӯҳи “F” дар бозии дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон хидмат мекунанд, маълум шуданд. Ин вохӯриро ҳайати доварон бо роҳбарии сардовар реферии 31-солаи FIFA Ҷарред Ҷиллетт (Австраплия) ҳакамӣ хоҳанд кард. Дар канорҳои майдон ба ӯ ҳамватанонаш Антон Шетинин ва Рйяк Марк Галлагер ёрӣ мерасонанд.

Ин бозӣ 27-уми март дар шаҳри Манил баргузор хоҳад шуд. Барои ба даври финалии Ҷоми Осиё-2109 роҳ ёфтан, ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон зарур аст, ки дар ин бозӣ ғолиб ояд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ бо Филиппин:

Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олай», Қирғизстан), Рустам Ризоев («Регар-ТадАЗ»), Шохрух Қирғизбоев («Барқчӣ»);

Ниммуҳофизатгарон: Искандар Ҷалилов («Балтика», Русия), Фирдавс Чақалов, Манучеҳр Ахмедов, Хуршед Бекназаров (ҳама аз «Хуҷанд»), Зоир Ҷӯрабоев (КМВА «Помир»), Сиёвуш Асроров, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров (ҳама аз «Истиқлол»);

Ниммуҳофизатгарон: Нуриддин Давронов («Мадура Юнайтед», Индонезия), Ҷаҳонгир Алиев («Насаф», Ӯзбекистон), Фатҳулло Фатҳуллоев, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Нозим Бобоҷонов, Ромиш Ҷалилов (ҳама аз «Истиқлол»);

Ҳуҷумкунандаҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Шривиҷая», Индонезия), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Дилшод Восиев, Шериддин Бобоев (ҳарду аз «Истиқлол»).

Сармураббӣ: Ҳаким Фузайлов.

Хонданд 294

Дар минтақаи соҳилии ҷанубу ғарбии Сенегал чархболи амрикоӣ суқут кард, ки дар натиҷа 7 нафар наҷот дода шуданд ва 13 каси дигар беному нишон гаштаанд. Дар ин бора агентии РИА Новости бо такя ба манобеи сомонаи маҳаллии “Senego» хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳодисаи суқути чархбол дар наздикии деҳаи Миссираи вилояти Фатки рух додааст. Ҳангоми суқут дар дохили чархбол 20 нафар, аз ҷумла 16 мусофир ва 4 ҳайати сарнишин қарор доштанд.

Айни ҳол дар ҷойи ҳодиса амалиёти ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ идома дорад.

 

Нуралӣ Карим

 

Хонданд 276

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.