.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари рӯз

Вазорати фарҳанги ҶумҳурииТоҷикистон ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода қабули довталабонро барои соли таҳсили 2018-2019 дар шаклҳои рӯзона ва ғоибона, ба тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ аз рӯи ихтисосҳои зерин эълон менамояд:

 

 

 

 

 

Ихтисосҳо

Нақшаи қабул

Шуъбаи рӯзона

Шуъбаи ғоибона/фосилавӣ

Мавҷудиятиимтиҳони эҷодӣ ва маҳорат (дорад, надорад)

ройгон

пулакӣ

ройгон

пулакӣ

Рамз

Номгӯй

тоҷикӣ

русӣ

тоҷикӣ

русӣ

Маблағ

тоҷикӣ

русӣ

тоҷикӣ

русӣ

Маблағ

 

  1. 1.

1890101

Саёҳат ва меҳмондорӣ

50

 

 

25

 

2500

 

 

25

 

2100

надорад

  1. 2.

12104010201

Менеҷменти соҳаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ

39

10

 

19

 

2000

 

 

10

 

2100

надорад

  1. 3.

1170101

Санъати актёрӣ*

15

5

 

10

 

2200

 

 

 

 

 

дорад

  1. 4.

1170102

Режиссура (намоишҳои театрӣ ва идҳо)*

42

12

 

10

 

2000

 

 

20

 

2100

дорад

  1. 5.

1170201

Санъати хореографӣ*

34

12

 

10

 

1800

 

 

12

 

2100

дорад

  1. 6.

1210401

Фарҳангшиносӣ

27

7

 

10

 

2000

 

 

 10

 

2100

надорад

  1. 7.

101020203

Санъати мусиқӣ*

41

16

 

25

 

2350

 

 

 

 

 

дорад

  1. 8.

116011002

Сурудхонӣ (халқӣ)*

70

30

 

20

 

2500

 

 

20

 

2100

дорад

  1. 9.

117010203

Режиссура (филми бадеӣ)*

25

 

 

25

 

2200

 

 

 

 

 

дорад

  1. 10.

1230111

Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ (таъминоти иттилоотӣ)

41

8

 

10

 

2100

13

 

10

 

2300

надорад

  1. 11.

123011203

Кори осорхона ва ҳифзи ёдгории таърихию фарҳангӣ (осорхонашиносӣ)

19

9

 

10

 

1800

 

 

 

 

 

надорад

  1. 12.

11801010102

Эҷодиёти халқӣ (Мусиқии созӣ)*

34

10

 

14

 

2000

 

 

 10

 

2100 

дорад

  1. 13.

12301080201

Рӯзноманигори телевизион

70

15

 

35

 

3000

 

 

20

 

2500

надорад

  1. 14.

101010202

Таҳсилоти томактабӣ: санъати мусиқӣ ва хореография*

33

13

 

10

 

2000 

 

 

 10

 

 2100

дорад

  1. 15.

123011301

Бойгоншиносӣ

25

15

 

10

 

1850

 

 

 

 

 

надорад

  1. 16.

117010206

Режиссура (телевизион)*

24

10

 

14

 

2000

 

 

 

 

 

дорад

  1. 17.

1170103

Телеоператори кино (аз рӯи самтҳо)*

24

8

 

16

 

2000

 

 

 

 

 

дорад

 

Эзоҳ ба ҷадвал: мӯҳлати таҳсил барои дараҷаи бакалавр 4 сол ва барои магистратура 2 сола муайян гардидааст.

Ихтисосҳое, ки бо аломати* ишора шудаанд пеш аз имтиҳонҳои тестӣ имтиҳони эҷодӣ ва маҳоратро дар ДДФСТ ба номи М.Турсунзода месупоранд. Илова бар ин довталаб дар ММТ аз рӯи фанҳои қисми А имтиҳон месупорад.

Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба шуъбаҳои ғайриэҷодии донишкада тибқи гуруҳи 3 ихтисосҳо (кластер) - «Филология, педагогика ва санъат» муайян гардида, аз 2 қисм (компонент) иборатанд.

