.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари рӯз

Як манбаи мӯътабар аз ҳукумати Афғонистон, ки нахостааст номаш дар гузориш зикр шавад, гуфтааст Исҳоқ Раҳгузар узви луиҷирга ва яке аз наздикони волии Балх Ато Муҳаммади Нур, қарор аст, дар ояндаи наздик ба унвони волии нави Балх муаррифӣ шавад.

Аз сӯи дигар, Мунир Фарҳод сухангӯи Ато Муҳаммади Нур ҳарчанд дар ин бора аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ мекунад, аммо мегӯяд Раҳгузар аз номзади пешниҳодии Нур барои раҳбарии вилояти Балх буд.

Ҳудуди се моҳ пеш риёсати ҷумҳурии Афғонистон манзури истеъфои Ато Муҳаммади Нурро эълон кард ва ҳамчунон хабар дод, ки инженер Муҳаммад Довуд ба унвони волии ҷадиди Балх таъйин шудааст. Довуд ба далели мухолифати Ато Муҳаммади Нур ва ҳизби ҷамъият дар ин муддат натавонист корашро дар Балх оғоз кунад.

Худи Ато Муҳаммади Нур ихабари аз волигӣ рафтанашро инкор кард. Вай дар паёме навишт: «Ҳамватанони азиз! Имрӯз хабарҳои дар сафҳаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо дар хусуси канор рафтани ман аз вилояти Балх, даст ба даст мешавад. Тамоми ин хабарҳо беасос буда ва онро такзиб мекунем.

Бо таъкид мегӯям, то замоне ки хостаҳои машрӯи ҷамъияти исломии Афғонистон бароварда нашуд, ҳеҷ муомилаи пайдо ва пинҳон дар кор нахоҳад буд. Мо ба тамоми тааҳҳудоти худ побанд астем ва дари музокираро набастаем… ва тасмими ниҳоӣ дар хусуси музокиротро ҳизби ҷамъият ва шахси раҳбари ҳизб Салоҳуддин Раббонӣ метавонад бигирад».

Хонданд 329

Сел дар Файзобод роҳҳоро шуст

Март 14, 2018
Диданд: 279

Боронҳои шадид ва баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳо боиси омадани сел дар баъзе аз минтақаҳои кишвар шудааст.

Чунончӣ, субҳи имрӯз аз ноҳияи Файзобод хабари роҳҳоро вайрон кардани сел ва заминҳоро шустани боронҳои зиёд расид. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои офати табииро нашр карданд, ки тахмин меравад дар наздикии деҳаи Қанғелӣ бардошта шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз номусоид омадани ҳаво дар ин чанд рӯз хабар дода, аз мардум даъват карда буд, ки ҳангоми сафар аз эҳтиёт кор гиранд.

 

Акс аз ҷойи ҳодиса. Акси Фейсбук

 

Хонданд 279

Писари 22-солаи собиқ вазири энергетикаи Тоҷикистон Шералӣ Гулов бо ҷурми майдаавбошӣ ба даст афтодаву ба корҳои ислоҳотӣ ҷалб шудааст. Дар ин бора Раёсати Вазорати коҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хубар додвау акси Диловар Гуловро нашр кард.

Дар ин хабар гуфта мешавад, ки кирдори зиддиҳуқуқӣ, аз қабили баёни суханҳои қабеҳ ва дашному ҳақорат байни 13 нафар ҷавон тахминан соатҳои 4 ба 5-и субҳи 10 марти соли ҷорӣ дар дохили тарабхонаи «Галакси», воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе содир гардид. Дар байни инҳо писар ва домоди (Дилшод Нурализода) вазири собиқи энергетикаи Тоҷикистон Шералӣ Гулов низ будаанд. Баъди ба ҷои ҳодиса ҳозир гардидани кормандони милитсия ҷавонон боз ба ҳаркатҳои ғайриқонуниашон идома дода, ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарданд.

Сипас, гуруҳи оперативӣ-тафтишотӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида, 13 нафар ҷавонро, ки ба ҳаракатҳои майдаавбошӣ даст задаанд, ба шуъбаи милитсия оварданд. Дар натиҷа нисбати онҳо бо дастрасии моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳар кадоме бо қарори Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба муҳлатҳои аз 5 то 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудаанд.

Вебгоҳи РВКД ному аксҳои ҳамаи ин 13 нафарро нашр кардааст, ки инҳоанд:

1. Қодиров Абдулло Хайруллоевич соли таваллудаш 19.10.1985 сокини шаҳри Душанбе;

2. Маҳмадиев Маҳмадраҷаб Илҳомидинович соли таваллудаш 07.01.1992, сокини шаҳри Душанбе;

3. Ҷумаев Искандар Салимович соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе;

4. Аҳлиддини Додарбек соли таваллудаш 01.02.1991 сокини шаҳри Душанбе;

5. Гулов Диловар Шералиевич соли таваллудаш 18.04.1996 сокини шаҳри Душанбе;

6. Давлатшоев Саидакрам Абдуллоевич соли таваллудаш 15.04.1992 зода ва сокини ноҳияи Данғара;

7. Нуруллозода Дилшод соли таваллудаш 15.07.1991 зода ва сокини шаҳри Ҳисор;

8. Тағоев Темур Усмонович соли таваллудаш 06.08.1978 сокини шаҳри Душанбе;

9. Ашуров Набиҷон Ҷумахонович 25.08.1995 сокини шаҳри Кулоб;

10. Умаров Акмал Акбарович соли таваллудаш 06.04.1996 сокини шаҳри Душанбе;

11. Абдуллоев Раҳматулло Маҳмадуллоевич соли таваллудаш 26.04.1986 сокини шаҳри Душанбе;

12. Раҳматов Акмал Акрамович соли таваллудаш 1993 сокини шаҳри Душанбе;

13. Раҳматов Акбар Акрамович соли таваллудаш 07.01.1996 сокини шаҳри Душанбе.

Айни ҳол номбурдагон дар ҳабси маъмурӣ қарор дошта, ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шудаанд.

Хонданд 570

Кумитаи забон ва истилоҳот барои ронандагон дастури ҳусни суханварӣ ва ба мардум тарзи муошират дар ҷойҳои ҷамъиятиро омода мекунад, ки рӯзҳои наздик ба ронандагон ва мусофирон пешниҳод мегардидааст.

Ин нукта дирӯз дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Беҳрӯз 15» зимни вохӯрии намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар мақомоти дахлдор зикр гардидааст. Дар ин вохӯрӣ ба ронандагон талаботи меъёрҳои қонуни забони давлатӣ фаҳмонида шудааст.

Риоя нагардидани меъёри забони адабӣ дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ масъулинро водор месозад, ки дар асоси қисми 6 моддаи 3-и қонуни мазкур фаъолият намоянд. Бахусус, меъёри забони адабӣ дар ҷамъиятҳои нақлиётӣ бояд риоя карда шавад. Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дастурамалу низомномаҳое, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва раёсати БДА тасдиқ шудаанд, бояд аз ҷониби ҳар як ронандаи мусофирбар мавриди истифода қарор гиранд, гуфта шудааст дар ин вохӯрӣ.

Хонданд 540

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.