.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари рӯз

Таърихи Бадахшони асри 19 нашр шуд

Авг 14, 2018
Диданд: 102

Нашриёти «Сухан» нахустин романи нависандаи ва рӯзноманигори шинохта Ато Мирхоҷаро бо номи «Саройи санг» аз чоп баровард, ки таърихи Бадахшони асри 19-ро дар бар мегирад.

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри 19-ро инъикос кардааст.

Муаллиф таълифи қисмати аввали асарро дар соли 2016 ба итмом расонда, барои таҳриру тасҳеҳ ба адибони номвар устодон Саттор Турсун ва Низом Қосим пешниҳод намудааст. Онҳо асарро писандида, ба чоп тавсия доданд.

Сарсухани китоби мазкурро нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун бо сарсухани пурмуҳтаво чунин менависад: «Ато Мирхоҷа … солҳои дароз таърихи Бадахшонро аз ҳар паҳлу омӯхта, чун натиҷа дар ин асар симои хотирнишини муборизони роҳи ҳақиқат дар Шуғнону Рӯшон – Саид Фаррухшоҳ, Ҷаҳонгир, Мирзоазиз, Мулло Хишол, Манзаршоҳ, Доробшоҳ ва Хайримуҳаммадро равшан ба қалам медиҳад”.

Хонданд 102

Кордзании меҳмонҳо дар Душанбе

Авг 14, 2018
Диданд: 773

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 24-солаи сокини шаҳри Истаравшанро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир кардаанд.

Маркази матбуоти ВКД иттилоъ дод, ки номбурда, рӯзи 13-уми августи соли 2018, тахминан соати 00:10, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе бо марди 37-солаи сокини шаҳри Исфара, даъво роҳ андохта, бо корд як маротиба ба қафаси синааш задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида мувофиқи маълумотномаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.

Далели шайъӣ 1 адад корд гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Хонданд 773

Худро аз тирезаи мошин берун карду…

Авг 14, 2018
Диданд: 152

 

Беэҳтиётии мусофир ва масъулиятношиносии ронанда боис шуд, ки як ҷавон аз мошин ба берун афтода, ба ҳалокат расад.

13-уми августи соли 2018, тахминан соати 20:30, автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” таҳти идораи ронандаи Зиёев Асомиддин Саъдуллоевич, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ёвон дар роҳи мошингарди самти Ёвон-Ваҳдат ҳаракат мекард. Дар наздикии деҳаи Ҳасанӣ бародари ронанда Зиёев Саймуддин Саъдуллоевич, соли таваллудаш 1996, ки дар нишастгоҳи пеши автомашина менисшаст, қисме аз бадани худро аз тирезаи ҷои нишасти худ берун карда, аз беэҳтиётиаш аз дохили автомашина ба замин афтодаааст. Дар натиҷа Зиёев С.С ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

 

Хонданд 152

Вазъи ҳаво: Чангу ғубор боқӣ мемонад

Авг 14, 2018
Диданд: 48

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз, 14-уми август, дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар бештари ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад.

Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ то 15 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +17+22 ва рӯзона +33+38 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, дар базе ҷойҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона +21+26 ва рӯзона +34 + 39 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 11+16, рӯзона 29-34 ва дар шарқи  ин вилоят   шабона  7+12 ва рӯзона +19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +17 +22 ва рӯзона +34+39 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ карда шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабона +18+20 ва рӯзона +36+38 дараҷа гарм мешавад.

Хонданд 48

Хабари рӯз

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.