-  Ба қисми А имтиҳон аз фанҳое ворид гардидааст, ки супоридани онҳо барои ҳамаи довталабон сарфи назар аз забони таҳсил ва ихтисоси интихоб намуда ҳатмист: Забони тоҷикӣ (давлатӣ) - тест, математика (тест), таърихи халқи тоҷик (тест), асосҳои давлат ва ҳуқуқ (тест).

- Имтиҳонҳои қисми Б тибқи гуруҳи 3-юми ихтисосҳо (кластер) чунин аст: Забон ва адабиёт (тест), таърих (тест) ва забони хориҷӣ (тест).

- Имтиҳонҳои қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус)   аз 28 июн то 14 июл баргузор мегардад.

Довталабоне, ки танҳо ихтисосҳои имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсусдоштаро интихоб менамоянд, аз супоридани қисми Б (имтиҳони ихтисос) озоданд, яъне онҳо фақат қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус)-ро месупоранд.

Ҳуҷҷатҳо ва имтиҳонҳо дар Маркази миллии тестӣ тибқи ҷойи истиқомат қабул карда мешаванд.

                                                                 

                                                                  Нишонии мо:

                                                                                     734032   шаҳри   Душанбе хиёбони Борбад, 73 «а».

                                                                                     Телефонҳо барои маълумот : 231-19-87, 231-22-63, 231-18-27

Донишадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон

ба номи МирзоТурсунзода

 

барои соли таҳсили 2018-2019 қабули довталабонро аз рӯи самт ва равияҳои зерин ба зинаи магистратура, таҳсилоти дуюм, докторантура аз руи ихтисос (PHD) ва идомаи таҳсил (пас аз коллеҷҳои касбии соҳавӣ) эълон менамояд.

 

  1. I.Барои гирифтани дараҷаи магистр (барои шахсоне, ки муассисаҳои олиро хатм карда, таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи дараҷаи бакалавр доранд)

 

Рамзи ихтисос

Ихтисос

Шакли таҳсил

рӯзона

буҷавӣ

шартномавӣ

  1. 1.

1-21-04 01

Фарҳангшиносӣ

 

 

2 000 сомонӣ

  1. 2.

1-23 01 08-0201

Рӯзноманигори телевизион

 

 

2 500 сомонӣ

  1. 3.

1-21 04 01-02 01

Менеҷменти соҳаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ

 

 

2 000 сомонӣ

  1. 4.

1-23 01 11

Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ (аз рӯи самтҳо)

 

 

2 000 сомонӣ

  1. 5.

1-17 01-02-01

Режиссура (драма)

 

 

2 000 сомонӣ

  1. 6.

1-17 01-02

Режиссура (намоишҳои театрӣ ва идҳо)

 

 

2 000 сомонӣ

  1. 7.

1-03 01 02

Санъати мусиқӣ

 

 

2 000 сомонӣ

 

Маблагӣ таҳсил барои шаҳрвандони хориҷӣ: 4000 сомонӣ

 

  1. II.Барои гирифтани таҳсилоти дуюм (барои шахсоне, ки муассисаи таҳсилоти олиро хатм карда маълумоти олии касбӣ доранд)

 

Рамзи ихтисос

Ихтисос

Шакли таҳсил

Маблағӣ таҳсил

ғоибона

шартномавӣ

  1. 1.

1-23 01 08-0201

Рӯзноманигори телевизион

 

2500 сомонӣ

  1. 2.3

1-21 04 01-02 01

Менеҷменти соҳаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ

 

2100 сомонӣ

  1. 3.

1-23 01 11

Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ (аз рӯи самтҳо)

 

2300 сомонӣ

  1. 4.

1-17 01-02

Режиссура (намоишҳои театрӣ ва идҳо)

 

2100 сомонӣ

  1. 5.

1-18 01 01-02

Эҷодиёти халқӣ (мусиқии созӣ)

 

2100 сомонӣ

  1. 6.

1-16 01 10-02

Сурудхонӣ (халқӣ)

 

2100 сомонӣ

  1. 7.

1-89 01 01

Саёҳат ва меҳмондорӣ

 

2100 сомонӣ

  1. 8.

1-17 01 02 02

Санъати хореографӣ

 

2100 сомонӣ

  1. 9.

1-21 04 01 02 02

Менеҷменти робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ

 

3000 сомонӣ

  1. 10.

1-21 04 01 02 04

Системаҳои иттилоотӣ дар фарҳанг

 

2500 сомонӣ

  1. 11.

101010202

Таҳсилоти то мактабӣ: санъати мусиқӣ ва хореография

 

2100 сомонӣ

12.

1-21-04 01

Фарҳангшиносӣ

 

2100 сомонӣ

 

Маблагӣ таҳсил барои шаҳрвандони хориҷӣ: 4000 сомонӣ

 

 

 

  1. III.Барои гирифтани таҳсилоти олӣ (барои шахсоне, ки коллеҷҳои касбии соҳавиро хатм карда, маълумоти миёнаи касбӣ доранд)

 

Рамзи ихтисос

Ихтисос

Шакли таҳсил

рӯзона,

шартномавӣ

буҷавӣ

ғоибона

шартномавӣ

1

1-21-04 01

Фарҳангшиносӣ

2000 сомонӣ

 

2100 сомонӣ

2

1-23 01 08-0201

Рӯзноманигори телевизион

3000 сомонӣ

 

2500 сомонӣ

3

1-21 04 01-02 01

Менеҷменти соҳаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ

2000 сомонӣ

 

2100 сомонӣ

4

1-23 01 11

Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ (аз рӯи самтҳо)

2100 сомонӣ

 

2300 сомонӣ

5

1-89 01 01

Саёҳат ва меҳмондорӣ

2500 сомонӣ

 

2100 сомонӣ

6

1-17 01-02-

Режиссура (намоишҳои театрӣ ва идҳо)

2000 сомонӣ

 

2100 сомонӣ

7

1-03 01 02

Санъати мусиқӣ

2350 сомонӣ

 

надорад

8

1-18 01 01-02

Эҷодиёти халқӣ (мусиқии созӣ)

2000 сомонӣ

 

2100 сомонӣ

9

1-16 01 10-02

Сурудхонӣ (халқӣ)

2500 сомонӣ

 

2100 сомонӣ

10

1-17 01 02 02

Санъати хореографӣ

1800 сомонӣ

 

2100 сомонӣ

11

1-21 04 01 02 02

Менеҷменти робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ

надорад

 

3000 сомонӣ

12

1-21 04 01 02 04

Системаҳои иттилоотӣ дар фарҳанг

надорад

 

2500 сомонӣ

13

101010202

Таҳсилоти томактабӣ: санъати мусиқӣ ва хореография

2000 сомонӣ

 

2100 сомонӣ

14

123011301

Бойгоншиносӣ

1850 сомонӣ

 

надорад

 

Маблагӣ таҳсил барои шаҳрвандони хориҷӣ: 4000 сомонӣ

 

  1. IV. Барои гирифтани дараҷаи докторантура аз рӯйи ихтисоси (PHD) (барои шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм карда, маълумоти олии касбӣ аз рӯйи дараҷаи магистр доранд)

 

 

Номгӯи ихтисосҳо

Рамзи ихтисосҳо

Маблагӣ таҳсил барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маблағи таҳсил барои шаҳрвандони хориҷи дур

Маблағи таҳсил барои шаҳрвандони хориҷи наздик (ИДМ)

1

Назария, методика ва ташкили фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ

6D090401

2 200 сомонӣ

6000 сомонӣ

5000 сомонӣ

2

Кори китобдорӣ

6D091000

2 200 сомонӣ

7500 сомонӣ

5500 сомонӣ

3

Таълими мусиқӣ

6D010600

2 200 сомонӣ

6000 сомонӣ

5000 сомонӣ

4

Фаъолияти фарҳангӣ-фароғатӣ

6D090600

2 200 сомонӣ

6000 сомонӣ

5000 сомонӣ

5

Фарҳангшиносӣ

6D020400

2 200 сомонӣ

6000 сомонӣ

5000 сомонӣ

6

Рӯзноманигорӣ

6D050400

3 000 сомонӣ

6000 сомонӣ

5000 сомонӣ

 

Барои дохил шудан ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  1. 1.Ариза ба номи ректор.
  2. 2.Дипломи намунаи давлатӣ бо замимаш дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти миёна ва ё олии касбӣ (нусхаи асл).
  3. 3.Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ дар хусуси фаъолияти фардӣ вобаста ба самт, равия ва ихтисоси интихобкарда (агар бошад).
  4. 4.6 дона сурати андозаи 3х4 см.
  5. 5.Маълумотномаи тиббии шакли 086-у.
  6. 6.Шиноснома ё ҳуҷҷат дар бораи тасдиқи шахсият.

Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо аз 10 - июл то 31 июли соли 2018 муқаррар карда мешавад. Мӯҳлати гузаронидани сӯҳбат ва имтиҳон аз 1-уми август то 20 – уми август таъин карда мешавад.

Довталабон барои маълумоти иловагӣ метавонанд ба Комиссияи қабули донишкада бо нишонаи зерин муроҷиат намоянд.

 

734032, ш. Душанбе хиёбони Борбад 73а

Телефонҳо барои тамос: 231-19-87, 231-22-63, 231-18-27

Хонданд 653

Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷурахон Маҷидзода Созишномаи мазкурро муарифи намуда, иброз намуд, ки Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи зикршуда 9 марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, тибқи талаботи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои тасдиқ намудан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Созишномаи номбурда аз дебоча ва 17 модда иборат буда, бо мақсади густариши минбаъдаи муносибатҳо миёни ду давлати бародар ва инкишофи тамосҳо байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин баҳри танзими ҳуқуқии тартиби мусофирати мутақобилаи бераводиди шаҳрвандони ин кишварҳо, байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расидааст.

Дар моддаҳои 1-4 Созишномаи мазкур муҳлат барои ба таври транзит убур кардан ва иқомати муваққатан дар ҳудуди давлатҳои Тарафҳо, инчунин бо гунаи ҳуҷҷатҳои дахлдор бидуни раводид ворид гаштани шаҳрвандон ба ҳудуди давлати Тарафи дигар ва тартиби бемонеа ва бераводид ба ҳудуди давлати он Тараф барои иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ворид, аз он хориҷшудан ва дар он иқомат намудани шаҳрвандоне, ки хизматрасонии объектҳои давлати як Тарафи дар ҳудуди давлати Тарафи дигар қарор доштаро анҷом медиҳанд, инъикос гардидааст.

Мувофиқи моддаҳои 5-9 тартиби додани раводидҳои бисёркарата ба муҳлати то 12 моҳ барои ронандагони воситаҳои наклиётие, ки боркашонии автомобилии байналмилалиро анҷом медиҳанд, хабардор намудани Тарафҳо ҳамдигарро оид ба масъалаҳои мансуб ба соҳаи татбиқи муқаррароти Созишномаи мазкур, аз ҷумла муқаррароти замимаҳои №№№ 1, 2, 3 ва озод будани шахсони дахлдор аз супоридани хироҷи консулӣ барои раводид муайян гардидааст.

Моддаҳои 10-12 ҳуқуқи шаҳрвандони Тарафҳоро барои ворид, хориҷ шудан ва тариқи транзитӣ убур намудан тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи барои убури сарҳади давлати муайяншуда тибқи қонунгузории миллии давлатҳои Тарафҳо муқаррар намуда, ҳамзамон риояи қонуну қоидаҳои давлати Тарафи иқоматро ҳангоми буду бош дар ҳудуди он ва дар ҳолатҳои истисноӣ (хатар ба амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ё ба саломатии шаҳрвандон, аз ҷумла ҳолатҳои фавқулодда ва ғайра) ҳуқуқи муваққатанё қисман боз доштани амали Созишномаи мазкурро аз ҷониби Тарафҳо ба танзим даровардааст.

Ҳаллу фасли масъалаҳое, ки ҳангоми татбиқи ҳамин Созишнома ба вуҷуд меоянд, дахолат накардан ба ҳуқуқ ва уҳдадории Тарафҳо, ки аз дигар шартномаҳои байналми­лалӣ сарчашма мегиранд, аз ҷумла истифодаи забони расмӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳамин Созишнома ва муҳлати эътибор пайдо намудан ва тартиби қатъи амали онро моддаҳои 13, 14, 15, 16 ва 17 инъикос намудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи номбурдаро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Хонданд 350

Комиссияи марказии интихоботи Русия 99,75 дарсади ҳуҷҷати комиссияҳои қитъавиро аз назар гузаронида, ба хулосае омадааст, ки ба номзадии президенти феълии Русия Владимир Путин дар интихоботи президентии рӯзи 18-уми март 76,67 дарсади интихобкунандагон овоз додаанд.

Номзад аз Ҳизбим коммунисти Русия Павел Грудинин 11,79 дарсад, пешвои Ҳизби либерал-демократ Владимир Жириновский 5,66 дарсади раъйи интихобкунандагонро соҳиб шудаанд. Ксения Собчак дар ин интихобот 1,67% овоз гирифтааст. Ба роҳбари ҳизби «Яблоко» Григорий Явлинский 1,04%, ба Борис Титов 0,76%, ба Максим Сурайкин 0,68% ва ба Сергея Бабурина 0,65 дарсади интихобкунандагон овоз додаанд.

Гуфта мешавад, ки шумораи орои ба дастовардаи Путин дар тамоми фаъолияти сиёсиаш беҳамто буда, рекорд ҳисобида шудааст.

Хонданд 344

17-18 март дар шаҳри Коимбраи кишвари Португалия Ҷоми ҷудои Аврупо миёни ҷавонон доир гардид, ки варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков сазовори медали нуқра шуд.

Сомон ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа буд. Ӯ дар вазни -73 кг бар итолиёӣ Комӣ Бедел, варзишгари мизбон Ҷоа Алмеида, нидерландӣ Яннер Ван Дер Колк ва варзишгари Фаронса Ҳуго Метифиот ғолиб омада, ба даври нимфинал баромад. Дар нимфинал варзишгари дигари итолиёӣ Алессандро Магнаниро шикаст дода, дар финал аз варзишгари Исроил Еҳонатан Елбаз мағлуб шуд.

Дар мусобиқа 485 варзишгар аз 26 кишвари дунё иштирок доштанд. Дар ҳисоби даставӣ Руссия бо 4 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ҷои аввалро ишғол кард. Ҷои дуюмро бо 4 медали тилло ва 6 биринҷӣ Испания ва ҷои сеюмро бо 3 медали тилло, 3 нуқра, 5 биринҷӣ Нидерланд сазовор гаштанд.

Сомон Маҳмадбеков то ин вақт дар вазни -66 кг қувваозмоӣ мекард. Ин аввалин мубиқа буд, ки дар вазни -73 кг гуштин гирифт. Ӯ дар шаҳри Иркутски Руссия зери назари мураббиён Фотеҳ ва Эргаш Маҳмадбековҳо ба мусобиқаҳои байналмилалӣ омодагӣ мебинад.

17-18 март, ҳамчунин, дар шаҳри Екатеренбурги Федератсияи Руссия Гранд Слам оид ба дзюдо баргузор шуд, ки Тоҷикистонро 10 варзишгар - Суҳроб Боқиев, Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг), Мулораҷаб Халифаев (-66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода, Муҳаммад Мирзоев (-73 кг), Мирзошариф Исматов, Хушвахт Идиев (-81 кг), Ёқубҷон Назиров, Талабуддин Файзов (-90 кг), Оишабону Қурбоналиева (-52 кг) ва Шоҳида Қаландарова (-57) намояндагӣ карданд, вале аз медалҳо бенасиб монданд.

Дар ин мусобиқа 262 варзишгар аз 34 кишвари дунё иштирок доштанд. Дар ҳисоби даставӣ ҷои аввал насиби Ҷопон шуд. Варзишгарони ин кишвар сазовори 6 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд. Кишвари мизбон – Руссия бо 2 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ҷои дуюм ва Бразил бо 1 медали тилло, 2 нуқра, 5 биринҷӣ ҷои сеюмро сазовор шуданд.

Хонданд 331

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.